Ҳамал (21 март-20 апрел)
Барои ҳамалҳо рӯзи бебарор аст. Дар ҳама кор душворӣ кашида, заҳмати зиёд мекунеду натиҷаашро намебинед. Бо нафаре шинос шуданро тавсия намедиҳем. Ба иғвогариҳо дода нашавед, ба ваъдаҳо бовар накунед. Баъди нисфирӯзӣ дар робита бо атрофиён, аз ҷумла бо ҳамкорон ва ҳамсояҳо нофаҳмиҳо сар мезананд.
Савр (21 апрел-20 май)
Агар ваъдаҳои ба наздикон додаатонро амалӣ насозед, байнатон муноқишаву нофаҳмӣ ба амал меояд. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли нотоб шуданатон вуҷуд дорад. Хусусан, мардҳо аз бемориҳои узвҳои ҳозима азият мекашанд. Аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намуда, дар фикри саломатиатон бошед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар касбу коратон барору комёбӣ ва дар муносибатҳоятон бо ҳамкорон ҳамдигарфаҳмӣ дида мешавад. Дар ин рӯз хариди калон карданро тавсия намедиҳем. Дар саломатии ҷавзоҳои калонсол мушкилиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд, аз ин рӯ, ба худтабобаткунӣ машғул нашуда, ба табиб муроҷиат кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз ба ҷашну маъракаҳо даъват мешавед. Агар шумо мошин меронда бошед, дар роҳ боэҳтиёт бошед. Дар ҳаёти шахсӣ муносибатҳоятонро бо нафаре, ки сахт дӯсташ медоред, тағйир додан мехоҳед. Бемор шудани узвҳои ҳозима дар назар аст. Дар хона ба худтабобаткунӣ машғул нашавед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз масъулияти зиёде ба дӯшатон бор мегардад. Вазифаи нав мегиред ё мушкилоти оилавӣ пеш меояд. Муҳим он аст, ки ба қобилиятҳои худ нигоҳ карда амал кунед. Вагарна чизи муҳимро аз мадди назар дур месозед. Агар ба фикру ақидаи бегонагон диққат надиҳед, обрӯи худро мустаҳкам месозед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз эҳтимоли аз даст додани маблағи калон дар назар аст. Шитобкорӣ ва парешонхотирӣ натиҷаҳои манфӣ меоранд. Баъди нисфирӯзӣ дар муносибат бо ҳамкорон ва ҳамсояҳо нофаҳмӣ сар мезанад. Агар нафаре ба дӯстии содиқона майл надошта бошад, бо ӯ кӯшиши дӯст шуданро накунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Ба ғайбату бадгӯиҳои атрофиён диққат надиҳед. Дар ин рӯз хеле нозук мешавед, аз ин рӯ, сабру таҳаммулро пеша намоед. Бо сабаби ҷанҷоли оилавӣ муноқишаи калон рух медиҳад. Агар баъзе лаҳзаҳоро пешбинӣ кунед, аз об хушк мебароед. Дар ин рӯз ба ҳеҷ ваҷҳ бо фолбиниву сеҳру ҷоду машғул нашавед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз ба нафаре, ки боварӣ надоред, умед набандед. Фиребу тамаъкории ин нафар таъсири худро ба шумо мерасонад. Одати аз дӯстдоштаи худ олиҳа тарошиданатон боиси он мегардад, ки аз нозу инҷиқиҳои ӯ азият кашед. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ бештар оббозӣ кардан фоидаовар аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи серташвиш аст. Маблағи иловагӣ ба даст оварда наметавонед. Хабари ногаҳонӣ боиси душвор гаштани муносибатҳоятон бо атрофиён мегардад. Ба сафари роҳи дур баромадан ва дар наздикии оташ нишастанро тавсия намедиҳем. Хобҳои дар ин шаб дидаатон рӯзҳои наздик амалӣ мешаванд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Нафарони беҳтаринро ба ҳаёти худ ҷалб месозед. Дил ёфтану аз касе хоҳишу илтиҷо карданатон лозим нест. Як табассуми малеҳ ва чеҳраи зебои шумо тамоми монеаҳоро рафъ месозад. Дӯсти деринаатон бегоҳирӯзӣ шуморо ба меҳмонӣ даъват мекунад. Аз нӯшидани машрубот ва кашидани носу сигор худдорӣ намоед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ҷодаи муҳаббат ошуфтагиву изтироб ба назар мерасад. Дар масъалаҳои молиявӣ бошад, корҳоятон барор мегиранд. Саломатии худро эҳтиёт кунед, зеро бегоҳирӯзӣ бемориҳои музмин дубора аз худ дарак медиҳанд. Самимияту хоксории шумо обрӯву нуфӯзатонро аз пештара зиёд мегардонад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз аз вазъияти душвор бо осонӣ баромада метавонед. Аҷибаш он аст, ки ба кӯмаки дӯстон ниёз пайдо намекунед. Ба гуфтаҳои дилатон гӯш андохта, бо дӯстдоштаи худ ҳамон тавр муносибат намоед. Корҳои молиявии худро ба шахсони тасодуфӣ бовар накунед ва худ аз пайи иҷрои онҳо шавед.