Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 20-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2022
2525

Ҳамал

Дар ин рӯз ба рафти ҳодисаҳо нигоҳ карда амал намоед. Рӯзи аз ҷиҳати равонӣ ноором бошад ҳам, тағийротҳои ҷиддӣ рух намедиҳанд. Диққати худро ба кори заҳматталаб ва робитаҳои корӣ равона созед. Саломатиятон аз тарзи хӯрокхӯриятон сахт вобастагӣ дорад.

Савр

Дар ин рӯз муносибати атрофиён бо шумо нохуб гардад ҳам, худро ба даст гирифта, ба муноқиша роҳ надиҳед. Кӯшиш намоед, рӯзатон хушу табъатон болида бошад. Аз ҳамин сабаб, аз робита бо нафароне, ки муҷиби табъи нохушатон мегарданд, худдорӣ намоед.

Ҷавзо

Дар ин рӯз ташвишатон зиёд гашта, аз уҳдаи ҳамаи кор ба хубӣ мебароед. Кӯшиш намоед, ки дар ҳама кор масъулиятро эҳсос намоед, он гоҳ коратон бобарор ва обрӯятон дучанд мегардад. Рӯзҳои наздик шуморо мулоқоти нави ошиқона интизор аст. Сафаратон хотирмон мегузарад.

Саратон

Дар ин рӯз кори наверо оғоз накунед, беҳтараш корҳои нотамомро ба анҷом расонед. Аз рӯйи имкон ба касе чизеро ваъда надиҳед, уҳдадориҳои вазнинро низ ба душ нагиред ва ба ваъдаҳои атрофиён низ бовар накунед. Умуман рӯзи ором ва бе ягон ташвишу ҳодисаи ногаҳонӣ мегузарад.

 

Асад

Дар ҷойи кор тағйироти ҷиддӣ рух намедиҳад. Ҳар қадаре дар ин рӯз вохӯриву робитаатон зиёд шавад, ҳамон андоза коратон барор мегирад, зеро дӯстону шиносҳоятон ҳатман дасти кӯмаки худро дареғ намедоранд. Дарди дили худро ба ҳама нишон надиҳед.

Сунбула

Айни замон сифатҳои кориятон ба шумо мадад мерасонад. Аз пешниҳодҳои нафарони беинтизом ва онҳое, ки хуб намешиносед, худдорӣ намоед. Ба эҳсосоти манфӣ дода нашавед. Ҳар гапе, ки дар сари қаҳр мегӯед, бар зидди худатон истифода мебаранд.

Мизон

Давраи хеле фаъолнокии шумо фаро мерасад. Аксари орзуву ниятҳоятон ҷомаи амал пушида, дилатон ба зиндагӣ гарму хоҳиши заҳмат кашиданатон зиёд мегардад. Хусусан мизонҳои ошиқ муваффақ мегарданд, вале ба нафароне, ки нияти оиладоршавӣ доранд, саросема шуданро тавсия намедиҳем.

Ақраб

Дар ин рӯз ба кӯмаку дастгирӣ ниёз пайдо мекунед. Маҳз дӯстон, шиносон ва наздикон ба дастгирии шумо мешитобанд. Душвориҳои ҷиддӣ имкон надоранд, баъзе чизҳои майда-чӯйда боиси ташвиш кашиданатон мегардад. Аз муноқиша бо шахси дӯстдоштаатон худдорӣ намоед.

Қавс

Дар ин рӯз корҳои нотамоми худро ба анҷом расонида метавонед. Ба корҳои нав машғул шавед, вале хеле боэҳтиётона. Беҳтараш ба садои қалби худ гӯш андозед, пешакӣ нақша накашед. Ба нафаре, ки аз шумо кӯмак мепурсад, рад накунед, ҳатман подоши некиҳоятонро мебинед.

Ҷаддӣ

Дар ин рӯз корҳоеро ба нақша гиред, ки иҷро карданашон шарт ва муҳим бошад. Агар танбалӣ накунед, натиҷаҳои хубро ноил мегардед. Барои нафароне, ки истироҳат кардан мехоҳанд, рӯзи мусоид аст. Саломатии худро танҳо ба мутахссисони ботаҷриба бовар кунед.

Далв

Аз ҷорӣ намудани тағйирот дар тамоми ҷодаҳои фаъолият худдорӣ намоед, вагарна дучори монеаҳо мегардед. Дар ин рӯз ба кӯмаки дӯстони дерин умед баста, бурд мекунед. Аз ин рӯ, аз вохӯрӣ ва суҳбат бо дӯстони дерин дурӣ наҷӯед.

Ҳут

Агар шумо ҳанӯз ҳам муҷаррад бошед, имкони пайдо намудани ҳамсафари ҳаётиро пайдо мекунед. Аз ин рӯ, дар назди телевизор ё кунҷи хона нишастанро бас кунеду бештар ба сайругашт бароед. Вохӯрии тақдирсоз шуморо интизор аст, бахти худро аз даст надиҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД