arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 10-УМИ МАЙИ СОЛИ 2024
2202

Ҳамал (21 апрел-22 май)

Рӯзи пурнишот аст. Агар дӯстдошта дошта бошед, бо изҳори муҳаббат ва таърифу тавсиф хотирашро шод гардонеду бар ивазаш чизе талаб накунед. Он меҳру муҳаббате, ки шумо ба одамон тақдим мекунед, ба шумо дубора бармегардад. Асабҳои худро эҳтиёт карда, дар вақташ истироҳат кунед. Ҳангоми бо нафаре шинос шудан эҳтиёт бошед, дар баробари муваффақият ба саратон нобарорӣ низ меояд.

Савр (21 апрел-22 май)

Агар волидони худро ранҷонида бошед, вақте расидааст, ки бахшиш пурсед. Имкони зиёд кардани даромади пулиро пайдо мекунед. Аксарияти саврҳо пуштибонҳои дилпур пайдо мекунанд. Нимаи дуюми рӯз эҳтимоли аз шахси дӯстдошта ҷудо шуданатон вуҷуд дорад. Ба мулоқоти ошиқона рафтанро тавсия намедиҳем.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Кӯшиш намоед, ки вақти бештари худро бо наздикону хешовандон гузаронида, аз навигариҳо бохабар бошед. Ақлу хотираатон мустаҳкамтар гашта, аксари донишу малакаеро, ки қаблан барои аз худ намуданаш душворӣ мекашидед, дар ин рӯзҳо бо осонӣ аз худ мекунед. Бо яке аз дӯстони деринаатон аз нав робитаро барқарор месозед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Тамоми фикру зикри худро барои рафъ кардани мушкилоти молиявӣ равона созед. Бо меҳнати зиёд аз уҳдаи корҳое мебароед, ки қаблан ҳафтаҳо зӯратон намерасид. Бо чунин амал баъзе нақшаҳои худро, ки барояш пул ҷамъ мекардед, ҷомаи амал мепӯшонед. Нимаи дуюми рӯз аз шиносоиҳои нав, фиреб ва дуздӣ ҳангоми сафар эҳтиёт шавед. Бо ҳамкорону наздикон дағалӣ накунед.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рӯз имкониятҳои зиёде барои пешравиҳои касбу коратон пайдо мешавад. Нафарони муҷаррад муҳаббати умрашонро пайдо намуда, нафарони оиладор ба ҳамдигарфаҳмӣ меоянд. Пулҳоятонро дар ҷои дилпур нигоҳ доред, зеро хавфи дуздӣ имкон дорад. Ҳодисаҳои ногувори дар ин рӯзҳо рухдода натиҷаи ғалатҳоятон аст.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Ҳар мушкиле, ки сари роҳатон пайдо мешавад, мунтазам рафъ кардан гиред. Дар муносибатҳои ошиқона барор ҳамсафари шумо мегардад. Муҳаббататон нисбати нафаре, ки ба наздикӣ шинос шудаед, зиёд гашта, дилатон лабрези фараҳу шодӣ мегардад. Саросема шуда, барои даҳ соли оянда нақша накашед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Агар шумо оиладор бошед, дӯстон дар масоили оиладорӣ маслиҳатҳои судманд медиҳанд. Хастагии равонӣ ба вазъи саломатиятон бетаъсир намемонад. Кӯшиши нафареро аз фикраш гардониданро накунед, вақтатон беҳуда сарф мешаваду асабатон хароб мегардад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Аз имрӯз сар карда, барор ҳамсафари шумо мегардад. Ҳафтаи хубест барои табобати бемориҳои музмин бо истифода аз таҷҳизотҳои навини тиббӣ. Аз ҷониби нафаре, ки нисбаташ эҳтиром доред, кӯмаку дастгирӣ эҳсос мекунед. Баъди нисфирӯзӣ миёни шахси дӯстдошта ва нафаре аз дӯстонатон нофаҳмӣ рух медиҳад, дар ин муноқиша беҳтараш ҷониби нафареро нагиред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ба дастгирии наздикону дӯстон умед баста, ба ҳадаф мерасед. Баъзеҳо кори хуб пайдо мекунанду тоифаи дигар бахти худро пайдо намуда, дигаре хонаву дарашонро таъмир мекунанд. Нимаи дуюми рӯз дар касбу коратон душворӣ сар зада, муносибататон бо баъзеҳо душвор мегардад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Хавфи фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад, бинобар ин, дар бозор бисёр гаштанро маслиҳат намедиҳед. Пули бо хуни ҷигар кор кардаи шумо метавонад ба осонӣ луқмаи дузд ё ҳанноте бигардад. Дар ҷодаи муҳаббат каме нофаҳмиҳо пеш меояд, ки гунаҳкори асосии сар заданашон худи шумоед. Гуноҳи худро ба гардан гирифта, сари вақт узр пурсед, вагарна хавфи ҷудо шуданатон вуҷуд дорад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Аз мушкилӣ ва бесару сомониҳои зиёд руҳафтода мегардед. Аз ҳад зиёд асабӣ нашавед, вагарна бемор шуданатон аз эҳтимол дур нест. Давлҳои оиладор бояд аз занбозию хиёнат худро дур бигиранд, хавфи сар задани моҷароҳои калони оилавӣ бо сабаби рашк вуҷуд дорад. Қарз додан ва қарз гирифтанро ба зодагони ин бурҷ маслиҳат намедиҳем, фиреб хӯрданатон имкон дорад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Серкориро баҳона карда, уҳдадориҳои худро дар оила бар дӯши дигарон бор накунед, вагарна дили ҳамсаратон хунук шуда, муносибатҳоятон сард мешаванд. Барои он ки камнамо шудани шуморо ба таври худ фаҳмида рашк накунад, ҳама мушкилиҳои кориатонро ба завҷаатон ошкоро бигӯед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД