Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 18-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2024
2169

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Агар дар фикри ба кори дигар гузаштану муҳити кории худро дигаргун кардан бошед, орзуи худро амалӣ карда метавонед. Аз оне ки ин қадар умри худро ба коратон бахшидед, рӯҳафтода не, балки ифтихор кунед. Мувофиқи вазъи ҳаво либос пӯшед, пойҳоятонро гарм нигоҳ доред, вагарна бемор шуданатон имконпазир аст.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз корҳои ҷамъшударо ба сомон расонида, барои рӯзҳои баъдӣ нақшаҳои навро тарҳрезӣ кунед. Барои амалӣ кардани баъзе корҳо аз роҳу усулҳои муосир истифода кунед. Худнамоӣ накунед ва ғурури худро нишон надиҳед, касе бо “ман” гуфтан соҳиби чизе нашудааст.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз эҳтимол дар чанд кор иштибоҳ мекунед, аммо оқибати ҷиддиву хатарнок ба вуҷуд намеояд, хавотир набошед. Қарорҳои иловагӣ қабул кунед ва масъулияти бештарро бар дӯши худ гиред. Шуморо лозим аст, ки хомӯш наистода, барои ҳимояи нафари наздикатон садо баланд кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ба муваффақиятҳои худ шубҳа накарда, миёнро мустаҳкам бандеду аз паси кор шавед. Имрӯз рӯзи шумост ва ҳеҷ нобарорие дар назар нест. Саратонҳои муҷаррад бо нафаре вомехӯранд, ки аз роҳи дур маҳз ба хотири ишқи шумо омадааст. Барои беҳтар шудани вазъи саломатӣ зиёдтар оби тоза нӯшед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз гуфтушунидҳо ва қабули қарорҳои нисбатан муҳим дар назар аст. Агар дербоз дар орзуи васеъ кардани доираи дӯстонатон будед, имрӯз барои иҷрои ин кор мувофиқ аст. Дар роҳи рост ҳастед, дар ин масъала хотиратон ҷамъ бошад. Ба кор дода шуда, оилаи худро аз хотир набароред.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз шуморо лозим меояд, ки аз ҳаррӯза фаъолтар бошед. Сиру асрори худро ба ҳамкоронатон нагӯед, зеро ҳар як сухани шуморо бар зидди худатон истифода карданашон мумкин аст. Саросема шуда, ба дағалӣ роҳ надиҳед, зеро баъдан эҳсоси гуноҳу пушаймонӣ мекунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз табъатон гоҳе хушу гоҳи дигар гирифта мегардад. Бо онҳое, ки ҳамавақт дастгиру мададгор ва бароятон азизанд, баҳсу мунозира накунед, ки оқибати хуб надорад. Вазъи молиявиатон хеле хуб мешавад, аммо дар як миҷа задан пулро ба боди фано надиҳед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Корҳоеро, ки тани танҳо аз ӯҳдаашон намебароед, ба рӯзи дигар ба таъхир гузоред. Ин ба фоидаи шумо хоҳад буд, зеро худатон ҳам медонед, ки дар танҳоӣ коре карда наметавонед. Худро аз ҳад зиёд инсони хоксору заминӣ нишон надиҳед. Ҳамоне бошед, ки дар асл ҳастед. Дар фикри саломатиатон бошед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз барои муносибатҳои оилавӣ ва дар ҳалқаи пайвандон будан рӯзи хуб аст. Барои пешбурди тиҷорат низ рӯзи бобарор аст. Аз рӯйхати дӯстони худ чанд нафарро берун мекунед. Хонаводаи шумо маҳорати ошпазиатонро санҷидан мехоҳанд, барояшон беҳтарин хӯрокро омода кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз шумо дар миёни обу оташ мемонед. Дар сари қаҳру ғазаб аз пеши худ ба коре даст назанед ва аз кӯмаки дӯстони наздикатон истифода баред. Нимаи дувуми рӯз корҳоятон барор мегирад ва натиҷаи дилхоҳро ба даст меоред. Худро аз ҳавои сарду сармо ҳифз кунед, бемор шуданатон мумкин аст.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз шиносҳои нав пайдо мекунед, аммо ба онҳо бовар карда наметавонед. Ин на кори тақдир, балки нобоварии худи шумост. Барои ҷавоб додан ба ҳар гуна саволҳои пучу бемазмун вақтатонро сарф накунед. Ҳар савол дар охир ҷавоби худро пайдо хоҳад кард. Агар имкон дошта бошед, ба ягон истироҳатгоҳ равед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз барои муносибатҳои ошиқона рӯзи олӣ аст. Ба вохӯрӣ равед, шиносҳои нав пайдо намоед, муносибатҳои романтикиро зиёдтар кунед. Кӯдаконатон ба мушкилӣ дучор мешаванд, ки агар онро ба зудӣ ҳал накунед, то дер давом карда, дарди саратон мешавад. Чанд муддат аз қанди сафед ва шакар парҳез кунед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД