sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 15-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2021
3584

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Воқеаҳои имрӯз хавотириатонро зиёд карда, аз пешомади баде гувоҳӣ медиҳанд. Нобарориҳо асосан ба қисмати молиявии зиндагиятон таъсир мерасонанд. Эҳтимоли ба доми дузду ғоратгарон афтиданатон дар назар аст. Ҷиҳози қимматбаҳои худро эҳтиёт кунед ва дар ҷойҳои серодам нагардед.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз фишори рӯҳӣ ва бад шудани вазъи саломатиятон имкон дорад. Душманон мушкилии зиёдеро ба саратон меоранд. Мутаассифона, онҳо аз асрори шумо бохабар мегарданд ва ин боиси сар задани тағйиротҳои манфӣ дар зиндагиятон мегардад. Бонувон бояд нисбати дӯстдошта ё шарики умри худ бодиққат бошанд.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи сермаҳсул аст. Дар ҳаётатон имкони бурдборӣ фароҳам меояд ва барои аз он истифода бурдан корчаллон буданатон лозим аст. Шумо пайваста талош ба зиндагии беҳтаре доред, вале фаромӯш насозед, ки барои расидан ба муваффақият роҳҳои зиёде мавҷуданд. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷуед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Барои рафъ намудани мушкилиҳои молиявӣ рӯзи бобарор аст. Саросемавор ба коре даст назанед. Ба маслиҳати атрофиён гӯш андозед ва оқибати амалатонро андеша намоед. Дар ин рӯз хонаву ҷойи зисти худро ба тартиб даровардан муяссаратон мегардад. Ба дастгирии молиявӣ умед баста метавонед.  

Асад (23 июл-22 август)

Муносибататон бо наздикон ё яке аз ҳамкорон вайрон гашта, барои ба худ омадан сабру таҳаммули зиёд лозим мешавад. Агар ором шуда, ба ҳодисаи рухдода ба таври дигар нигаред, дар рафтори худ камбудиҳои зиёдеро пайдо мекунед. Барои он ки рӯзатон бобарор анҷом ёбад, аз танқид худдорӣ намоед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи душвору хатарнок аст. Шуморо ҳодисаҳои ногувор интизор аст, аз ин рӯ, аз гуфтори беандеша худдорӣ намоед. Дар муносибатҳои ошиқона ҳам шодиву нишот ва ҳам хастагиву дилмондагӣ имкон дорад. Хабаре, ки мешунавед, шуморо маҷбур месозад, ки аз нафаре кӯмаку дастгирӣ пурсед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз диққати худро ба вохӯриву эҷодкорӣ равона созед. Агар тамоми нерӯи худро ба кор баред, аз ӯҳдаи тамоми корҳои нотамом мебароед. Ба меҳмонӣ рафтану қабули меҳмон хуб аст. Агар барои заҳмати якҷоя кашидаатон маблағи хуб ба даст наоред, ҳатман эътироз баён кунед ва аз ҳамкорӣ даст кашед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Нисбати дӯстдоштаатон бодиққат бошед, то ки аз ногувориҳо дар амон монед. Душманон дар роҳатон фитна меангезанд ё зимни робита бо намояндагони ҷинси муқобил хафагиву ранҷиш имкон дорад. Сабру таҳаммулро шиори худ намоед. Дар масъалаҳои молиявӣ ба амри дил гӯш андохта, бурд мекунед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Табъатон болида менамояд, вале ин ниқобест, ки тавассути он аз ташвишҳо панаҳ меёбед. Ба меҳмонӣ рафтану қабули меҳмон имкон дорад. Аз истеъмоли хӯрокҳои серғизо ва пурхӯрӣ худдорӣ намоед, вагарна аз дарди меъда азият мекашед. Ба нафаре, ки дар ин рӯз изҳори муҳаббат мекунад, бовар накунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи хубест барои машғул шудан бо тиҷорат. Пешниҳодҳои судманд ва даромади пулӣ имкон доранд. Барор дар муносибатҳои заношавҳарӣ низ шуморо ҳамсафар мегардад. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба назди фолбину ҷодугар наравед ва ба онҳо бовар накунед, вагарна ба саратон душвориҳои азиме меоянд.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи серташвиш аст. Диққати худро ба ҳодисаҳои муҳимтари рӯз равона созед. Шумо аз ӯҳдаи тамоми корҳо ба хубӣ мебароед. Барои фаъолияти минбаъда рӯзи бобарор аст. Аз пешниҳодҳои дилфиреб худро ба даст гиред. Қабули меҳмон ё ба меҳмонӣ рафтан хуб анҷом меёбад. Шом хабари хуш шунида, хурсанд мешавед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз дилатон майли тағйирот намуда, чизеро дар ҳаёти худ дигаргун сохтан мехоҳед. Робита бо дӯстон, вохӯрӣ бо нафарони аҷиб ё ҷустуҷӯҳои эҷодӣ эҳсоси қаноатмандӣ меоранд. Бемории худро бо дорувориҳои таскинбахш табобат карда наметавонед, беҳтараш ба мутахассис муроҷиат намоед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД