arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 12-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
2489

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ба шахсе, ки шуморо дӯст намедорад, дил набандед ва орзуву ҳавасҳои беҳударо аз сар дур созед. Як хеши дуратон ба шумо кӯмаки молиявӣ мерасонад. Нисбат ба саломатии худ бепарво набошед. Дар ҳолати хуруҷ кардани ягон навъи беморӣ дарҳол ба тибиби оилавӣ занг занед ва машварат пурсед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз хабареро мешунавед, ки то дер ба худ омада наметавонед. Фавран аз пайи рафъ сохтани мушкилиҳои молиявӣ шавед, вагарна вазъият печидатар шуда, ҳолатон бад мешавад. Аз одатҳои бад худдорӣ кунед, зеро саломатиатон аз худи шумо вобастагӣ дорад. Нисбати дӯстдоштаатон бепарво нашавед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Ҷавзоҳое, ки имрӯз ба сафари роҳи дур баромадан мехоҳанд, бояд хуб тайёрӣ бинанд. Ҳангоми сафар маблағи зиёд сарф мекунед, вале онро ба зудӣ барқарор хоҳед кард. Азбаски масунияти шумо мустаҳкам аст, аз бемории зуком ба зудӣ халос мешавед. Барои вохӯриҳои ошиқона рӯзи мусоид аст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз мушкилиҳои ба саратон омадаро бо дурандешӣ рафъ созед. Дар сарф кардан маблағ аз ҳад нагузаронед, вагарна рӯзҳои дигар аз бепулӣ азоб мекашед. Сайругашти бегоҳирӯзӣ ҳамроҳи дӯстдоштаатон на танҳо табъатонро болида, балки саломатиатонро низ беҳтар мекунад.

Асад (23 июл-22 август)

Барои исбот кардани бартариҳои худ ва ҳангоми робита бо наздикон ба танқиду тундгуфторӣ роҳ надиҳед. Асадҳои оиладор бояд бо ҳамсарашон муносибати хубро ба роҳ монанд. Маблағи пулиеро, ки интизор будед, имрӯз ба даст оварда наметавонед. Фаромӯш насозед, ки пешгирӣ аз табобат беҳтар аст.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Агар хислатҳои бади худро тағйир дода тавонед, аз баҳсу муноқиша эмин мемонед. Бо нафароне, ки ҳеҷ забон ёфта наметавонистед, имрӯз муносибататон хуб мешавад. Барои иваз намудани касбу кор ва иваз намудани ҷои зист низ рӯзи бобарор аст. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат булҳавас нашавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз чизе садди пешравиатон шуда наметавонад. Дар ҷодаи муҳаббату дӯстдорӣ ҳамдигарфаҳмӣ дида мешавад. Нафарони воломақом дар масъалаҳои молиявӣ ба шумо кӯмак карда метавонанд. Бо нафарони калонсоли оила хуб муносибат кунед, зеро онҳо хеле ҳассосанд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз вазъият ҳамон гуна сурат мегирад, ки худатон мехостед. Пеш аз оғози ҳар кор нерӯ ва имкониятҳои худро ба назар гиред. Худхоҳиву якравӣ дар ҷодаи муҳаббат шуморо ба мақсад намерасонад. Шом ба меҳмонӣ даъват мешавед. Эҳтимоли шамол хӯрданатон вуҷуд дорад, эҳтиёт кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар умум рӯзи хуб аст, аз фиребу найранг дур мемонед. Қавсҳои ошиқ рӯзро бо шодмонӣ паси сар мекунанд. Нафароне, ки барои худ кори иловагӣ мекофтанд, имрӯз муваффақ мешаванд. Нисбати саломатии худу наздикон бодиққат бошед ва фикрҳои гуногунро аз сар дур созед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз бештар ғами наздикони худро хӯред. Ба муноқишаи калон роҳ надиҳед, вагарна вазъият душвортар мешавад. Дар масъалаҳои пулӣ кӯшиш накунед, ки яку якбора муваффақ шавед. Агар маблағи дар даст доштаатонро дуруст харҷ кунед, аз бепулӣ азоб намекашед. Эҳтимоли зуком шуданатон зиёд аст.

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи хеле бобарор аст. Шарму ҳаёро аз худ дур созед. Дар масъалаҳои марбут ба ишқу ошиқӣ дудилагӣ накунед. Нафароне, ки ба тиҷорат ё сиёсат сару кор доранд, бояд роҳи дурустро интихоб намоянд, зеро кӯчактарин иштибоҳ бар зарари эшон хоҳад буд. Нисбати дарди сару миён бепарвоӣ накунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ҷои коратон мушкилие сар мезанад, ки аз гирдоби он то охири моҳ раҳо шуда наметавонед. Агар корчаллонӣ ва маҳорати худро ба кор баред, бурд мекунед. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат вазъият ба хости дили шумо намешавад. Кӯшиши тағйир додани чизеро накунед, вагарна вазъият душвортар мешавад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД