Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз вақте атрофиён бо шумо дағалӣ мекунанд, онро ба дил нагиред. Баръакс, кӯшиш кунед, ки бо ҳама муносибати хуб дошта бошеду хотири нафареро озурда насозед. Вақти он расидааст, ки ба реҷаи хӯрокхӯриатон тағйирот ворид намоед. Ғизоҳои гуногун ва аз витаминҳо бойро истеъмол кунед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз ба хотири нигоҳ доштани оромии хона бо атрофиён созиш карданро омӯзед. Дар маркази таваҷҷуҳ бошед ва аз ин фурсат истифода баред. Агар аз кори худ лаззат бурданро ёд гиред, ба муваффақиятҳои бештар ноил мегардед. Аз касе қарз гирифтану ба касе қарз доданро тавсия намедиҳем.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки дар муносибаи бо наздикон босабру оқил бошед. Аз танқиди нафарони шинохта худдорӣ намоед. Бахтатон омад мекунад ва хушхабареро, ки дербоз интизор будед, мешунавед. Агар мошини шахсӣ дошта бошед, ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз бо мақомотҳои қудратӣ тамос гирифтанро тавсия намедиҳем, зеро рӯз мусоид нест. Ваъдаи хушку холӣ доданро бас кунед, агар аз ӯҳдаи иҷрояш намебароед. Барои дар назди роҳбарият худро одами хуб нишон додан, якчанд муддат бояд дар ҳақиқат хубу масъулиятшинос бошед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз наздиконатон барои кӯмак ба шумо муроҷиат мекунанд. Агар имкон доред, ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунед. Дар муносибатҳои ошиқона ҷиддӣ буданро тавсия медиҳем. Вобаста ба вазъи боду ҳаво либос пӯшед ва худро эҳтиёт кунед. Эҳтимоли шамол хӯрданатон зиёд аст.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки ба хоҳишу ҳадафҳои худ воқеъбинона назар афканед. Тарсу ваҳмеро, ки ба пешрафти шумо халал мерасонад, аз худ дур созед. Барои машғул шудан ба корҳои ҷисмонӣ рӯзи хуб нест. Худро зиёд хаста накарда, зиёдтар истироҳат кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз саховатманд будан ба фоидаи худи шумо хоҳад буд, зеро бар ивази некиҳоятон некӣ мебинед. Агар имкони кӯмак расонидан ба касеро надоред, пас ба ӯ ваъдаи бардурӯғ надиҳед. Бемориҳои куҳна дубора хуруҷ карда, вазъи саломатиатон бад мешавад. Ба худтабобаткунӣ машғул нашавед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз хоҳиши зиёдтар кор кардану маблағ ба даст овардан дар шумо бештар мегардад. Дӯстдоштаатонро ба тарабхона даъват намуда, суҳбати ошиқона ороед ва тақдими туҳфаро аз хотир набароред. Хабари хуш мешунавед, ки он ба хона алоқамандӣ дорад. Даромади иловагӣ дар назар нест.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз на танҳо дар масъалаҳои корӣ, балки дар масъалаҳои шахсӣ низ муваффақият ҳамроҳи шумост. Аз мансабу мартабаи худ сӯистифода карданро тавсия намедиҳем. Вақте ки нафарони калонсол насиҳат мекунанд, лозим набошад ҳам, бодиққат гӯш кунед. Дар ҷойҳои серодам ҳамён ё ҷузвдони худро эҳтиёт кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯз барои ба имзо расонидани созишномаҳои тиҷоратӣ ва сафарҳои дуру наздик мувофиқу мусоид аст. Дӯстони беҳтарини худро ҷамъ карда, шабнишинӣ ороед. Ҷаддиҳое, ки дар роҳи ишқ шикаст хӯрдаанд, дубора бахти худро пайдо хоҳанд кард. Фикри таъмири хонаро аз саратон дур кунед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз бештар дар ҷойҳои серодам гашту гузор кунед, то барои фикр кардану ғӯсса хӯрдан фурсат пайдо карда натавонед. Дилтангии шумо ба амалӣ нашудани нақшаву ниятҳоятон боис шуда метавонад. Шом барои хонавода худатон хӯрок пазед. Масалан, самбӯсаи гӯштӣ ва оши паловро тавсия медиҳем.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз сабрро пеша карда, ба хатову камбудиҳои ҳамкорон чашм пӯшед. Агар ҳис мекунед, ки амалҳоятон натиҷаи дилхоҳ надода истодааст, аз он кор даст кашед. Барои хариди сару либос ва маводҳои косметикӣ рӯзи бобарор аст. Вале ҳамёни худро то охирин тангааш холӣ накунед, то моҳи дигар вақт зиёд аст.