Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 11-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2024
1594

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз қурбонии бесаранҷомии худ мегардед. Ақидаву ниятҳоятон чунон зиёд мегарданд, ки тамоми қувваву маҳорати худро барои яку якбора амалӣ сохтанашон равона месозед, вале натиҷае ба даст оварда наметавонед. Беҳтараш аз пайи кори бароятон муҳимтар гардед.

Савр (21 апрел-22 май)

Аз шумораи зиёди корҳое, ки иштироки шуморо талаб мекунанд, бояд якеро интихоб намуда, аз пайи муҳимтараш шаведу дуюмдараҷаашро мадди назар намоед. Баъди нисфирӯзӣ вазъият ва хотиратон аз шунидани хабар ва таъсири нафарони бароятон писанд хуш мегардад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Ақидаҳое, ки имрӯз ба саратон меоянд, аҷоибу олиҷаноб менамоянд. Мутаассифона, вазъият ба зудӣ тағйир ёфта, тамоман фикру андешаатон тағйир меёбад. Агар истироҳат кардан хоҳед, беҳтараш ягон мавзеи салқину оромро интихоб намоед. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш мешунавед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ба пухтакориву зиракии худу атрофиёнатон умед набандед. Аз муноқишаву зиддиятҳо ва ҳатто муҳокимаи мавзӯҳои бемаънӣ худро канор гиред. Ба зиндагии касе кордор нашавед, ҳатто ба ҳаёти апаву бародари худ дахолат накунед. Дар ҷодаи муҳаббат ҷасуру дурандеш бошед, он гоҳ ба мақсад мерасед.

Асад (23 июл-23 август)

Рӯзи пур аз баҳсу мунозира мегардад. Аз ҳар гапу кор ранҷида, беҳуда худро таҳқиршуда ҳисоб накунед. Агар тамоми рӯзро бо ҷангу муноқиша гузаронидан нахоҳед, бо тамоми ҳастӣ аз мавзӯҳои баҳсбарангез дурӣ ҷӯед. Дар баъзе ҳолатҳо хомӯш истода бурд мекунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз хоҳиши ягонаатон истироҳат кардан аст. Хастагии дарозмуддат ба саломатиятон бе таъсир намемонад, бо вуҷуди зиёд будани кору ташвиши рӯзгор саломатиро барқарор кунед. Барои харид кардану ба бозор рафтан рӯзи бобарору мусоид аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз ба сайругашт ё кино, ба мағоза рафтан хуб аст. Орзуҳоятон амалӣ нашаванд ҳам, эҳсоси қаноатмандӣ меоранд. Мизонҳое, ки худро аз ҷашну маъракаҳо дур мегиранд, сахт пушаймон мешаванд. Имкониятро аз даст надода, дилхушӣ кунеду ба аёдати наздикон равед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Асабонияту руҳафтодагиро танҳо баъди холӣ кардани дили худ рафъ карда метавонед. Як чизро фаромӯш накунед, ки ҳар як рафтори дар ин рӯз содиркардаатон оқибати нохушро ба бор меорад, аз ин хотир, қабл аз коре кардан нағзакак андеша намоед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Чанд муддат аст, ки бо шахси бароятон азиз аз таҳти дил ҳамсуҳбат нашудаед ва байнатон нофаҳмиву хафагӣ пайдо шудааст. Барои ислоҳ намудани вазъият, имрӯз ба коре, ки боиси бадтар гаштани вазъият мегардад, даст назанед. Суҳбат сари як пиёла чой нофаҳмиҳоро рафъ намуда, меҳру муҳаббататон дучанд мегардад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ба ҳар коре, ки дар ин рӯз даст занед, муваффақ мегардед. Тамоми нақшаву ниятҳоятон ҷомаи амал мепӯшанд. Ҷасурона аз пайи корҳое шавед, ки то ба имрӯз аз паяш нашуда будед. Баъзеҳо аз дӯстдоштаашон хабари хуш мешунаванд.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз аз мушкилиҳои ногаҳоние, ки эҳтимоли дар ҳаётатон пайдо шуданро доранд, эҳтиёт шавед. Нимаи аввали рӯз нисбати атрофиён дағалӣ накунед, вагарна боиси ранҷиши наздикон мегардед. Ҳар як мушкилӣ роҳи ҳалли худро дорад ва баъзан гузашт кардан ба фоидаи шумо хоҳад буд.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз мисоли оҳанрабо дигаронро ба худ ҷалб месозед. Атрофиён бо мушкиливу хурсандиҳояшон ба шумо муроҷиат мекунанду кӯмак ва дастгириятонро мебинанд. Некиҳои шумо ҳатман бармегарданд ва бар ивазаш нафареро пайдо месозед, ки сахт дӯсташ медоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД