arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 13-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2020
2658

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бештар бо мушкилии дӯстону наздикон машғул мешавед. Бо нафароне, ки дар ҷамъият обрӯву эътибор доранд, муносибати худро бад накунед. Ситораҳо мегӯянд, ҳатто барои нафари наздиктаринатон ба ин кор роҳ надиҳед. Муноқишаҳое, ки давоми рӯз сар мезананд, бо айби шумо рух медиҳанд.

Савр (21 апрел-20 май)

Саврҳое, ки дар ин рӯз нияти оиладоршавиро доранд, дар бораи дӯстдоштаашон ҳар гуна овозаву ғайбатҳои бардурӯғ мешунаванд. Ба хотири он ки як умр ангушти пушаймонӣ нагазед, ба хабарҳои шунидаатон бовар накунед. Бемориҳои музмин дар ин рӯз хурӯҷ мекунанд. Ба реҷаи хоб ва хӯрокхӯрии худ аҳамият диҳед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз бо нафароне робита мекунед, ки мушкилиҳои ҷиддии шуморо бояд рафъ созанд. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳои молиявӣ масъулияту кордониро аз даст надиҳед. Эҳтимоли ба ғалату иштибоҳ роҳ доданатон вуҷуд дорад. Пул ва масъалаҳои молиявӣ мушкилии асосии имрӯзаи шумост.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз барои таъмири хонаву дар ва таъмини зиндагиатон андаке маблағи бештар сарф мекунед. Дар ҷодаи муҳаббат мушкилии хурдакаке сар мезанад. Духтарон аз дугонаҳои худ маслиҳат мепурсанд. Мардҳо вақти худро бо дӯстону ҳамсояҳо мегузаронанд. Зиёд инҷиқӣ накунед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ба хотири шод сохтани хотири наздикон туҳфаву армуғони зиёдро ба кор мебаред. Ғамхориву меҳрубонӣ ва самимияти шумо дар ин рӯз зиёд мегардад. Асадҳое, ки аз ишқи худ ҷудо шудаанд, имрӯз имкони оштӣ кардан бо ёри худро пайдо мекунанд. Ғаму андуҳро аз дил дур созед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз бемории яке аз нафарони наздикатон боиси ташвишу изтироби шумо мегардад. Мутаассифона, дар оилаатон нофаҳмиҳои зиёд сар мезананд. Корҳоятон пеш рафта, даромади хуб низ ба даст меоред. Ба шумо муяссар мегардад, ки имрӯз қарзҳои худро баргардонед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз хеле зудранҷ мешавед. Аз камтарин гапи дағал ранҷида, гиря мекунеду аз атрофиён дилмонда мешавед. Хусусан, бонувон аз фишори рӯҳӣ эмин монда наметавонанд. Ғаму андӯҳи ошиқонаи мизонҳо ба нафаре алоқаманд аст, ки замоне девонавор дӯсташ медоштанд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ақрабҳо бо тахт намудани ҳуҷҷатҳои муҳими оилавӣ машғул мешаванд. Маъракаву вохӯриҳо зиёд мегарданд, ба ҳамин хотир, корҳову вохӯриҳои худро пешакӣ ба нақша бигиред. Имрӯз хабари тавлиди тифл ё таваллуд кардани нафареро шунида, хурсанд мешавед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз барои худ вақт ёфта наметавонед. Давоми рӯз ба хонаатон меҳмон меояд ё худатон ба меҳмонӣ меравед. Бонувон масъулияти иловагиро бар дӯш гирифта, аз ин кор даромади хуб ба даст меоранд. Мардҳо бошанд, сабабҳои амалӣ нашудани нақшаву ниятҳои худро меҷӯянд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз нафареро танқид карда, хотирашро сахт озурда месозед. Бодиққату эҳтиёткор бошед ва ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Давоми рӯз кӯшиш кунед, ки камтар кор кунед, вагарна бо сабаби зиёд будани корҳоятон нофаҳмиҳо ба миён меоянд. Бо нафаре, ки қудрати бештар дорад, моҷаро карданро тавсия намедиҳем.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз агар сари вақт забони худро нигоҳ надоред, эҳтимол аз ҷои коратон хориҷ мегардед. Рӯз барои онҳое, ки дар ҳама кор таваккал мекунанд, созгор нест. Аз муноқишаву низоъ дурӣ ҷӯед. Муносибатҳои ошиқонаатон хеле хуб ҷараён мегиранд, аммо як сирри махфиатон ошкор мешавад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз аз ҳиллаву найранг худро дур гиред ва ростиву росткориро аз даст надиҳед, вагарна дучори мушкилиҳое зиёде мегардед. Мардҳо имрӯз бетоқат ва зудранҷ мешаванд. Саломатиатон ташвиш намедиҳад, аммо ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед. Боду ҳаворо нигоҳ карда, либос ба бар кунед. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД