sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 18-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
2810

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯз барои ҳамалҳои рассом ва ҳунарманд бобарору нек аст. Нафарони эҷодкор аз манзараҳои дилфиреб ногаҳон илҳом мегиранд. Бо дили пур аз паси корҳоятон шавед, зеро хатари ҷиддие шуморо таҳдид намекунад. Агар дербоз ба дидорбинии нафаре нарафтаед, пас имрӯз ҳатман аз ҳолаш хабар бигиред.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз диққати худро ба таҳияи вазифаҳои асосӣ равона сохта, барои расидан ба ҳадафҳо кӯшиш ба харҷ диҳед. Барои саврҳои ошиқ давраи сахт аст, бояд сабру таҳаммулро пеша намоед. Саломатиатон он қадар хуб нест, ба наздиктарин беморхона рафта, аз муоина гузаред. Шумо инсони ояндадоред.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз ба тасмимҳои гирифтаи худ шубҳа накарда, дар якчанд самт муваффақ мешавед. Наздиконатон шуморо ситоиш карда, рӯҳбаланд мекунанд. Аз боварии роҳбари худ истифода набаред, вагарна ба худатон дарди сар мехаред. Ҷавзоҳои танҳо бояд ҷуфти барои худ муносибро пайдо намоянд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз дӯстони деринаатон бо мақсади дарёфти кӯмак ба шумо муроҷиат мекунанд. Баъзе саратонҳо кори наверо меёбанд, ки даромади хуб дорад. Нафарони оиладор бояд аз сирру асрори оиладорӣ бохабар бошанд. Агар соҳиби мошини шахсӣ бошед, дар роҳҳои байнишаҳрӣ суръати ҳаракатро баланд накунед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз кӯшиш кунед, ки муносибататонро дар ҷойи кор бо ҳамкоронатон вайрон накунед. Агар касеро ба нуқтаи назари худ бовар кунонидан хоҳед, суханҳои гуфтаатонро бо далелҳои воқеӣ ҷоннок кунед. Ба кор дода шуда, истироҳатро фаромӯш накунед. Ҳаммоми гарм ба саломатиатон фоида дорад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз новобаста аз ҳар гуна мушкилиҳо хоксор бошед. Бо ин роҳ эътиқоди дигарон нисбати шумо зиёдтар мешавад. Вобаста ба фаслҳои сол либос ба бар кунед, зеро ҳоло ҳаво андак салқин шудаву эҳтимоли шамол хӯрданатон вуҷуд дорад. Ба ҳар чизе ки дар интернет мехонеду мебинед, бовар накунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз ба ҳар сухане, ки аз даҳонатон мебарояд, диққат диҳед, то касеро аз худ хафа накунед. Дар мансаб ва тиҷорат ноумедӣ дар назар аст. Пеш аз оне ки садоятонро баланд мекунед, хуб андеша намоед. Хашмгин ва дилмонда нашавед, зеро баъдтар мефаҳмед, ки хафа шудан роҳи ҳалли масъала нест.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Агар шумо соҳибкор ва ба тиҷорат машғул бошед, дар ин рӯз аз пештара бештар бодиққат буданатон лозим аст. Бо атрофиён муноқиша накунед, вагарна баъдан пушаймон шуда, узр пурсиданатон лозим меояд. Имкониятҳое, ки тақдир ба шумо медиҳад, самаранок истифода баред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз чӣ коре накунед, атрофиён шуморо асабӣ мекунанд. Ба ҳамин хотир, кӯшиш кунед, ки аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷуста, дар фазои нисбатан ором бошед. Аз оне ки шуморо танқид мекунанд, рӯҳафтода нашуда, баръакс аз пайи ислоҳи камбудиҳои худ шавед. Шом аз истеъмоли хӯроки серравған худдорӣ кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз пеш аз оне ки ҷони худро барои дигарон дар хатар мегузоред, нағзакак андеша кунед, ки оё меарзад ё на. Аз нафаре хабари хуш шунида, ором мешавед. Худро барои иштибоҳҳоятон сарзаниш накунед. Шом барвақт аз кор баромада, истироҳат кунед ва барои рӯзи дигар қувваи кофӣ ҷамъ кунед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Ба назаратон чунин менамояд, ки барои издивоҷ кардан омодаед, вале ситораҳо мегӯянд, ки ҳоло саросема нашуда, дар бораи дӯстдоштаи худ ба хонаводаатон нақл кунед. Далвҳои оиладор дар ҳама кор ба ҳамсария худ бовар ва такя карда метавонанд. Муносибататонро то чанд муддат бо касе сард накунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз нисбат ба масъалаҳои ҷиддӣ хунукназарӣ накунед, зеро натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда наметавонед. Ба суханҳои нафарони ношинос бовар накунед, чун онҳо намедонанд, ки чӣ мегӯянд. Пеш аз гузоштани қадами устувор барои иҷрои коре бо оилаи худ маслиҳат кунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД