goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 14-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2026
756

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз барои оғоз кардани муносибатҳои ошиқона чандон муносиб нест, аз ин рӯ аз баҳсу нофаҳмиҳо дурӣ ҷӯед. Агар бо дӯст ё наздикатон ранҷиш дошта бошед, барои оштӣ шудан қадам гузоред. Барои одамони эҷодкор рӯзи бобарор аст ва идеяҳои хуб метавонанд натиҷаи аъло диҳанд. Вазъи молиявӣ муътадил мешавад, аммо сармоягузории калонро боэҳтиёт анҷом диҳед. Аз стресс дурӣ ҷуста, ба саломатии худ бештар аҳамият диҳед.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз барои кумак ба дигарон ва корҳои ҷамъиятӣ рӯзи хуб аст. Муносибат бо шахси дӯстдошта ва аъзои оила гармтар мешавад. Дар кор сабру тоқат ва масъулият нишон диҳед, зеро баъзе мушкилиҳои ғайричашмдошт имкон доранд. Агар ҳоло вазъи молиявиатон чандон хуб набошад, хавотир нашавед, ба зудӣ беҳтар мешавад. Варзиш ва истироҳати фаъол ба шумо нерӯи тоза мебахшанд.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Суҳбат дар бораи нақшаҳои муштараки оянда муносибатҳои шуморо мустаҳкам мекунад. Эҳтимол баъзе нақшаҳо бо сабаби ҳолатҳои ғайричашмдошт ба таъхир гузошта шаванд. Дар гуфтор эҳтиёткор бошед ва пеш аз ҳар сухан хуб андеша кунед. Ҳатто агар даромадатон зиёд шавад ҳам, маблағро сарфакорона истифода баред. Агар худро каме беҳол ҳис кунед, аз корҳои хатарнок худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз оғози муносибати ҷиддӣ ва устувор имконпазир аст, агар шумо барои он омода бошед. Каме танҳоӣ ба шумо фоида меорад, вале аз аҳли оила низ ғофил нашавед. Нимаи аввали рӯз барои ҳуҷҷатгузорӣ ва бастани шартномаҳо мусоид аст. Пешниҳодҳои тиҷоратии шубҳанокро қабул накунед. Барои тарзи ҳаёти солим қадам гузоред ва аз одатҳои зараровар даст кашед.

Асад (23 июл-23 август)

Дар зиндагии шахсӣ тағйироти мусбат ва шиносоии нав имконпазир аст. Агар оиладор бошед, ба корҳои хона ва қабули меҳмонон машғул мешавед. Дар кор бо неру ва шавқи зиёд фаъолият мекунед. Аз гирифтани қарз ва хароҷоти зиёдатӣ худдорӣ кунед. Агар дандонатон дард кунад, муроҷиат ба духтурро ба таъхир нагузоред.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Эҳсосоте, ки имрӯз шуморо саргардон кардааст, дер давом намекунад. Ба ҳиссиёти гузаранда таслим нашавед ва ба андешаи шарики зиндагӣ низ гӯш диҳед. Рӯз барои бастани шартномаҳо ва ҳамкориҳои нав хеле мувофиқ аст. Агар хоҳед, метавонед барои худ чизҳои зебо ва зарурӣ харед. Барои нигоҳ доштани нерӯ, реҷаи дурусти истироҳат ва хобро риоя кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Агар миёни шумо ва шахси дӯстдошта нофаҳмӣ пеш ояд, оромиро нигоҳ доред ва гузаштаро ба баҳс накашед. Муносибат бо хешовандон беҳтар мешавад ва вақти бештарро бо оила гузарондан ба шумо рӯҳияи хуб мебахшад. Мулоқотҳои кориро беҳтараш ба рӯзи дигар гузоред. Аз қабули қарорҳои саросемавор, махсусан дар масъалаи иваз кардани ҷойи кор, худдорӣ кунед. Барои оромиши рӯҳӣ ба табиат ё ҷои ором равед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Агар муносибати нав оғоз карда бошед, аз шахси дӯстдошта талаботи зиёд нагузоред. Бо наздикон баҳс накунед, зеро нофаҳмиҳо метавонанд ҷиддӣ шаванд. Баъзе нақшаҳо ҳоло амалӣ намегарданд, бинобар ин сабр кунед. Дар масъалаҳои молиявӣ бахтатон баланд мешавад, вале аз ҳад зиёд таваккал накунед. Барои нигоҳубини мӯй ва зебоӣ рӯзи муносиб аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Хушбахтии худро ба ҳар кас нақл накунед, зеро на ҳама аз муваффақияти шумо хурсанд мешаванд. Сабру бахшиш ба беҳтар шудани муносибатҳои оилавӣ ва ҳатто вазъи молиявӣ мусоидат мекунад. Барои пешрафти касбӣ танҳо каме кӯшиши бештар лозим аст. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳо ва маблағҳо бодиққат бошед. Барои мустаҳкам кардани масуният бештар ба варзиш машғул шавед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯзро беҳтараш бо шахси дӯстдошта дар фазои ором гузаронед. Эҳтимоли асабоният ва фишори равонӣ вуҷуд дорад, аз ин рӯ аз баҳсҳои беҳуда дурӣ ҷӯед. Агар пештар коре муваффақ нашуда бошад, имрӯз метавонед онро аз нав оғоз кунед. Ба қувваи худ такя кунед ва ҳангоми бастани шартномаҳо эҳтиёткор бошед. Барои рафъи хастагӣ бештар дар ҳавои тоза сайр кунед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Шахси дӯстдошта омода аст шуморо дастгирӣ кунад, пас бо меҳрубонӣ посух ҷавоб диҳед. Аввал корҳои муҳимро анҷом диҳед, сипас метавонед барои харид равед, зеро рӯзи муносиб аст. Муоширати хуб ва қобилияти ёфтани роҳи созиш ба шумо дар кор муваффақият меорад. Гарчанде баъзе мушкилот пеш оянд ҳам, бо талош ва эътимод онҳоро паси сар мекунед. Рӯҳияи шумо орому устувор хоҳад буд.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз таваҷҷуҳи шахсони зиёд ба шумо ҷалб мешавад ва эҳтимоли шиносоии ҷолиб вуҷуд дорад. Дар оила масъалаҳое, ки пештар баҳсбарангез буданд, бо роҳи созиш ҳал мешаванд. Шиносоии нав метавонад барои пешрафти кор ва пайдо шудани имкониятҳои тоза мусоидат кунад. Дар тиҷорат бахтатон баланд мешавад. Ба ғизои худ диққат диҳед ва аз хӯрокхӯрии саросемавор худдорӣ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД