Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 15-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2021
3064

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Агар ба мақсад расидан хоҳед, кӯшиши зиёдро ба харҷ диҳед. Дар давоми рӯз бо ҳамкорон муноқиша ва бо дӯстон баҳсу мунозира мекунед. Нимаи дувуми рӯз мулоқоти ошиқонаро ба нақша гиред. Пойафзоли пошнабаланд напӯшед, эҳтимоли афтида, ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Нуқтаи назари худро баён намуда, бисёриҳоро меранҷонед. Ҳатто бо нафарони воломақом баҳс карда, ба худ душман мехаред. Аз бехобӣ азият мекашед ва асабонӣ мешавед. Бо нафароне робита кунед, ки буданашон боиси болидарӯҳиятон бошад. Меҳрубониро танҳо ба дӯстдоштаи худ раво бинед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз бо нафарони калонсоли оила нофаҳмӣ ба миён меояд. Муносибатҳои ошиқонае, ки имрӯз сар мезананд, то ақди никоҳу тӯй рафта мерасанд. Аз истеъмоли хӯрокҳои вазнин худдорӣ намуда, бештар меваю сабзавот ва хӯриш истеъмол намоед. Аз надоштани пул ташвиш накашед, вазъият хуб хоҳад шуд.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Ба он суолҳое, ки вақтҳои охир азиятатон медод, посух пайдо мекунед. Бо наздиконатон муноқиша мекунед, аммо ба ҷанҷоли калон роҳ надиҳед. Ба дарди сар гирифтор мешавед. Бепарвоӣ накарда, ба духтур муроҷиат кунед. Маҳс гирифтан ба шумо фоида дорад. Дӯстдоштаатонро пеш аз мулоқот огоҳ кунед.  

Асад (23 июл-22 август)

Миёни шумову атрофиён нофаҳмӣ ба вуҷуд меояд. Ҳатто бо дӯстони наздикатон забон ёфта наметавонед. Баъзеҳо аз гуфтаҳои худ пушаймон мешаванд. Кори муҳимро фаромӯш карданатон мумкин аст. Саломатиатон ташвиш намедиҳад, аммо ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед. Ҳар субҳ машқи бадан кунед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз шуморо лозим аст, ки кордонии худро ба дигарон ҳам нишон бидиҳед. Дӯстдоштаи шумо танҳо будан мехоҳад, ба ӯ фишор наоред ва шубҳа ҳам накунед. Фикри саломатиро накунед, зеро кори вазнин шуморо баръакс болидарӯҳ мекунад. Истироҳат карда наметавонед, беҳуда кӯшиш накунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз роҳи беҳтар сохтани зиндагиро пайдо мекунед. Атрофиён аз шумо кӯмак мепурсанд. Ёрӣ расонидан хуб аст, аммо иҷозат надиҳед, ки шуморо ба фоидаи худ истифода баранд. Аз корҳои вазнин худдорӣ намуда, саломатиро аз даст надиҳед. Хароҷотатонро таҳти назорат бигиред.   

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар нимаи аввали рӯз корҳои нисбатан муҳимро ба нақша нагиред. Нимаи дувуми рӯз корҳоятон он қадар барор мегиранд, ки ҳатто дигарон рашк мекунанд. Вазъи саломатиатон аз хушҳолӣ ва болидарӯҳӣ низ вобастагӣ дорад. Дӯстдоштаатон ба меҳрубонии шумо эҳтиёҷ дорад, дар канораи ӯ бошед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз дар ҳаққи шумо бадгӯиҳои зиёд мекунанд. Овозаҳои дурӯғро рад кунед, вале ҳақиқатро пинҳон накунед. Баъзе атрофиён бо шумо рафтори ноадолатона доранд. Чизи гаронбаҳоеро гум карда, бар ивазаш даромади пулӣ ба даст меоред. Барои он ки корҳоятон хуб ҷараён гиранд, аз рӯйи нақша амал кунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз барои хариди калон рӯзи хуб аст. Агар бо амри дил амал намоед, даромади иловагӣ ба даст меоред. Субҳгоҳон ба варзиши сабук машғул шавед. Корҳои нотамом шуморо ором намегузоранд, аммо барои тамом кардани онҳо маблағи бештаре лозим аст, ки шумо онро айни ҳол дар даст надоред.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзатон аз субҳ бобарор оғоз мешавад. Метавонед бо дили пур ба бозору мағоза биравед. Сафарҳои ғайринақшавӣ бобарор анҷом меёбанд. Дар муносибат бо нафари дӯстдошта бо сабру таҳаммул бошед ва муноқиша накунед. Барои кӯмак ба дигарон рӯзи мувофиқ аст. Парҳез саломатии шуморо хубтар мекунад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз бинобар серкорӣ вазъи саломатиатон бад мешавад. Эҳтимоли ба даст овардани даромади ловагӣ дар назар аст. Ҳатто ҳутҳое, ки дар соҳаи савдо таҷриба надоранд, бурд мекунанд. Лимӯчой ва оббозӣ дар оби гарм ба шумо фоида мерасонад. Ҳутҳое, ки бо дӯстдоштаашон қаҳрӣ буданд, оштӣ мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД