arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 15-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2020
2794

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Шуморо лозим аст, ки ба гапу калочаи атрофиён диққат надода, аз пайи амалӣ сохтани нақшаву ниятҳои худ бошед. Вазъи саломатии шумо аз он вобастагӣ дорад, ки ҷисматон то кадом андоза душвориҳои ҷисмонӣ ва равониро бардошта метавонад. Кӯшиши муваффақ гаштану шӯҳрат ба даст овардан амалӣ мегардад.

Савр (21 апрел-20 май)

Нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед, вагарна ғайбату овозаҳои пайдошуда боиси харобшавии асабҳоятон мегарданд. Агар шумо одати пурхӯрӣ ва бо серкорӣ худро азият додан надошта бошед, дар ин рӯз саломатӣ азият намедиҳад. Барои тартиб додани нақшаҳои корӣ рӯзи мусоид нест.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз аксарият дар маркази диққати атрофиён қарор мегиранд. Вақте расидааст, ки ғурури худро нишон диҳед. Сабру таҳаммул имкон медиҳад, ки фишори рӯҳиро рафъ намоед. Дил ва сутунмуҳраро эҳтиёт кунед. Дар масъалаҳои молиявӣ маблағи пулиеро, ки интизор будед, ба даст оварда наметавонед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Аксарият мушкилиҳои сарзадаро бо шарофати робитаву алоқаҳои худ рафъ месозанд. Агар шумо зуд-зуд гирифтори зуком намешуда бошед, дар ин рӯз чизе ташвишатон намедиҳад. Чораҳои пешгирикунандаи бемориҳои илтиҳобиро диданатон лозим аст. Дар масъалаҳои молиявӣ тағйироти куллӣ дида намешавад.

Асад (23 июл-22 август)

Аз ҷониби ҳамкорон ё ҳамсояҳо дучори фиребу найранг гаштанатон имконпазир аст. Нерӯятон зиёд мегардад ва аз ин фоида ё зарар диданатон аз тарзи ғизохӯрӣ ва ҳолати рӯҳиятон вобастагӣ дорад. Дар ин шабу рӯз тамоми фикру хаёли шумо банди беҳтар сохтани вазъи молиявӣ ва даромади пулӣ мегардад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Бахту барор насиби нафарони оиладор мегардад. Вазъи равониятон ба ҳолати дилу рагҳои хунгард бе таъсир намемонад. Эҳтимоли пасту баландшавии фишори хун, пайдошаии дарди сар вуҷуд дорад. Рӯзи хубест барои нафарони эҷодкор ва нафароне, ки бо меҳнати зеҳнӣ машғул ҳастанд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар давоми рӯз барор ҳамсафари шумо мегардад, дар доираи оила обрӯву нуфузатон афзун мегардад. Дар ҷамъият, миёни ҳамкорон ва дӯстон азизу дӯстдоштанӣ будани худро эҳсос мекунед. Эҳтимоли бемор шудани ҷигар дар назар аст. Агар дар истеъмоли хӯрок андозаро нигоҳ доред, аз бемориҳо эмин мемонед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи душвор аст, бояд худро идора карданро омӯзед. Мушкилиҳои рӯз бо сабаби он сар мезананд, ки шумо дар сари эҳсос худро ба даст гирифта наметавонед. Эҳтимоли бемор шудани роҳҳои пешоброн, хуруҷ намудани дарди гурда ва узвҳои ҷинсӣ зиёд аст. Мушкилоти пулиро бе кӯмаки дигарон рафъ сохта наметавонед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи хубест барои шиносоӣ, аз он ҷумла шиносоиҳои ошиқона. Саломатиро эҳтиёт кунед, дар сурати серкорӣ ва хастагии аз ҳад зиёд бемориҳо аз худ дарак медиҳанд. Агар бо тақозои касбу кор бештар дар робита бо одамон бошед, зимни интихоб намудани ҳамкорон ва ҳамфикрон бодиққат буданатон лозим аст.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

На ҳамаи корҳои оилавиро ба осонӣ анҷом дода метавонед, айни замон дар хонадонатон сар задани муноқишаву мушкилиҳо имкон доранд. Агар пештар бемории чашмро аз сар гузаронида бошед, ҳушёриро аз даст надиҳед. Хастагии аз ҳад зиёд шуморо аз по афтонида метавонад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Барои он ки саломатиятон ташвиш надиҳад, ҷисми худро аз витаминҳо шодоб гардониданатон лозим асту асабро ором нигоҳ доштан. Майлу хоҳиши харидорӣ намудани чизҳои қиматбаҳоро мекунед. Мутаассифона, айни замон ба хароҷоти калон роҳ доданатон лозим нест.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз бештар ташаббус нишон доданатон лозим меояд. Бо нафарони аз худатон калон баҳсу мунозира карданатон имконпазир аст. Яку якбора хурӯҷ намудани бемориҳои музмину куҳна шуморо дар ҳоли ногувор мегузорад. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, ба навгонӣ роҳ доданро тавсия намедиҳем.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД