Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Имрӯз дар ягон кор ба саросемагӣ роҳ надиҳед, оқилу дурандеш бошед, он гоҳ монеаҳоро бо осонӣ паси сар намуда, ба мақсадҳоятон мерасед. Дар масъалаҳои шахсӣ ва корӣ ба садои қалб гӯш андозед. Нимаи дувуми рӯз ғазаби худро нигоҳ доред, вагарна дар сари қаҳр шахси тамоман бегуноҳеро меранҷонед. Дар ҳаёти шахсӣ нофаҳмиҳо дар назар аст.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар имрӯз ҳолатҳое мешавад, ки ба хотири хоҳишҳои шахсӣ аз бисёр чизҳо гузашт мекунед. Дар кору тиҷорат пешравию навигариҳо дида мешавад. Чанд нақшаи деринатон маҳз дар ҳамин рӯз амалӣ мегардад. Шарикони дилпури корӣ меёбед, вале агар душворие сади роҳатон гардад, маслиҳатро рӯзи дигар пазонед. Дар ҷойи кор бо нафаре, ки аз шумо пайваста кӯмак мепурсад, дағалӣ накунед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Пухтакорӣ ва бодиққатӣ зоҳир намуда, шумо муъҷиза меофареду даромади хуб ҳам ба даст меоред. Пули хуб меёбам гуфта, худро аз ҳад зиёд хаста нагардонед. Баъди рӯзи серкорӣ бо корҳои хона ва меҳнати пурмашаққат машғул нашавед. Беҳтараш қабл аз хоб дар ҳавои кушод сайругашт намоед. Аз нафарони тасодуфӣ ва суҳбатҳои бефоида худро дур гиред.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Барои шумо давраи оромтарини сол фаро мерасад. Ташвишҳоеро, ки чанд рӯз боз шуморо азият медиҳанд, аз сар дур созед. Беҳуда ба касе ваъдаи хушку холӣ надиҳед, кореро ки аз уҳдааш намебароед, ба гардан нагиред. Шумо бояд тамоми фикру зикри худро ҷамъ карда, ба як мақсад равона карда тавонед. Бе ягон дудилагӣ гузаштаро фаромӯш кунеду зиндагиро бо дилу нияти нек оғоз намоед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Дар масъалаҳои пулӣ андаке иштиҳои худро пасттар намоед. Карахтӣ ва куҳнапарастии шумо сади роҳи дастовардҳоятон мегардад. Ҳангоми омӯхтани чизи нав ва муошират бо шахсони ношинос ба дил шубҳаро роҳ надиҳед. Пухтакор бошед, вақти пурқимати худро ба суҳбатҳои беҳуда сарф накунед, нақшаҳоятонро тарҳрезӣ кунед, он гоҳ аз натиҷааш шод мегардед. Аз ҳоли дӯстонатон, ки чанд муддат бехабар будед, пурсон шавед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Вақту қувваи худро холисона ба назар гиред, вагарна тамоми рӯз бо кор андармон мегардед. Аввали рӯз корҳои фавриву ногаҳонӣ пеш меоянд, ки аз шумо диққатнокиву таваҷҷуҳро талаб мекунанд. Нимаи дуюми рӯз барои бо касе муноқиша накардану ба сари худ бало нахаридан худро аз дағаливу асабоният нигоҳ доред. Мушкилиҳое, ки дар ин рӯз пеш меоянд, танҳо бо маслиҳати дӯстону наздикон рафъ карда метавонед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Комёбиву шуҳрати шумо боиси рашку бахилии бадхоҳонатон мегардад, вале аз ғайбати нокасон зиқ шуда, худро обу адо насозед. Дар рӯзи нав сафари роҳи дур дар назар аст. Касеву чизе набояд сади роҳи нақшаву ниятҳои шумо гардад. Мушкилоти дар ҷойи кор пайдошударо танҳо бо қувваи худ рафъ карда метавонед. Вақте расидааст, ки нафарони муҷаррад аз пайи бунёди бахти худ шаванд.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз шуморо вохӯриву шиносоиҳои аҷиб интизоранд. Муошират бо дӯстон шуморо аз фикру андешаҳои мағшуш дур месозад. Пешравӣ дар мансаб ва зиёд шудани маош имкон дорад. Кӯшиш намоед, кори имрӯзаро ба фардо нагузоред, вагарна ба гирдоби корҳои нотамом фурӯ меравед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Андаке тарзи гуфторатонро дар ҷамъият тағйир диҳед, доираи ҳамсуҳбатонатонро иваз намоед. Фаромӯш насозед, ки барои ҳамсуҳбати хуб будан серҷоғӣ кардан шарт нест, муҳим гӯяндаро шунида тавонистан аст. Бо фикру ақидаҳои нав сардорро гаранг накунед, айни замон роҳбарият мушкиливу ташвишҳои худро дорад, беҳтараш тамоми вазифаҳои бар дӯш доштаатонро дар вақташ иҷро намоед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Озодии наздиконатонро маҳдуд насозед, нисбати орзуву ниятҳояшон бетараф набошед. Хабареро, ки боиси ба даст овардани даромади пулӣ мегардад, аз мадди назар дур насозед. Хонумҳое, ки дар моҳи ҷаддӣ ба дунё омадаанд, ин ҳафта хостгор меёбанд. Марди арзандае талабгори шумо мегардад, агар дуруст рафтор намоед, охири ҳамин сол куртаи арӯсӣ ба бар мекунед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар дили шумо мунтазам нисбати ҳамкорон эҳсоси бадбиниву нафрат пайдо шудааст. Барои он ки дар сари қаҳр касеро наранҷонед, беҳтараш ба рухсатии меҳнатӣ баромада, асабҳоятонро ором кунонед. Агар чунин имкон надошта бошед, тамоми маслиҳату насиҳатҳои эшонро мадди назар кунеду бо шӯхӣ ҷавоб гардонед. Аз он ки коратон хеле зиёд аст, аҳли оиларо фаромӯш насозед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Имрӯз ба танбалӣ роҳ надиҳед, вагарна нияту нақшаҳоятон нотамом мемонанд. Сабру таҳаммул ва интизорӣ шуморо муваффақ мегардонад. Боодоб бошед, дар муносибат бо шарикони корӣ дағаливу муноқиша накунед. Рӯз сафарҳо хотирмону муфид анҷом меёбанд. Дар ин рӯз пулро зиёд сарф накунед. Агар имкон дошта бошед, пулро барои рӯзи мабодо захира намоед. Дар бораи нақшаву ниятҳоятон пешакӣ ба касе чизе нагӯед.