Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 17-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2023
2647

Ҳамал

Дар ин рӯз тамоми мушкилу масъалаҳои пайдошударо рафъ кардан мехоҳед. Кӯшиш кунед, ки бо касе муноқиша накунед. Боандеша ва ҷасурона амал карда ба муваффақият ноил мегардед. Эҳтимоли бо рақибон рӯ ба рӯ шудану бо ҳамкорон муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Хурӯҷ намудани бемориҳои гурда имкон дорад.

Савр

Рӯзро дар танҳоӣ гузаронед. Агар маблағи пулӣ ба даст овардан хоҳед, заҳмату вақти зиёд сарф мекунед. Робитаро бо атрофиён кам кунед, таъсири манфии нафаре боиси ба ғалат роҳ додану аз даст додани маблағи пулӣ мегардад. Шахси дӯстдоштаатон шуморо аз ташвиши ногаҳонӣ, хастагӣ ва асабоният раҳо мебахшад.

 

Ҷавзо

Бе ягон сабаб нохуб гаштани табъатон ва баногаҳ нотоб шуданатон барои расидан ба мақсадҳои дар пешгузоштаатон монеа эҷод мекунад ё бо атрофиён муноқиша карданатон имкон дорад. Нафароне, ки бемории фишорбаландӣ доранд, аз тағйир ёфтани вазъи ҳаво нотоб мегарданд. Дӯстдоштаи худро бо меҳрубонӣ шод гардонед.

 

Саратон

Дар ин рӯз ҳодисае рух медиҳад, ки умре дар хотиратон нақш мебандад. Аз чизе натарсед, барор имрӯз ҳамсафари шумо мегардад. Тамоми қуввату нерӯи худро ба кор равона созед, аз натиҷаи кор хурсанд мешавед. Дӯстдоштаатон эҳсоси хавотириро аз дилатон дур месозад. Нисбати саломатии наздикон бетафовут набошед.

 

Асад

 

Дар ин рӯз муваффақият ҳамсафари шумо гашта, ҳатто дар масъалаҳои молиявӣ бурд мекунед. Корҳоеро, ки то имрӯз ҷуръати ба анҷом расонданашро надоштед, дар ҳамин рӯз амалӣ намоед. Нисбати атрофиён ба дағалӣ роҳ надиҳед. Худро ба даст гиред, вагарна нафареро сахт меранҷонед.

 

Сунбула

Дар ҷойи коратон душвориҳо ва муноқишаҳои хурд бо ҳамкорон имкон доранд. Ҳангоми аз роҳ гузаштан ҳушёр шуда, аз рух додани садамаву ҷароҳат бардоштан эҳтиёт шавед. Баҳсу мунозираҳо зиёд мешаванд. Агар тамоми рӯзро бо муноқиша гузаронидан нахоҳед, ба бадгумонӣ роҳ надода, аз баҳс худдорӣ намоед.

 

Мизон

 

Рӯзи душвор аст. Қувваву вақти зиёд сарф карда чандон маблағи хуб ба даст намеоред. Сари вақт ба мушкилиҳои пайдошуда таваҷҷуҳ намуда, вазъиятро ислоҳ карда метавонед. Дар акси ҳол асабониятатон афзуда, табъатон хира мегардаду худро бад ҳис мекунед. Аз дастгирии нафарони баобрӯ шарм надоред.

 

Ақраб

Рӯзи бобарор аст, вале ин маънои онро надорад, ки ба бепарвоӣ роҳ диҳед. Маблағи пулиеро, ки имрӯз ба даст меоред, дар як лаҳза аз даст дода метавонед. Муносибатҳои оилавӣ ё аҳди ошиқонаатон мустаҳкам мегардад. Шахси дӯстдоштаатон дар корҳоятон дастгирӣ намуда, табъатонро болида мегардонад.

 

Қавс

Дар касбу кор вақту заҳмати зиёд сарф мекунед, вале аз натиҷаи кор шод намегардед. Яку якбора табъатон нохуш гашта, худро нотоб ҳис мекунед ва дар натиҷа бо атрофиён муноқиша карданатон эҳтимол дорад. Нафароне, ки бо кори вазнини ҷисмонӣ машғуланд, дар ин шабу рӯз бояд ба саломатии худ диққат диҳанд.

Ҷаддӣ

Рӯзи муборизаи фаъол ва зиддиятҳо аст. Аз кори мекардаи худ маблағи хуб ба даст оварда наметавонед. Дар коргоҳатон душвориҳо пеш омада, бо ҳамкорон каме нофаҳмӣ рух медиҳад. Ба касе ваъдаи хушку холӣ надиҳед. Дар сафар вохӯриҳои тақдирсоз имкон доранд.

 

Далв

Рӯзи серташвиш аст. Бо корҳое, ки зиракиву диққати зиёди шуморо талаб мекунанд, машғул нашавед. Нақшаву ниятҳои худро махфӣ нигоҳ доред, душманон дар пешравиҳоятон монеа эҷод мекунанд. Хабари ташвишовар мешунавед, вале сари вақт ба мушкилиҳои сарзада диққат дода вазъиятро ислоҳ карда метавонед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед.

Ҳут

Рӯзи душвор аст. Аз гуфтани ҳарфи қабеҳ ва асабоният худдорӣ намоед. Нақшаву ниятҳои худро ба нафароне, ки чандон боварӣ надоред, фош насозед, вагарна диққати душманонро ба худ ҷалб менамоед. Хатари хаста шуданатон вуҷуд дорад. Ба саломатии дилу рагҳои хунгарди он ва узвҳои ҳозима бодиққат бошед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД