Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз бо сабру таҳаммул ҳама гуна кори нотамомро анҷом дода метавонед. Ба ваъдаҳои бардурӯғу суханони хушку холӣ дода нашавед. Хастагӣ эҳсос мешавад, аз ин рӯ беҳтараш бо корҳое машғул шавед, ки аз онҳо қаноатмандӣ эҳсос мекунед. Ба баҳсу ҷанҷол роҳ надиҳед.
Cавр (21 апрел-21 май)
Рӯзи серташвиш аст. Меҳнати шумо самар медиҳад ва натиҷаҳои хуб ба даст меоред. Агар дар рухсатӣ бошед, беҳтараш вақти худро бо корҳои хона сарф намоед. Бо андешаҳои бад худро асабиву бемор накунед. Табъи ором барои шумо ва наздиконатон муҳим аст.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз метавонед бо як сухани нодуруст баҳси ҷиддӣ барпо созед. Дар муносибатҳои ошиқона низ нофаҳмиҳо рух дода метавонанд. Сабр ва гузашт калиди ҳалли мушкилиҳо аст. Ҳангоми харидорӣ ё шартномаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед, то фиреб нахӯред.
Саратон (22 июн-22 июл)
Барои рафъи бемориҳо бештар пиёдагардӣ кунед ва ҳавои тоза нафас кашед. Имрӯз саломатӣ дар мадди аввал қарор дорад. Аз баҳсу муноқиша худдорӣ кунед, зеро ҳолати рӯҳии шумо зуд ноустувор мешавад. Машқҳои сабук ба шумо қувваи нав мебахшанд.
Асад (23 июл-23 август)
Барои пешрафт дар касбу кор ба маслиҳати ҳамкорон эътибор диҳед. Нагузоред, ки дигарон ба ҳаёти шахсиатон дахолат кунанд. Пас аз нисфирӯзӣ вазъи молиявӣ беҳтар мешавад ва мушкилоти пешина осонтар ҳал мегарданд. Барои дарди дил кардан танҳо ба наздикон бовар кунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Муносибат бо шахси наздикатон метавонад сард гардад. Аз қарзгирӣ худдорӣ кунед, зеро баргардониданаш душвор мешавад. Бештар ба саломатии худ таваҷҷуҳ кунед. Аз баҳсу муноқиша дурӣ ҷӯед ва ба суханони нохуши дигарон аҳамият надиҳед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи душвор дар пеш аст. Эҳтимол яке аз наздиконатон ба муносибатҳои ошиқонаи шумо таъсири манфӣ мерасонад. Аз пурхӯрӣ ва хастагии ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Эҳтиёт бошед, ки ҳангоми кор бо таҷҳизоти барқӣ зарар набинед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Аз ҷудоӣ ё нофаҳмии шахсии дӯстдоштаатон дилшикаста нашавед. Имрӯз бо меҳмондорӣ ва суҳбат рӯҳияатонро болида месозед. Барои ҷавонон рӯзи пурбаракат аст. Дар масъалаи саломатӣ нигаронии ҷиддӣ нест. Ронандагон бояд бегоҳирӯзӣ эҳтиёткор бошанд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи пур аз озмоиш аст. Эҳтимоли фиреб хӯрдан ва дода шудан ба ваъдаҳои бардурӯғ вуҷуд дорад. Ба қарору пешниҳоди молиявӣ бе санҷиш розӣ нашавед. Зудбоварӣ метавонад сабаби нохушӣ гардад. Дар муносибатҳои шахсӣ эҳсосотро идора кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз имконият доред бо рақибони худ муносибатро беҳтар созед. Дар ҷодаи муҳаббат эҳтиёткор бошед, махсусан агар муносибат нав оғоз ёфта бошад. Аз баҳсу мунозира канорагирӣ кунед. Ба суханҳои бадхоҳон аҳамият надиҳед, беҳтараш ба кори худ машғул шавед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Имрӯз сатҳи даромадатон метавонад боло равад ва барои корҳои нав вақт пайдо мекунед. Вале вақти истироҳат нест, бояд бештар фаъол бошед. Бо наздикон нармгуфторӣ намоед, то аз нофаҳмиҳо канора гиред. Саломатӣ ташвиши ҷиддӣ намедиҳад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Имрӯз тағйирот дар ҳаёти шахсӣ эҳсос мешавад. Барои он ки муҳаббататон сард нашавад, кинаву хафагиро аз дил дур кунед. Аз муноқиша худдорӣ кунед ва бо наздикон бо муҳаббат рафтор намоед. Ҳутҳои калонсол эҳтиёт бошанд, ки бемории тарбод сар назанад.