arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 21-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2023
2178

Ҳамал

Дар ин рӯз танқиди шахси дӯстдошта ба дилатон чун ханҷар мехалад. Беҳуда ба қаҳр наоед, шумо худ низ моҳи беайб нестед. Эҳтимол нафарони воломақом дар корҳоятон кӯмаки худро мерасонанд. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, аз шумо чандон қувваи зиёдро талаб намекунанд.

Савр

Дар касбу коратон камбудиҳои ҷиддӣ имкон дорад. Агар танбалӣ накарда, ба ғалатҳои пешинаатон диққат диҳед, мушкилоти зиёдеро паси сар мекунед. Ҳангоми ҳисобу китоби пул бодиққат бошед. Ҳар як қадами худро дониста гузоред, зудбовар нашавед.

Ҷавзо

Дар ин рӯз шуғли наву ҷолиб пайдо мекунед. Дар ҷодаи муҳаббат бояд ақли солимро пеша намоед. Дар хотир доред, ки имкони ҳаёти худро бо шахси дилпур пайвастанро доред. Бегоҳирӯзӣ омадани меҳмонҳоро интизор бошед. Рашку хафагӣ имкон дорад.

Саратон

Дар ин рӯз на танҳо бо ҳамкорон, балки бо роҳбарият баҳсу мунозира имкон дорад. Саратонҳое, ки бо тиҷорат машғуланд, бояд роҳҳои нави пешравиро ҷӯё шаванд. Баъди нисфирӯзӣ ба табъи нохуш дода нашавед, вагарна хобатон мепарад.

Асад

Имрӯз тамоми нақшаҳоятонро амалӣ месозед. Ҳар нафаре, ки бароятон азиз аст, хотирашро шод намоед. Дар оила нофаҳмӣ рух медиҳад, вазъиятро дӯсти наздикатон рафъ месозад. Ба ҳама чиз бо шубҳа нанигаред. Мулоимтар бошед, он гоҳ атрофиён низ бо шумо меҳрубон мегарданд.

Сунбула

Фаъолияти сунбулаҳои олим ва тадқиқотчиён бобарор ҷорӣ гашта, кори ақлонӣ натиҷаи хуб медиҳад. Агар имкон дошта бошед, дар ин рӯз истироҳат кунед. Барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ рӯзи мусоид нест, вале барои амалӣ сохтани нақшаҳои эҷодӣ ва мулоқоти ошиқона бобарор аст. 

Мизон

Бо рақибон мубориза сар мешавад. Танҳо суҳбати рӯ ба рӯ вазъиятро ба фоидаи шумо ҳал мекунад. Фикре, ки рӯзона ба саратон меояд, метавонад маблағатонро дучанд гардонад. Андешаи худро ба касе нагуфта, мустақилона амал намоед. Барои оромии асаб истироҳат карданатон лозим аст.

Ақраб

Дар ин рӯз яке аз ҳамкорон ба хотири аз худ намудани вазифа бо шумо рақобат сар мекунад. Асабонияту қаҳру ғазаби худро нигоҳ доштан душвор мешавад. Дар оила бо ҳамсаратон муноқиша имкон дорад. Бегоҳирӯзӣ ба ҷое рафтанро маслиҳат намедиҳем.

Қавс

Хабарҳои аз роҳи дур расида аз субҳи содиқ табъатонро болида мегардонад. Дар масъалаи чӣ гуна зиёд сохтани маблағҳоятон бо хости дили худ амал намоед. Бегоҳирӯзӣ аз ҷониби нафаре, ки чанд моҳ дар оташи ишқаш месӯхтед, пайғоми хуш мешунавед.

 Ҷаддӣ

Дар ин рӯз мушкили зиёде ба саратон меояд. Дар хона аз рӯйи фарзандон муноқиша мекунед. Ба ҳаёти шахсии дигарон бинӣ нахалонед, вагарна тамоми гуноҳро ба сари шумо бар мекунанд. Маблағи дар даст доштаро сарф накунед, беҳтараш пулро то охири моҳ захира намоед.

Далв

Ба мушкилиҳое, ки имрӯз садди роҳатон мегарданд, диққат надиҳед. Рӯзҳои наздик бе иштироки шумо низ ин мушкилиҳо рафъ мегарданд. Нисбати дӯстдоштаатон ғамхор бошеду ба қаҳру ғазаб дода нашавед. Нафароне, ки аз шумо қарздоранд, ба зудӣ пулро баргардониданӣ нестанд.

Ҳут

Аксари мушкилиҳоро дар ин рӯз бо кӯмаки дӯсти наздикатон рафъ месозед. Дар танҳоӣ коре аз дастатон намеояд. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед, эҳтимоли хурӯҷ намудани дардҳои дерина дар назар аст. Барои аз даст надодани ёратон, мулоимгуфтору меҳрубон бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД