Ҳамал (21 март-20 апрел)
Даромади молиявӣ табъатонро болида месозад. Аксарият имрӯз бо осонӣ пул ба даст меоранд. Дар ҳаёти шахсиятон ягон тағйироти ҷиддӣ рух намедиҳад. Нафароне, ки аз дӯстдоштаи худ сирри пинҳонӣ доранд, имрӯз дарди дил мекунанд. Барои оромии асабҳо бештар дар соҳили дарё нишастанро тавсия медиҳем.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз аз пештара бештар ба дастгирӣ ниёз пайдо мекунед ва онро аз ҷониби нафароне мегиред, ки қаблан бо шумо муносибати нек надоштанд. Эҳтимол, нафаре туҳфа тақдим мекунад. Дар муносибатҳои ошиқонаатон ҳамдигарфаҳмӣ дида мешавад. Каме бад шудани вазъи саломатӣ табъатонро хира мегардонад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар масъалаҳои корӣ душманони обрӯманд пайдо мекунед. Баъзеҳо дучори мушкилоти ҳуқуқӣ гашта, корашон бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ алоқаманд мегардад. Наздикон ба нуқтаи назари шумо сар мефароранд. Ба хӯрдани хӯрокҳои равғанин дил бастанатон боиси бад гаштани саломатиятон мегардад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз ба ғалату камбудиҳои зиёде роҳ дода, на танҳо барои худ, балки барои ҳамкорон мушкилӣ эҷод мекунед. Ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки ҳатман аз пайи кор шуданро аз шумо тақозо мекунанд. Ба дастгириву танқиди атрофиён омода бошед, зеро имрӯз онҳоро сахт ба ҳаяҷон меоред.
Асад (23 июл-22 август)
Кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд, то ки аз ҳолатҳои ногувор ва душвориҳо эмин монед. Рӯзи вазнину серташвиш аст, ҳар лаҳза бояд барои сари қароре омадан омода бошед. Эҳтимоли сахт ошиқ шуданатон дар назар аст. Дар ин рӯз шумо аз нигоҳи аввал ва девонавор ошиқ мешавед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Шумо имкони пайдо намудани сарпарастони бонуфузро пайдо мекунед. Ҳар қадаре ҷидду ҷаҳд намоед, ҳамон андоза натиҷаи беҳтар ба даст меоред. Бо ками худ қаноат накунед, кӯшиши зиндагии беҳтарро намоед. Кӯшиши ба нафаре, ки дар ҳоли душвор дорад, кӯмак расониданро накунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи мусоидест барои робита бо нафароне, ки соҳибэҳтиром ҳастанд. Дар баробари дилёбӣ шумо метавонед мавқеи худро мустаҳкам гардонед. Масъалаҳои молиявӣ ва молу мулкиро ба миён гузошта, шумо бурд мекунед. Фарзандон бо инҷиқиву калонсолон бо танқид норозигии худро баён мекунанд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Шумо ба хотири ҷорӣ намудани тағйирот дар зиндагиятон ба бисёр корҳо омода ҳастед. Дар ин рӯз муноқишаҳои хурду бузург имкон доранд. Барои расидан ба мақсад азоби бисёр мекашед. Нафаре аз наздикон барои паст кардани оташи қаҳру ғазаби шумо саҳми худро гузошта метавонад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз хеле бодиққат буданатон лозим аст, бо сабаби фориғболӣ бисёр чизҳоро аз мадди назар дур месозед. Дар ҳар соҳае, ки фаъолият менамоед, хоҳ техникӣ бошаду хоҳ нақлиётӣ, шумо бояд эҳтиёткор бошед. Хушбахтона, наздикон дар ҳаёти шахсӣ бароятон мушкилоти иловагӣ пеш намеоранд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Нисбати худ ва дастовардҳоятон сахтгир бошед, дар сурати ҳавобаландиву мағрурӣ нафароне пайдо мешаванд, ки шуморо аз осмон ба замин мефароранд ва ин ҳолат боиси шикасти рӯҳиятон мегардад. Дар ҳаёти шахсӣ аз қароре, ки шумо пеш мегиред, ояндаатон вобастагӣ дорад. Аз гармохунукшавӣ эҳтиёт шавед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Рӯзи хубест барои рафъ сохтани мушкилоти касбӣ ва иқтисодӣ. Корҳоятон барор гирифта, ҳатто бо ҳамкорони пешина робитаҳои кориро барқарор карда метавонед. Шиносоии нав ба ҳаётатон дигаргуниҳои зиёдеро ворид месозад. Мутаассифона, муносибатҳои ошиқона табъи дили шумо сурат намегирад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз ба хатоҳои ҷиддӣ роҳ дода метавонед, ки рафъ карданаш душвору оқибаташ ногувор мегардад. Аз ин рӯ, дар ҳар коре, ки оғоз мекунед, ҷиддӣ, бодиққат ва зирак бошед. Нафаре аз шарикони корӣ ба саратон мушкилоти зиёдеро меорад. Якравӣ боиси ҷангу муноқиша ва ранҷиши шахси дӯстдоштаатон мегардад.