arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 15-УМИ МАЙИ СОЛИ 2024
2224

Ҳамал  

Хӯрокҳои зудтайёрро истеъмол накунед, вагарна чанд рӯзи дигар аз дарди меъда азият мекашед. Барои муътадил нигоҳ доштани вазъи молиявӣ пули худро захира намоед. Нафароне, ки роҳи муросоро намедонанд, дучори муноқишаву зиддият мегарданд. Нисбати нафаре, ки дӯсташ медоред, дағалиро раво набинед, вагарна ранҷишро аз дили ёр бо душворӣ мебароред.  

Савр  

Дар ин рӯз дучори ҳодисаҳои ногувор шуда метавонед. Агар роҳбарияти коргоҳ пешравиҳои коратонро сари вақт дида тавонад, даромади иловагӣ ба даст оварда метавонед. Дар ҷодаи муҳаббат ба сифатҳои беҳтарини шахсе, ки дӯсташ медоред, диққат диҳед. Саломатӣ ташвиш намедиҳад, вале баъди нисфирӯзӣ ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед.  

Ҷавзо

Мушкилоти асосиятон дар ин рӯз масъалаҳои молиявӣ мегарданд. Агар ҳаҷми даромади пулиятон ҳамин тавр боқӣ монад, минбаъд азоби бе пулӣ мекашед. Аз нафароне, ки замоне аз шумо рӯй гардонидаанд, кӯмаки маънавӣ напурсед. Ба доми хушомадгӯйҳо наафтед. Нафарони муҷаррадро шиносоии тақдирсоз болу пар мебахшад.  

Саратон  

Воқеаҳои имрӯз боиси асабоният ва табъи хираи шумо мегарданд. Ба хотири ба даст овардани маблағи зиёд ба корҳои хатарнок даст назанед. Вале дар ҷодаи муҳаббат ба хотири шод сохтани хотири нафаре, ки дӯсташ медоред, аз қоидаву амалҳои ҷорӣ даст кашида, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳед.  

Асад  

Дар иҷро намудани вазифаву уҳдадориҳои худ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳед. Аз ҷониби наздикон фишор ҳис кунед ҳам, ба ҷангу ҷанҷол роҳ надиҳед, вале хомӯш низ наистед. Мушкилиҳои молиявӣ бобарор рафъ мегарданд. Аз машқҳои варзишӣ ва ҳаммоми гарм худдорӣ намоед, вагарна нотоб мегардед. Ба дӯстдоштаи худ дурӯғ нагӯед.  

Сунбула  

Дар бораи ҳолати молиявии худ барои рӯзҳои минбаъдина андеша карданатон лозим аст. Агар аз имрӯз сар карда, барои рӯзи мабодо пул ҷамъ карданро сар кунед, дар оянда чандин мушкилоти худро рафъ месозед. Бегоҳирӯзӣ аз пурхӯрӣ ва муносибати маҳрамона худдорӣ намоед, вагарна нотоб гаштанатон имконпазир аст.  

Мизон  

Дар оилаи нафароне, ки ба наздикӣ издивоҷ намудаанд, нофаҳмиву зиддият дида мешавад. Мушкилоти рӯзгор асабатонро хароб ва ҳамсаратонро дилсард месозад. Зудтар роҳи муросо намуданро пайдо намуда, аз дарди сар халос мешавед.  

Ақраб  

Дар ин рӯз ниқоби шахси ҷиддӣ ва якравро аз худ дур намоед. Бо нафароне, ки ҳамкории тиҷоратӣ карданӣ ҳастед, аз дидани чеҳраи хандону хушгӯиҳоятон хушҳол мегарданд. Дар ҷодаи муҳаббат ба комёбии осон умед набандед. Агар дили дӯстдоштаатонро ба даст биёред, минбаъд низ меҳрубониро дареғ надоред.  

Қавс  

Дар масъалаҳои корӣ ба саросемагӣ роҳ надиҳед, дар ҳар амали худ андеша намоед. Дар ҷодаи муҳаббат нафарони муҷаррад бояд ҳарчи зудтар аз пайи издивоҷ шаванд. Баъди нисфирӯзӣ ба сафар мебароед. Саломатии худро дар ҷои аввал гузоред, бепарвоӣ бар зарари худатон аст.  

Ҷаддӣ  

Дар ин рӯз маҳорати касбии худро аз даст надиҳед. Мушкилиҳои корӣ муваққатиянд, аз ин рӯ, руҳафтода нашавед. Ҷаддиҳои муҷаррад ҳамсафари ҳаётии худро пайдо карда наметавонанд, вале ин маънои онро надорад, ки нисбати саломатӣ бепарво бошед.  

Далв  

Зимни робита бо аҳли оила дучори дилсардиву номеҳрубонӣ мегардед, ки сабабашро ҳеҷ фаҳмида наметавонед. Дӯстдоштаи худро дар ҳоли яъсу ноумедӣ дида, дарҳол ба кӯмакаш мешитобед. Вазъи молиявӣ ташвиш намедиҳад, вале ин муваққатӣ аст.  

Ҳут  

Дар ин рӯз аз хеши наздики худ кӯмаки калони молиявӣ мегиред. Шуғли дӯстдоштаатон даромади хуб меорад. Нафарони оиладор хабари хуш мешунаванд. Барои ба мағозаву бозор рафтанатон рӯзи мусоид аст. Вазъи саломатӣ аз оромии асабҳо вобастагӣ дорад. подробнее

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД