Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 15-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2023
15.06.2023
Mirsaid
2648

Ҳамал

Дар ин рӯз аз ғайбат ё муҳокима кардани нафаре худдорӣ намоед, вагарна ҳар гапе, ки мегӯед, бар зидди худатон бармегардад. Айни замон нерӯятон зиёд гашта, ба ҳама гуна душвориҳо тоб оварда метавонед. Танҳо дар амалҳои нек ба кӯмаки нафаре умед баста метавонед.

Савр

Дар ин рӯз робитаҳои пештараатонро, ки бо сабабҳои номаълуме канда шуда буданд, аз нав барќарор месозед ва бо шарофати дӯстони нав мушкили деринаи худро рафъ месозед. Уҳдадориҳои дигаронро ба дӯши худ нагиред, зеро бо ин амал фоидае ба даст намеоред. Ба саломатии худ диќќат дода, бо варзиш машғул шавед.

Ҷавзо

Рӯзи душвор аст. Ҳама гуна фаъолияти тиљоратӣ боиси аз даст додани маблағ мегардад. Таваккал кардану муносибати беандеша нисбати кор садди роҳи ба маќсад расиданатон мегардад. Сабру таҳаммулро пеша намуда, дар муносибатҳои ошиќона бурд мекунед.

Саратон

Бо вуҷуди он ки имрӯз нерӯи зиёд доштани худро эҳсос мекунед, аз ҳад зиёд ба хастагӣ роҳ надиҳед. Дар акси ҳол ба саломатиятон зарар мерасад. Аз даромади пулие, ки имрӯз ба даст меоред, шукрона карда, кӯшиши ба даст овардани чизеро, ки бароятон дастнорас аст, накунед.

Асад

Дар ин рӯз мулоќоти ошиќона ё вохӯриҳои дӯстона дар назар аст. Барои сайру саёҳат, хариду фурӯши хона ва хариди калон рӯзи бобарор аст. Нисбати шиносони нав бодиќќат бошед. Агар айни замон бо нафаре шинос шавед, ин шахс дар ҳаётатон наќши муҳим мебозад.

Сунбула

Дар ин рӯз корҳоеро, ки ба шумо эҳсоси ќаноатмандӣ намеоранд, ба таъхир гузоред. Ҳар хабари шунидаатонро нағзакак санљида, дурустияшро муайян намоед. Агар мавќеи хешовандон, ҳамкорон ё шахси дӯстдоштаатон аз шумо фарќ мекарда бошад, руҳафтода нашавед. Аз пурхурӣ намоед.

Мизон

Барои саломатӣ рӯзи бебарор аст. Хусусан бонувон бояд хеле боэҳтиёт бошанд, вагарна нерӯи пасти ҷисмонӣ боиси як қатор бемориҳо гашта метавонад. Аз ҳама гуна асабоният ва корҳои вазнини љисмонӣ худдорӣ намоед. Ба мушкилиҳои хурд диќќат надиҳед, бо мурури замон ҳамааш мегузарад.

Ақраб

Дар љодаи касбу кор мувафаќ мегардед. Наќшаву ниятҳоятон амалӣ мегарданд. Кӯшиш намоед, ки дар ин рӯз ба нафаре хизмат нарасонед, хусусан агар аз шумо инро хоҳиш накарда бошанд. Нисбати наздикони худ сабру таҳаммулро пеша намоед. Меҳрубонӣ нисбати атрофиён натиљаи хуб ба бор меорад.

Қавс

Барои робита бо шарикони корӣ, барои илмомӯзӣ ва оғози кори нав рӯз номусоид аст. Дар ин рӯз аз ваъда додан, суҳбатҳои нодаркор ва кор бо ҳуҷатҳо худдорӣ намоед. Санљишу имтиҳони тақдирро бо шахси наздик ё нафари дилпуратон паси сар карда метавонед. Ба саломатии худ ва саломатии наздикон бодиќќат бошед.

Ҷаддӣ

Рӯзи хубест барои хариди калон, бастани аќди никоҳ ва кӯчидан ба хонаи нав. Корҳои худро дуруст ба наќша гирифта, аз нобарориҳо халосӣ меёбед. Аз кӯмаки нафаре истифода бурда, изҳори миннтадорӣ карданро фаромӯш насозед. Ба саломатии худ бодиќќат бошед.

Далв

Бо сабаби зиёд шудани кор ва вазъи нохуби молиявӣ, ки вақту қувваи зиёдро сарф карданатон лозим меояд, аз ҳоли наздикони худ бехабар мемонед. Саломатии аксари далвҳо дар хатар ќарор дорад. Давоми моҳ аз чораҳои пешгирикунандаи бемориҳо истифода бурда, эҳтимоли бемориҳои музминро кам намоед.

Ҳут

Рӯзи душвор аст. Кӯшиши аз зиндагии пурмољаро гурехтану кунљи танҳоӣ љустанатон боиси ранљидани наздикон мегардад. Баъди нисфирӯзӣ дар муносибатҳои ошиќона ё оилавӣ нофаҳмӣ сар мезанад. Аз чорабиниҳое, ки ба касбу коратон таъсири мусбӣ мерасонанд, дур намонед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД