Ҳамал
Дар ҷодаи касбу кор пешравӣ имкон дорад, вале нуқтаи назари худро аз дигарон боло нагузоред, вагарна ба ғалате роҳ медиҳед, ки бар асари он маблағи зиёдӣ пулӣ ё обруву нуфузатонро аз даст медиҳед. Барои ба дили дӯстдоштаатон роҳ ёфтан гапи дурӯғ мегӯед, вале эҳтиёт шавед, ки худатон фиреб нахӯред.
Савр
Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав, сайру саёҳат ва қабули меҳмон. Муносибати некатон нисбати атрофиён боиси комёбиҳо дар оянда мегардад. Парешонхотирӣ ва бо як кор машғул шуданро нахостанатон дар касбу коратон мушкилӣ меорад. Нӯшидани машрубот, чидани гул ва оташ афрухтанро маслиҳат намедиҳем. Дар атрофи дарё сайр кардан хуб аст.
Ҷавзо
Дар ин рӯз аз муноқиша ва баҳсу мунозира дурӣ ҷӯед. бок асе шинос шудану оиладор шуданро маслиҳат намедиҳем. агар имрӯз бо нафаре низоъ намоед, баъдан оштӣ шуданатон душвор ва ҳатто номумкин мегардад. Тағйир ёфтани вазъи ҳаво ба саломатии нафароне, ки бемории фишорбаландӣ доранд, беасар намемонад.
Саратон
Дар ин рӯз бо мушкилиҳое, ки кайҳо фаромӯш карда будед, аз нав рӯ ба рӯ мегардед. Акнун ин мушкилиҳо аз нав сар зада, табъатонро хира месозанд. Аз шиносоиҳои ошиқона худдорӣ намоед, вагарна аз нобарориҳои рӯзҳои наздик халосӣ намеёбед. Дар масъалаҳои пулӣ ба маслиҳати атрофиён гӯш диҳед.
Асад
Дар ин рӯз хеле эҳтиёткор бошед, дар ҷои кор ба ғалат роҳ надиҳед, то ки роҳбарият ё ҳамкорон эрод нагиранд. Рафтори ғайриоддии шумо ба атрофиён нофаҳмо мегардад. одати аз пашша фил сохтанатон шуморо ба хулосаҳои саросемавор меоранд. Дар хона эҳтимоли рух дордани муноқиша калон вуҷуд дорад, босабру таҳаммул бошед.
Сунбула
Дар ин рӯз ҳодисаҳои гуворо ва шиносоии ногаҳонӣ рух медиҳанд. Тағйиротҳое, ки дар ҷойи кор рух медиҳанд, дар мадди аввал табъатонро хира месозанд, вале заррае набояд хавотир шавед. Дар касбу кор мувафақ мегардед, вале қаноатманд намегардед. Барои оғози тиҷорат ва савдои хурд рӯзи мусоид аст.
Мизон
Дар ин рӯз аз муноқишаву низоъ худдорӣ намоед. Ҳар қадаре шумо фаъол бошед, ҳамон андоза мушкилиҳоятон зиёд мегарданд. Ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, рӯдаву меъдаатон дар ин рӯз заиф мегардад. рӯзи хубест барои бастани ақди никоҳ. Кӯшиш намоед, қӯвваву пул ва вақти худро беҳуда сарф накунед.
Ақраб
Дар ин рӯз нисбати волидон ва пиронсолони оилаатон ғамхорӣ зоҳир намоед. Хислати шуморо атрофиён хеле бо душворӣ таҳаммул мекунанд. Фаромӯш насозед, ки рӯзе неши ақраб бар худаш низ таъсир мерасонад ва ҳама чизро барбод медиҳад. Беҳтараш аз пайи амалӣ сохтани нақшаҳое шавед, ки чандон хатарнок набошанд.
Қавс
Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав ва сайёҳат кардану қабули меҳмонон. Хушчақ-чақӣ, дилрабоӣ ва ақидаҳои беназиратон боиси мувафақиятҳо дар ояндаатон мегардад. Дар хоб дидани муноқишаву баҳс аз бурбдорӣ дарак медиҳад. Ба гапҳое, ки дар бораи дӯстдоштаатон мешунавед, болвар накунед.
Ҷаддӣ
Тамоми нақшаву ниятҳое, ки дар ин рӯз доред, амалӣ мегарданд. Эҳтимол барои ҷалб сохтани атрофиён андаке ба муболиға роҳ медиҳед, вале ақидаҳоятон самараи хуб медиҳанд. Имкони ба даст овардани маблағи хуб вуҷуд дорад. Далвҳои муҷаррад бо нафаре шинос мешаванд, ки ба муҳаббати бузург мубаддал мегардад.
Далв
Дар ин рӯз танҳо нақшаву ниятҳоеро ба дӯш гиред, ки аз уҳдааш мебароед ва онро то охир расонед. Гӯш кардани мусиқии таскинбахш, маҳси бадан ё дар ҳавои тоза сайр кардан руҳатонро болида мегардонад. Барои ба сафар баромадану қабули меҳмон рӯзи мусоид аст.
Ҳут
Бо нафароне, ки ба меҳру муҳаббати шумо ниёз доранд, аз он ҷумла бо волидон робиттаи худро канда насозед. Ба саломатии худ бодиққат бошед. Бегоҳирӯзӣ неруятон дучанду табъатон болида мегардад. Бегоҳирӯзӣ асабатон хароб мегардад. бо нафарони калонсоли оила гапатон мегурезад. Шумо ба истироҳати бофароғат ниёз доред.