Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 12-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2024
1777

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз танҳо ба қуввату маҳорати худ умед баста метавонед. Агар дар баъзе ҳолатҳо гузашт карда тавонед, нофаҳмии бо наздиконатон сарзадаро бо хубӣ рафъ месозед. Дар ҷойи кор камбудиҳо имкон доранду дар ҷодаи муҳаббат ҷудоӣ. Муҳимаш дар ин рӯз руҳафтода нашавед.

Савр (21 апрел-22 май)

Нисбати хешовандон дасткушоду саховатманд бошед. Масъалаи пулгириятон тӯл мекашад, аз ин лиҳоз қарз гирифта метавонед. Ҳар чизеро, ки шахси наздикатон ба шумо қисса мекунад, махфӣ нигоҳ доред. Дар ҷодаи муҳаббат ба фитнаангезиву иғво дода нашавед, вагарна сахт пушаймон мешавед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз нисбати атрофиён, дар кӯчаву ҷойи кор ботаҳаммул бошед. Дар оилаи баъзе ҷавзоҳо тифли нав ба дунё меояд. Ба пул ниёз дошта бошед, қарз гирифтанатон лозим меояд. Сафари бегоҳирӯзӣ чандон бехатар нест, хусусан бо мошини шахсӣ.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз бояд ба сару либоси худ диққати бештар диҳед. Хусусан, агар ошиқ шуда бошеду бегоҳирӯзӣ вохӯрии ошиқонаро дар нақша дошта бошед. Сафари фаврии корӣ аз ҷиҳати пулӣ бобарор аст. Қарз гирифтанро тавсия намедиҳем.

Асад (23 июл-23 август)

Нафароне, ки дар ҷустуҷӯи ҷои кор ҳастанд, дар ин рӯз имкониятҳои хуб ба даст меоранд. Нафароне, ки бо ҷои кори хуб таъмин ҳастанд, имкони барои истироҳат ба хориҷа рафтанро аз даст надиҳед. Дар хӯрокхӯрӣ парҳезро риоя намоед, вагарна саломатиятон нохуб гашта, вазни зиёдатӣ мегиред.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ҳама корҳоятон муваффақ мегардед, нотарсона лоиҳаҳои навро оғоз намоед. Агар ба ақидаи наздиконатон гӯш андозед, муносибатҳоятон хуб мегардад. Ба ишқ аз нигоҳи аввал бовар накунед, фаромӯш насозед, ки чашми ошиқ кӯр мешавад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз дар бораи мушкилиҳои иқтисодии худ фикр накунед. Баъзе ҳодисаҳо асабатонро хароб мекунанд. Шахсе ки аз шумо қарздор буд, пулатонро бармегардонад. Ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем, дар роҳ нохуб шудани вазъи саломатиятон имконпазир аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Агар дар ин рӯз мушкилиҳои бо шарикони корӣ сарзадаро рафъ карда тавонед, дар тиҷорат муваффақ мегардед. Найрангбозӣ дар ҷойи кор оқибати нохуш дорад. Ҳангоми рондани мошин ва кор бо таҷҳизоти барқӣ бодиққат бошед. Хариди калон накунед, вале чизҳои даркориро харида метавонед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз бо корҳои хона ва тарбияи фарзандон машғул шуда метавонед. Агар ба наздикӣ барои худ ёри мувофиқ ёфта бошед, муносибатҳои гарму самимиро бо дасти худ вайрон насозед. Қавсҳои оиладор бегоҳирӯзиро дар ҳалқаи наздикон бояд гузаронанд. Имрӯз ба меҳмонӣ ё маъракае даъватӣ мешавед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Нофаҳмии дар ҷодаи муҳаббат сарзада сабаби ба таъхир афтидани корҳоятон мегардад. Барои он ки азоби руҳӣ накашед, барои худ машғулияти аҷиб пайдо намоед. Бар замми ин, даромади иловагӣ ёфтанатон лозим аст. Хабари аз дӯстатон расида табъатонро хира месозад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз худро хеле хушбахт эҳсос мекунед. Аз дӯстдоштаатон ҷавоби мусбӣ гирифта, саратон ба осмон мерасад. Бо вуҷуди пеш омадани мушкилоти пулӣ, каме дертар маблағ ба даст меоред. Аз ҷӯрабозиву истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз баъзе кору рафтори шумо ба шахси дӯстдоштаатон писанд намеояд, вале аз рӯирост гуфтани танқиду эрод худдорӣ мекунад. Агар аз натиҷаи кори табибон қаноатманд набошед, як бори дигар аз ташхис гузаред. Фориғболӣ нисбати саломатӣ ва кори аз андоза зиёд боиси асабхаробӣ ва бемориҳои дигар мегардад. Эхтимоли аз даст додани маблағи калони пулӣ дар назар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД