arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 2-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2023
2417

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Ба саломатии худ диққати ҷиддӣ зоҳир намоед. Нимаи дуюми рӯз ба фазои ороми оилавиатон чашм расида, гапатон бо ҳамсаратон мегурезад. Гунаҳкор хатояшро фаҳмида, ба зудӣ узр пурсад, хуб, дар акси ҳол чанд рӯз қаҳрӣ мегардед. Ягона хабари хуш барои ҳамалҳо дар ин рӯз даромади пулӣ аст.

 Савр ( 21 апрел – 22 май)

Сарвҳое, ки дар курсии роҳбарӣ нишастаанд, бояд аз пайи такмил додани донишу маҳорати худ гарданд, зеро ба ҷойи равғанини онҳо рақибонашон чашм ало хоҳанд кард. Хоҳед, ки кордатон болои равған бошад, шахсони донишмандро дар атрофи худ ҷамъ намоед, он гоҳ коратон пеш рафта, обрӯятон боз ҳам баландтар мешавад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Даромади калони пулиро интизор нашавед, зеро пул ба даст биёяд ҳам, ба осонӣ боз аз даст меравад. Вақти он расидааст, ки қарзҳои гирифтаатонро ба соҳибонашон баргардонед. Серкорӣ метавонад шуморо сахт хастаю заиф созад. Нимаи дуюми рӯз дар зиндагиятон шахсе пайдо мешавад, ки ҳаёти шуморо куллан дигаргун месозад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Тавсияҳои духтуронро риоя намоед, вагарна ҳолатон табоҳ хоҳад шуд. Корҳои нав шуруъ карданро ба шумо тавсия намедиҳем. Беҳтараш корҳои нимколаатонро ба сомон расонед. Шахси наздикатон аз боварии шумо истифода бурдан мехоҳад. Албатта таҳаммул кардани хиёнати шахсе, ки ба ӯ сахт боварӣ дорӣ, бисёр душвор аст, вале мо ба шумо сабуриро тавсия медиҳем. Пеш аз пода чанг андохтан хуб нест, дар ҳама кор боандеша бошед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Аввали рӯз бозии тақдир шуморо бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ хоҳад кард, аммо шумо метавонед бо ақли солим ва маслиҳати дўстон аз ин варта раҳоӣ ёбед. Ҳолати молиявиятон бад бошад ҳам, озурда нашавед, самари меҳнататонро шумо дертар хоҳед чашид. Фикри ба даст овардани пули калонро аз сар дур карда, худро бо тамоми ҳастӣ ба кор бахшед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Барои оғоз намудани ҳама гуна тиҷорат айёми беҳтарин аст. Эҳтимоли иваз намудани ҷойи зист ё коратон вуҷуд дорад. Мо ба шумо маслиҳат медиҳем, ки вақти дар чунин масъалаҳои ҷиддӣ хулоса баровардан қаблан ҳама бурду бохти ҷойи нав ё кори навро дар тарозуи ақли худ бар кашед, ки шумо аз ин бурд мекунед ё бохт.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Қисми аввали рӯз як хабари хуш мешунавед. Шиносоии наве шуморо интизор аст, ки метавонад дар ҳаётатон нақши ҳалкунандаро бозад. Ин шиносоии ошиқона нест. Бо шахси кордоне ошноӣ пайдо мекунед, ки минбаъд шуморо мисли соябон аз ҳама гуна хатарҳо муҳофизат намуда, барои равнақ ёфтани коратон кӯмак мерасонад. Шумо аз ӯ манфиати бисёре хоҳед дид.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Имрӯзро танҳо ба худ бахшед. Ба кошонаи ҳусн рафта, гардеробатонро нав кунед, симои тоза ба рӯйи ақрабҳои доно дари муваффақиятҳои нав ба навро боз хоҳад кард. Танҳо аз харидҳои бемаънӣ даст кашед, то ҷайбатон холӣ нашавад. Барои ба даст овардани дили ошиқи ранҷидаатон ба ӯ ягон туҳфаи хурдакак харед. Пулу мол чирки даст аст, вале ёри вафодорро ёфтан душвор.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Имрӯз  дар оилаатон мушкилиҳои ногаҳонӣ сар мезананд ва шумо дар ҳаллашон хеле бояд заҳмат кашед. Дасту по хӯрда, гаранг шуда намонед, дар дунё ягон мушкиле нест, ки осон нашавад. Ба танҳоӣ аз уҳдааш набароед, аз дӯстонатон мадад пурсед. Як занги телефонӣ метавонад мушкилии шуморо ҳал кунад. Нимаи дуюми рӯз қавсҳои бо тиҷорат сару кор дошта бояд аз кашидани ҳар гуна нақшаҳои нав ва оғоз намудани тиҷорати тоза худдорӣ намоянд.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Хоҳед, ки ҳасудон ба саратон бало набиёранд, хапу хомӯш гардед. Беҳуда нагуфтаанд, ки бовар накун ба дӯстат, коҳ ҷой кунад дар пӯстат, нимаи дуюми рӯз баъзе зодагони бурҷи ҷаддӣ буғзи дилашонро ба дӯсташон мекушоянд, то аз ғаме, ки кайҳо боз қалбашонро мефишорад, раҳоӣ ёбанд, аммо содалавҳиашон боиси фош гаштани сир ва рехтани обрӯяшон мегардад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Имрӯзро ба дўстонатон бахшед. Қисми аввали рӯз аз вохӯрӣ бо дӯстон ва ошиқатон рӯ нагардонед, вагарна пушаймон хоҳед шуд. Пул дошта бошед, ба касе, ки бо умеди дасти мадад ба наздатон меояд, ёрӣ расонед. Худованд ҷавоби некиҳоятонро албатта даҳчанд бар мегардонад. Тилловорӣ ва ашёҳои қимматбаҳоятонро дар ягон ҷойи маҳкам пинҳон карда монед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Сафари корие, ки имрӯз дар назар аст, дари имкониятҳои нав ба навро ба рӯйи ҳамалҳо мекушояд. Кӯшиш намоед, ки муносибатро бо шарикони нав мустаҳкам ба роҳ монед. Даромади пулӣ имрӯз дар назар нест. Бахт нимаи дуюми рӯз ба рӯйи ҳутҳои танҳо механдад. Дари бахтатон кушода мешавад, агар воқеан дар фикри обод намудани зиндагӣ бошед, на дар фикри шикор кардани сайди зебо.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД