Ҳамал (21 март-20 апрел)
Аз ҳамкориҳои хатарнок худдорӣ намоед. Агар бо роҳи макру ҳилла равед, муфлис мегардед. Ба худ бовар кунед, на ба онҳое ки шуморо фиреб додан мехоҳанд. Агар ба муносибатҳои ошиқонаатон муҳаббатро ворид намоед, бо ҳам наздиктар мегардед. Барои ба рухсатии меҳнатӣ баромадан рӯзи мусоид аст.
Савр (21 апрел-20 май)
Рӯзи душвор аст, тамоми рафтори худро андеша намоед. Зимни робита бо наздикон мушкилиҳо сар зада, шуморо гунаҳкор месозанд. Аз имкон дур нест, ки аҳли оила аз беэътиноии шумо гила доранд, ин камбудиро рафъ намоед. Мукофотпулии калон ва хариди хуб карданатон имкон дорад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Мардҳо набояд ба эҳсосот дода шаванд. Бонувон ба саломатии худ диққат дода, аз хӯроки равғанин худдорӣ намоянд. Кореро, ки дар ин рӯз пайдо мекунед, аҷибу баобрӯ аст. Зимни сафарҳои корӣ бо шахси олиҷаноб шинос мешавед. Баъди робита бо ҳамсафари хуб рӯҳатон болида мегардад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Ба вазъи саломатии худ ва робита бо ҳамкорон диққат диҳед. Муноқишае имкон дорад, ки ба фоидаи шумо ҳал намегардад. Аз он ки дӯстдоштаатон андешаашро нисбати шумо тағйир додааст, худатон гунаҳкоред. Дӯстдорони машрубот андозаро нигоҳ дошта, субҳ бардам аз хоб бедор мешаванд.
Асад (23 июл-22 август)
Пешомади бадеро, ки дилатон гувоҳӣ медод, дар ин рӯз амалӣ мешавад. Вазъият тавре сурат мегирад, ки шуморо дар корҳои зиёде гунаҳкор месозанд. Ҳангоми худро муҳофизат кардан ба қаҳру ғазаб роҳ надиҳед, вагарна вазъиятро душвортар месозед. Дӯстдоштаатон ба меҳру муҳаббати шумо ниёз дорад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Рӯзи номусоид аст. Қалбатон гирифтори рӯҳафтодагиву ноустуворӣ мегардад. Ба назаратон чунин мерасад, ки атрофиён барқасдона ба асаби шумо мерасанд. Аз пурхӯрӣ худдорӣ намуда, бештар меваҷот истеъмол намоед. Аз мушкилиҳое, ки ба сари наздиконатон меоянд, худро канор гиред.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Бисёр рӯзи бобарор аст. Бо нафароне, ки вақтҳои охир забон ёфта наметавонистед, дар ин рӯз муросо мекунед. Ташвишу изтироб аз дилатон дур мегардад. Дар масъалаи саломатӣ заифиву рӯҳафтодагӣ ва дарди сар имкон дорад. Пешравии корҳоятон аз корчаллониву ҳушёрии шумо вобастагӣ дорад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи беташвиш аст, ягон ҳодисаи бад рух намедиҳад. Воқеаҳои ногаҳонӣ нақшаҳоятонро барбод медиҳанд. Дӯстон бо хабарҳои ногаҳонӣ табъатонро хира месозанд. Асабонияти пайдошударо бо дорувориҳо рафъ карда метавонед. Рафту асаби ором дошта бошед, ба дору эҳтиёҷ пайдо намекунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи душвор аст. Нимаи аввали рӯз дастгирии дӯстон айни муддао мегардад. Дар сафар эҳтиёт бошед, хатари гум кардани чизи муҳиме дар назар аст. Эҳтимоли сар задани баҳсу мунозира бо наздикон, муноқиша дар оила вуҷуд дорад. Бемории меъда имкон дорад. Ба ҳолати дандонҳо низ беэътиборӣ накунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имкони ислоҳ намудани ғалатҳои пештар содиркардаатонро пайдо месозед, саломатиро эҳтиёт кунед. То даме, ки ғами саломатии худро нахӯред, аз бемориҳо амон намеёбед. Агар нафаре аз наздикон ба асабатон мерасида бошанд, сустӣ накунед, нағзакак ӯро дар ҷояш шинонед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Рӯзи бобарор аст. Дар ҳолатҳои душвор ба садои қалб гӯш андозед. Агар шумо муҷаррад бошед, дар хона нишастанро маслиҳат намедиҳем. Имрӯз эҳтимоли бо нафаре шинос шудану ошиқ шуданатон зиёд аст. Барои табобати бемориҳо аз гиёҳҳо истифода бурда, бо тамоми роҳу восита аз одатҳои бад даст кашед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз чанд ҳодисаи ногувор рух медиҳад. Шумо аз душвориҳо наметарсед, вале табъатон хира мегардад. Бо наздикон забон ёфтанатон душвор мегардад, бадияш дар он аст, ки сабабҳои нофаҳмиро фаҳмида наметавонед. Пулро бо душворӣ сарф мекунед, вале баъдан мефаҳмед, ки беҳуда сарф накардаед.