Ҳамал (21 март-20 апрел)
Ба ҳар коре, ки даст мезанед, бояд натиҷаи олиҷаноб диҳад. Бо нафароне ҳамкорӣ кунед, ки пештар якҷоя кор карда будед, вагарна кор бо нафарони ношинос шуморо руҳафтода месозад. Бо шиносҳои пешинаи худ муноқиша накунед, вагарна ҷанҷолатон чанд рӯз давом мекунад. Баъзе ҳодисаҳое, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, нақшаҳоятонро тағйир медиҳанд.
Савр (21 апрел-22 май)
Вақте сари қароре меоед, оқибати корро андеша намекунед. Аксаран бо сабаби ҳамин рафторатон атрофиён азият мекашанду худатон дар хиҷолат мемонед. Беҳтараш шитоб накунед ва барои омӯзиши вазъият истиҳола намоед. Даромади ногаҳонии пулӣ айни муддао мегардад.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Рӯзи хубест, барои муоширати касбӣ. Масаъалаҳои кориро бобарор ҳал менамоед. Аксаран ба садои дил гӯш дода, бурд мекунед, вале атрофиён мақсаду мароми шуморо дарк карда наметавонанд. Вақти худро барои фаҳмондадиҳӣ сарф насозед. Эҳтимоли он ки нақшаҳои худро барои рӯзҳои наздик тағийр медиҳед, зиёд аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯзро бо нафароне сипарӣ намоед, ки бароятон азизу дилкашанд. Дар аввал, аз ин кор хушатон меояд, баъдан аз ташвишу андуҳи беҳуда халос мешавед. Ногуфтаҳо зиёданд. Мушкилиҳои худро гуфта, боҷуръат ба пеш меравед. Сафарҳои хурд бобарор мешаванд. Шуморо ба сафари ғалативу хотирмоне даъват мекунанд.
Асад (23 июл-23 август)
Рӯзи хубест барои барқарор сохтани алоқаҳои пешина. Баъзан ба шумо ташаббус нишон додан ҳам лозим намеояд, ҳаминаш кифоя аст, ки нафари ба шумо ниёздоштаро аз худ дур насоезд. Хатогиҳоеро, ки пештар ба он роҳ дода будед, имкони ислоҳ карданашро пайдо менамоед. Ин кор аз шумо нерӯи зиёдеро талаб мекунад, вале аз натиҷааш шод мегардед. Эҳтимоли ба даст омадани даромади пулӣ дар назар аст.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз метавонед корҳои худро ба таъхир гузошта, истироҳат намоед. Эҳтимол ба ҷашну маъракае даъват мешавед. Дар ин ҷашн хабари наве мешунавед ё бо нафарони аҷиб шинос мешавед. Азбаски зотан қобилияти дарк намудани мушкили дигаронро доред, ба зудӣ бо атрофиён забон ёфта метавонед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Ба осонӣ муваффақият ба даст меоред, вале ҳолатҳое мешавад, ки на бо нерӯи худ, балки аз вазъияти мусоид бурд мекунед. Лаҳзае фаро расидааст, ки ояндаи худро бо нафароне тарҳрезӣ намоед, ки дар зиндагиятон мавқеи хоса доранд. Наздикон бо хабарҳои хуш шодатон месозанд. Хабарҳои хушро аз роҳи дур интизор бошед, ҳамзамон бо нафаре вомехӯред, ки пазмонаш гашта будед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз ба корҳои вазнин машғул нашуда, худро эҳтиёт кунед. Агар имконият дошта бошед, корҳои дилгиркунандаро ба нафаре бовар кунед. Рафту чунин имкон набошад, беҳтараш корҳоро ба таъхир гузоред. Баъди нисфирӯзӣ ба сафари дур набароед, вагарна ба ҷои хастагӣ чизе ба даст намеоред. Рӯзи хубест барои ба мағозаву бозор рафтан.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Шумо нисбати атрофиён хеле сахтгир ҳастеду худро эрка мекунед. Эҳтимол дар ин рӯз бо корҳои дилгиркунандаву якранг машғул шуданатон лозим меояд, ки аз шумо диққатнокии зиёдеро металабанд. То даме, ки корҳои худро ба анҷом нарасонед, бо кори дигаре машғул шуда наметавонед. Эҳтимоли фаромӯш ё гум кардани ашёи даркориятон дар назар аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи хубест барои муошират бо дӯстону аҳли оила ва мулоқоти ошиқона. Аз вақтгузаронӣ бо нафарони бароятон азиз шод мегардед. Дар касбу кор ба хатогиҳо роҳ доданатон имконпазир аст, вале шумо метавонед сари вақт пайи ислоҳи он шавед. Дар ин ҷода нафароне пайдо мешаванд, ки сари вақт маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Далв (21 январ-20 феврал)
Шуморо танқид мекунанд ва аксаран ин беадолатона аст. Ба танқиду эрод файласуфона назар намоед, бо вуҷуди заррае ҳақиқат надоштанаш. Баҳс карданатон дар ин рӯз маънӣ надорад. Баъди чанде маълум мегардад, ки шумо дуруст амал намудаед. Вохӯрии тасодуфӣ оғози муҳаббати шумо гашта метавонад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Кору кирдори шумо нафарони зиёдеро ба ғазаб меорад. Эҳтимол дар атрофи шумо мантиқ вуҷуд надорад, вале ба мақсад мерасед. Ба коре, ки неруи зиёд сарф карда будед, бомуваффақият анҷом медиҳед. Қабл аз он ки бо кори наве машғул мешавед, истироҳат карданатон лозим аст. Таваққуф карданатон имкон медиҳад, ки ба камбудӣ роҳ надиҳед.