Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 17-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
2569

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ситораҳо мегӯянд, ки имрӯз барои барқарор кардани саломатӣ рӯзи хуб аст. Давоми рӯз меҳру муҳаббати шахси наздики худро эҳсос карда наметавонед. Ваъдаи беҳуда надиҳед, агар аз ӯҳдаи иҷрои коре намебароед. Одати носу тамокукашиатонро партоед ва аз нӯшидани машрубот низ худдорӣ намоед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз пеш аз оне ки ба коре даст мезанед, оқибаташро андеша намоед ва бо ҳамкорон ё хонаводаи худ маслиҳат кунед. Дар оянда чӣ мехоҳед, барои ба он расидан кӯшиш намоед. Аз истеъмоли ширинӣ муваққатан худдорӣ намоед, зеро он ба саломатии шумо зарар дорад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз аз корҳое, ки фаъолияти аз ҳад зиёдро талаб мекунанд, даст кашиданатон лозим аст. Корҳоятон бомаром пеш намераванд, зеро нафарони муваффақ дар ҳар кор ба худ рақиб доранд, ки баъзан садди роҳи пешравӣ мешаванд. Нисбати таҳдидҳо бепарво бошед ва аз туҳмати ногаҳонӣ эҳтиёт кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз дар масъалаҳои корӣ фикри атрофиёнро сарфи назар накунед. Давоми рӯз аз таваккал кардан натарсед. Масъулияти дигаронро бар дӯши худ нагиред, бигзор ҳар кас кори худашро худаш ҳал кунад. Дар фикри саломатиатон шавед. Бепарвоӣ нисбати дарди гурда ва миён хуб нест.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ситораҳо шуморо ҳушдор медиҳанд, ки ба лоторея бовар накунед ва аз ҳар гуна бозиҳои бурднок худдорӣ намоед, зеро фиреб хӯрданатон аз эҳтимол дур нест. Таваккал накунед ва дар ҳама кор бехатариро риоя намоед. Рӯз барои муоширати созанда ва кор бо манбаъҳои эътимоднок мувофиқ аст.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз мехоҳед, ки ягон чизи гаронбаҳо бихаред, ба истироҳат равед ва дар беҳтарин тарабхонаҳо хӯрок бихӯред, аммо ситораҳо мегӯянд, ки ин давра барои масрафи зиёд мувофиқ нест. Аз истеъмоли хӯрокҳои тезтайёр даст кашед. Аз об хушк баромада, бегуноҳии худро исбот мекунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯз барои баргузор намудани маъракаи арӯсию домодӣ бисёр мувофиқ аст. Нафароне, ки имрӯз оила барпо мекунанд, хушбахт мешаванд. Дар бораи мушкилиҳои худ фақат ба наздиконатон нақл кунеду халос, ба бегонагон бовар накунед. Шом нафарони наздикатонро сари як пиёла чой ҷамъ оред.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз ба онҳое, ки ба шумо чизеро ваъда надодаанд, умед набандед. Ба наздикони худ бештар диққат диҳед ва зиёдтар эътимод кунед. Дӯстдоштаатон бо туҳфаи ғайричашмдошт хотири шуморо болида мегардонад. Шом ба ҳавои тоза бароед ва дар танҳоӣ қадам занед, то сабук шавед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз аз тағйироту навгонӣ ворид кардан ба ҳаёти худ худдорӣ намоед. Кореро, ки пештар ба нақша гирифта, оғоз карда будед, имрӯз ба анҷом расонед ва дар фикри оянда бошед. Ҳарчанд ба варзиш машғул шудан намехоҳед, аммо кору бори хона шуморо маҷбур мекунанд, ки ҳаракат кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз дар маркази таваҷҷуҳ қарор мегиред ва болидахотир мегардед. Ба душманони худ диққат надиҳед ва бо онҳо сар ба сар ҳам нашавед. Рақибонатон пешравиҳои шуморо дида, хомӯш нишаста наметавонанд. нагузоред, ки онҳо ба шумо фишор оварда, зӯроварӣ нишон диҳанд.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз нақшаҳои ояндаи худро тарҳрезӣ намуда, барои истироҳат низ вақт ҷудо кунед. Ба кори вазнин машғул шуда, худро аз ҳад зиёд хаста накунед. Ба реҷаи хӯрокхӯрии худ диққати аввалиндараҷа диҳед ва аз истеъмоли ғизоҳои хамирӣ даст кашед. Шом аз дӯстдоштаатон хабари хуш мешунавед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз вақти бештари худро ба хонаводаатон сарф кунед. Барои дӯстдоштаатон низ вақт ҷудо кунед, бо ӯ табъатон болидатар хоҳад шуд. Агар хоҳед, ки аз вазни зиёдатӣ халос шавед, беҳтар меваҷоту сабзавот истеъмол намоед. Варзиши сабук низ ба шумо фоида расонида метавонад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД