Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 17-УМИ МАЙИ СОЛИ 2024
2210

Ҳамал

Дар ин рӯз имкони бартараф сохтани муноқишаеро, ки дергоҳ азиятатон медиҳад, пайдо месозед. Нафарони оиладор ё афроде, ки дӯстдошта доранд, дили ёри худро ба даст оварда метавонанд. Муҳим он аст, ки табассумро аз лаб дур насозед ва дар ҳолатҳое, ки вазъият душвор мегардад, воҳима накунед. Бегоҳирӯзӣ бо кори хона машғул шавед.

Савр

Дар ин рӯз диққати бештари худро ба тозагии гирду атрофатон равона созед. Имрӯз барои ҷустуҷӯ намудани ҷои нави корӣ мусоидат мекунад. Нафароне, ки бо соҳибкорӣ машғуланд, аз таҷрибаи ширкатҳои пешрафта омӯхтанашон лозим аст. Нафарони калонсол бояд фишори хуни худро таҳти назорат нигоҳ доранд.

Ҷавзо

Дар ин рӯз ташнаи муҳаббат будани худро эҳсос мекунед. Хусусан, нафарони муҷаррад ва онҳое, ки нав аз дилдодагони худ ҷудо шудаанд, ба ҷустуҷӯи муҳаббат шуруъ мекунанд. Барои он ки аз ноилоҷӣ ба муҳаббати нав рӯ овардаву бори дигар зарбаи тақдирро эҳсос накунед, барои худ шуғле пайдо намоед. Беҳтараш ба касбу кори худ бештар диққат диҳед. Бегоҳирӯзӣ вохӯрии ногаҳонӣ ва хариди бобарор интизор аст.

Саратон

Дар ягон кор ба таъхир роҳ диҳед. Хусусан, нафароне, ки муҳаббати нафареро ба даст овардан мехоҳанд, ҷасуртар амал карданашон лозим аст. Дар сурати кӯшиш ба харҷ додан норасоии пулиро рафъ месозеду муносибати худро бо ҳамкорон беҳтар месозед. Қариби бегоҳ аз серкорӣ хаста мешавед. Беҳтарин роҳи баровардани хастагӣ нишастҳои оилавӣ аст.

Асад

Зиндагии мучали асад дар ин рӯз зиёд гаштани нерӯи худро эҳсос мекунанд. Қувваву нерӯи шумо дар ин рӯз ба ҳама коратон мерасад. Бо дидани аввалин комёбиҳо танбалӣ накунед. Нафарони муҷаррадро лозим аст, ки ба ҳамкорони ҳамсинну соли худ диққати бештар диҳанд. Бо кӯмаки чанд лавозимоти ҳозиразамон сару либоси худро беҳтар гардонед. Нисбати калонсолон ва фарзандони оила бепарвоӣ зоҳир накунед.

Сунбула

Аз шиносоӣ бо нафарони фиребгару дузд худдорӣ намоед. Ҳар қадаре рӯзро бо ҷамъият бештар гузаронед, ҳамон андоза мушкилатон кам мегардад. Ба қадри он чизе доред, расиданатон лозим аст, яку якбора аз паси чанд кор нашавед. Нафароне, ки бо тиҷорат машғул шудан мехоҳанд, аз якрангӣ истифода бурданро тавсия намедиҳем.

Мизон

Зодагони мучали мизон дар ин рӯз кори муҳимтаринеро аз мадди назар дур мегузоранд. Камтарин ғалате, ки дар корҳои худ роҳ медиҳед, сабабгори мушкилиҳои зиёд мегардад. Бегоҳирӯзиро дар муҳити ором гузаронед. Мутолиаи китобҳои классикӣ ва психологӣ ба фоидаатон аст.

Ақраб

Суоли ғайриодии нафаре шуморо дар ин рӯз дар ҳоли ногувор мегузорад. Саволи мазкур ба ҷузъиёти зиндагии шумо ва гузаштаатон дахл дорад. Дар маҷмӯъ як рӯзи меҳнатии шумо аст. Имкони амалӣ намудани ҳар як нақшаатон вуҷуд дорад. Дар масъалаҳои пулӣ ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Корҳое, ки бо идораҳои давлатӣ ва гуфтушунидҳои корӣ алоқамандӣ доранд, бобарор анҷом меёбанд.

Қавс

Дар ин рӯз ба корҳои вазнини ақлонӣ машғул шуданатон лозим нест. Яку якбора аз паси чанд кор шудан боиси ба хатогиҳои зиёд роҳ доданатон мегардад. Баъди нисфирӯзӣ табъатон хираву дучори руҳафтодагӣ мегардед. Барои он ки муваффақият ҳамсафаратон гардад, бештар бо нафароне дар робита шавед, ки ҳамеша зиндадилу хушбин ҳастанд. Имрӯз барои изҳори муҳаббат ва харидани либос созгор нест.

Ҷаддӣ

Дар ин рӯз ба маъракаи муҳиме таъхир мекунед. Аз ин рӯ, барои ҳолатҳои фавқуллода вақти худро пешакӣ ҷудо кунед. Дар вазифае, ки айни замон қарор доред, ояндаи худро андеша намоед. Ба нафароне, ки аз сатҳи даромади худ қаноатманд нестанд, бояд аз паи пайдо намудани кори иловагӣ шаванд. Соҳибкорӣ ва тиҷорати интернетӣ яке аз роҳҳои хуби пулкоркунӣ барои шумо маҳсуб меёбад.

Далв

Вазифаи аввалиндараҷаи шумо дар ин рӯз аз хастагиҳои руҳӣ халос шудан аст. Мушкилиҳои худро дар ҳолате фаромӯш карда метавонед, ки худро пурра ба кор бахшед. Робита бо хешовандони калонсол ва хурдсол, истироҳат дар гӯшаи табиат аз манфиат холӣ нест. Баъзе зодагони мучали далв хастагии равониро дар ҳузури ҳамсуҳбати дилкаш рафъ месозанд.

Ҳут

Дар ин рӯз каме фишори руҳиро аз сар мегузаронед. Сабабгори фишори руҳиятон ҳузури нафаре мегардад, ки ба шумо писанд нест. Мушкилиҳои сарзадаро сари вақт рафъ намуда, аз кӯмаки наздикон рӯ нагардонед. Гуфтушунидҳои корӣ ва сафарҳои кутоҳмуддат бобарор анҷом меёбанд.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД