Ҳамал (21 март-20 апрел)
Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки имрӯз дар ҳама соҳаҳои ҳаёт эҳтиёткор бошед. Душманони худро нодида нагиред, зеро онҳо ба шумо зарар расонида метавонанд. Барои амалӣ намудани хоҳишҳои худ пайваста талош варзед. Эҳтимоли рух додани ҷанҷол миёни шумову хешовандонатон вуҷуд дорад.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз бо баъзе дӯстонатон робитаро дубора барқарор мекунед. Нафароне, ки дар ҷустуҷӯи кори дигар ҳастанд, беҳтараш самти фаъолияташонро дигар кунанд. Аз нишон додани истеъдоди худ шарм надоред. Шояд нафаре пайдо мешаваду барои рушди истеъдоди шумо кӯмак мекунад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз шуморо лозим аст, ки ҳамкорони худро бодиққат гӯш кунед. Кӯшиш намоед, ки ҳамаи масъалаҳои кориро бар дӯши худ нагиред, балки онро дастаҷамъона ҳал кунед. Сирри ногувореро пайдо мекунед ва худатон медонед, ки бо он чӣ кор кунед. Ҳоҷати ба дигарон нақл кардану маслиҳат пурсидан нест.
Саратон (22 июн-22 июл)
Барои омӯзиш рӯзи хуб аст. Бо нафарони дорои касбу кори гуногун шинос мешавед ва онҳо маслиҳатҳое медиҳанд, ки дар оянда ба шумо лозим хоҳанд шуд. Ҳамчунин, бо ин роҳ шумо ҳолати рӯҳии инсонҳоро фаҳмида метавонед. Дағалона рафтор накунед, зеро баъдан эҳсоси пушаймонӣ хоҳед кард.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз шумо бояд корҳои одиеро иҷро кунед, ки фикрониро талаб накунанд. Шахси наздикатон ба шумо лаҳзаи гувороеро фароҳам меорад, ки беҳад хушҳол мешавед. Асадҳои ошиқ шомро ҳамроҳи дӯстдоштаашон дар ягон тарабхонаи барҳавою мӯҳташам сипарӣ кунанд, хуб мешавад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Имрӯз ба шумо ҷойи кори нав пешниҳод мекунанд. Саросема нашуда, аввал аз имкониятҳояш пурсон шавед. Ба тамошои табиат бароед, пушаймон нахоҳед шуд. Рафтан ба ҷангали беодам ва давидан дар ҳавои тоза ба шумо илҳоми тоза мебахшад. Даромади иловагӣ дар назар нест, сарфакор бошед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Агар хоҳед, ки ҳадафи худро ба осонӣ ба даст оред, фақат имрӯз зудбовар бошед. Ба курсҳои такмили ихтисос рафта, савияи дониши худро баландтар бардоред. Таҷрибаи андӯхтаатон дар оянда ба шумо лозим мешавад. Саломатиатон ташвиш намедиҳад, аммо ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Агар дар ҳаёти худ тағйирот ворид кардан мехоҳед, барои ин кор имрӯз мувофиқ аст. Ба истироҳат рафтанро ба шумо тавсия намедиҳем. Баръакс, истодагарӣ карда, бо иродаи оҳанин ба пеш ҳаракат кунед. Ба хӯрокхӯрии худ аҳамияти ҷиддӣ диҳед ва вобаста ба мавсим ғизо истеъмол намоед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз кӯшиш кунед, ки оромона рафтор кунед ва нисбат ба ҳар касу ҳар чиз бетараф набошед. Даре, ки ба рӯйи шумо баста буданд, хоҳиши дубора кушоданро накунед. То ба чашми худ набинед, ба суханҳое, ки дар бораи дигарон мегӯянд, бовар накунед. Бештар бодиринг истеъмол кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Ташвишҳои шумо имрӯз аз ҳаррӯза бештар мешаванд. Таваҷҷӯҳ кунед, ки дар ҳаёти шумо чӣ аз ҳама муҳимтар аст ва бо он чӣ кор мекунед. Муваффақият ҳамроҳатон аст, бинобар ин, далерона аз паи амалӣ кардани хоҳишҳоятон шавед. Даромади иловагии пулӣ дар назар аст, аммо ба миқдори кам.
Далв (21 январ-18 феврал)
Имрӯзро ба зебоии худ бахшед. Ба кошонаи ҳусн ё сартарошхона рафта, мӯйи сари худро ба тартиб дароред. Дилатон пур бошад, зеро имрӯз ба шумо хатаре таҳдид намекунад. Барои ба бозор ё мағоза рафтан рӯзи бобарору нек аст. Маслиҳат медиҳем, ки аз харидани ашёҳои нолозим худдорӣ кунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз нофаҳмиҳо ба вуҷуд омада, то чанд муддат боқӣ мемонанд. Одобу ахлоқи тоҷиконаро риоя кунед. Бо қадамҳои хурд ғалабаҳои бузург ба даст овардан ғайриимкон аст. Танбалӣ накарда, кӯшиш кунед, ки бештар кор кунед. Шом ба хонаатон меҳмон меояд.