arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 13-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2020
2786

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ба касе бовар накунед, ҳатто ба нафароне, ки хеле хуб мешиносед. Аз содагиву зудбоварии шумо истифода бурда метавонанд. Дар муносибатҳои ошиқона ҳамдигарфаҳмӣ дида мешавад. Аз фурсат истифода бурда, боварӣ ва эътимоди дӯстдоштаи худро ба даст биёред. 

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки ба хотири солимии ҷигаратон аз пурхӯрӣ худдорӣ намоед. Ба ғайр аз беморӣ ва ҷароҳатҳо, фикру андешаҳои мағшуш, одатҳои бад ва асабоният низ ҳолатонро табоҳ месозад. Эҳтимоли азоби бехобӣ кашиданатон зиёд аст. Аз доруҳои оромкунанда истифода бурда метавонед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Нисбати ӯҳдадориҳои касбу кор хеле бодиққат буданатон лозим аст. Мулоқоти ошиқона ё рафтори ноҷои дӯстдоштаатон сабаби дилмондагӣ мегардад. Муноқишаи сарзадаро танҳо тавассути суҳбати ошкорову самимӣ рафъ карда метавонед. Даромади иловагӣ дар назар нест, ба умед нашавед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ҳар мушкиле, ки пайдо мешавад, бо қувваи худ рафъ сохта метавонед. Дӯстдоштаатон бе кӯмаку дастгирии шумо наметавонад. Бо варзиш машғул шавед. Маслиҳати мазкур барои нафароне, ки хароб шудан мехоҳанд, судманд аст. Ҳамчунин, ба реҷаи хӯрокхӯриатон диққат диҳед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз танҳо монданро тавсия намедиҳем, вагарна фикру андешаҳои мағшуш ба саратон роҳ меёбанд. Вақти худро бо дӯстон, ҳамкорон ва аҳли оила гузаронед. Ба ҳар коре, ки бо пул алоқамандӣ дорад, боэҳтиёт амал намоед. Ба ҳар гуна пешниҳодҳои шубҳанок розӣ нашавед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз чунон танбал мешавед, ки аз ӯҳдаи корҳои худ ва масъалаҳои муҳим баромада наметавонед. Сари вақт ин корҳоро ба дӯши нафари дигаре бор кунед, то мушкилӣ пеш наояд. Ба саломатӣ диққати хоса диҳед, баъзе нишонаҳои бемориҳоро аз эътибор дур насозед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи душвор аст, фишори рӯҳиро бо осонӣ рафъ карда, нерӯи аз даст додаро барқарор карданатон лозим аст. Асаб ва рӯдаи ғафс дар ҳолати хатар қарор доранд. Аз сигоркашӣ худдорӣ намуда, дар утоқҳои гарм дурудароз қарор нагиред. Дар ин рӯз машқи бадан фоидабахш аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Диққати аксари зодагони мучали ақраб ба муносибатҳои ошиқона равона мегардад. Рӯзи хубест барои пайдо намудани муҳаббати асил. Мутаассифона, дар ин ҷода дучори монеаҳо мегардед. Нафароне, ки бахти худро аллакай пайдо намудаанд, дар муносибатҳои худ дилсардӣ ва хафагиро эҳсос мекунанд.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Бо вуҷуди душвориҳо рӯзи бобарор аст. Барои он ки бемор нашаведу ҷароҳат набардоред, аз шумо эҳтиёткорӣ талаб карда мешавад. Барои аксари зодагони мучали қавс хеле душвор аст, саломатиро хуб нигоҳ доштан, хусусан, ҷигар ё асаби сурин осеб дида метавонад. Аз фикру андешаҳои мағшуш нерӯятон кам мегардад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи душвор аст, бемориҳо аз худ дарак дода, ҳолати рӯҳиятон низ чандон хуб нест. Диққати хосаро ба узвҳои пешоброн равона намоед, эҳтимоли сар задани бемориҳои гурда, бемориҳои сироятӣ ва ҷароҳат бардоштан зиёд аст. Аз ҷароҳат бардоштани устухонҳо ва мавзеи миён эҳтиёт шавед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз барои тағйиротҳое, ки ба касбу коратон алоқамандӣ дорад, мусоид нест. Ҷой намудани усулҳои нав танҳо хароҷот ва мушкилот меорад. Ҷустуҷӯи сарчашмаи нави даромад ё иваз намудани ҷодаи фаъолият беҳуда ва амали бе андеша аст. Вазъи молиявиатон аз нафарони дигар сахт вобастагӣ дорад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи душвор аст, хусусан, барои нафароне, ки фаъолияташон бо кори савдо, сафар ва робитаҳои шахсӣ алоқамандӣ дорад. Маҳдуд гаштани имкониятҳои худро эҳсос намуда, дар баён намудани фикру андеша душворӣ мекашед. Барои омӯзиш рӯзи мусоид нест, зимни сафарҳо монеаҳо пеш меоянд.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД