Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар зиндагиятон ҳодисаи аҷибе рух медиҳад, ки оғози тағйиротҳои муҳим мегардад. Мутаассифона, вазъиятро таҳти назорат гирифтанатон душвор мегардад. Ба дӯсти дерин ё нафаре, ки сахт эътимод доред, умед баста метавонед. Барои нафароне, ки ошиқ ҳастанду изҳори муҳаббат кардан мехоҳанд, рӯзи бобарор аст. Эҳтимоли зуком шуданатон дар ин шабу рӯз зиёд аст.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз дар ҳоли ногувор афтида, кӯшишҳоятон барабас мераванд. Гап сари он аст, ки шумо бо кори бароятон номувофиқ машғул ҳастед. Ҳар қадар ин ҳақиқатро аз худ намуда, аз пайи кори дигаре шавед, ҳамон андоза бурд мекунед. Хеле муҳим аст, ки боварии шахси дӯстдоштаро аз даст надиҳед, аз ин рӯ, аз гуфтори духӯра ва дамдуздӣ худдорӣ намоед, хусусан дурӯғ муҳаббататонро нобуд месозад. Ба нафароне, ки саломатии худро эҳтиёт мекунанд, беморӣ таҳдид намекунад.
Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Шумо бояд иқрор шавед, ки аз уҳдаи корҳои зиде баромада наметавонед. Дар ин рӯз бо рақибони воломақом ва маккор рӯ ба рӯ мегардед. Дар ҳаёти шахсӣ барор ҳамсафари нафарони дар мучали ҷавзо таваллудёфта мегардад. Рӯзи хубест барои шиносоии нав, изҳори муҳаббат ва мулоқоти ошиқона. Хусусан бонувонро лаҳзаҳои хотирмон дар пеш аст. Саломатӣ имрӯз ташвиш намедиҳад, вале хастагиро эҳсос мекунед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз танҳо ба баъзеҳо имкон даст медиҳад, ки аз нобарориҳо эмин монанд. Эҳтимол аз боварии нафаре мебароед, ки ояндаи шумо вобастагӣ дорад. Дар муносибатҳои шахси осудагиву оромӣ дида мешавад, чизе боиси мушавваш гаштанатон намегардад. Имкони бо ғамхориву меҳрубонӣ фаро гирифтани шахси дӯстдоштаатон пайдо мешавад. Дар ивази меҳрубонӣ аз ёратон меҳрубонӣ мебинед. Ба саломатии наздикон диққат диҳед.
Асад ( 23 июл- 23 август)
На ҳама бо хислату хӯйи шумо созиш карда метавонанд ва шумо бояд ба ин чиз омода бошед. Дар ҷодаи касбу кор рақибонро мағлуб карданатон осон мегардад, вале агар шахси дӯстдоштаатон шуморо васф насозад, барои ислоҳ намудани вазъият корез аз дастатон намеояд. Ба шубҳаву гумони бемаънӣ ва рашки беасос роҳ надиҳед. Саломатиятон аз тарзи хӯрокхӯрӣ ва истироҳататон вобастагӣ дорад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Шуморо лозим меояд, ки аз баҳри як кор баромада, ба кори дигаре машғул шавед. Дар натиҷа ягон корро ба анҷом расонида натавониста, асабонӣ мешавед. Бе кӯмаки ёрдамчиёни дилпур азоб мекашед. Нафароне, ки ба табобат бо гиёҳҳо машғуланд, ба мутахассиси ботаҷриба муроҷиат карданашон беҳтар аст. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида мегардонад.
Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Самимияту меҳрубонии худро муваққатан аз чашми бегонаҳо пинҳон доштанатон лозим меояд. Дар ҳаёти шахсӣ сари вақт ташаббус нишон дода тавонистанатон хуб аст. Имкони ба даст овардани муҳаббати нафареро доред, ки кайҳо боз ба шумо писанд аст. Эҳтимоли изҳори муҳаббат, даъват ба мулоқоти ошиқона дар назар аст. Барои аз бемориҳои шамолкашӣ эмин мондан аз утоқҳои шамолдаро дурӣ ҷӯед.
Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Рӯзи душвор, пур аз зиддият аст. Табъатон гоҳ хушу гоҳи дигар нохуш мегардад. Баъзан болидаруҳ мегардеду баъзан табъатон хира ва руҳафтода. Нафаре, ки кӯшиши шод сохтани хотиратонро менамояд, ба қаҳру ғазаби шумо гирифтор мегардад. Нафароне, ки кӯшиши истироҳат ва рангорангиро мекунанд, ба мақсад намерасанд. Сайругашт ва машқи бадан боиси беҳтар гаштани саломатӣ мегардад.
Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Дар ин рӯз вазъият тавре сурат мегирад, ки бо нафари бароятон ногувор дар робита шуданатон лозим меояд. Танҳо нафароне, ки дорои сабру таҳаммул ҳастанд, оромиро риоя карда метавонанду халос. Эҳтимоли даромади пулӣ дар назар аст, вале хароҷотатон чунон зиёд мегардад, ки вазъи молиявиатон комилан бе тағйир мемонад. Бо шахси дӯстдоштаатон баҳсу мунозира имкон дорад. Нафароне, ки аз фишорбаландӣ азият мекашанд, дар ин рӯз аз ҳолатҳое, ки боиси асабоният мегардад, дурӣ ҷустанро тавсия медиҳем.
Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз ҷаддиҳои корчаллон имкони ба даст овардани кори даромаднокро пайдо месозанд. Барои ба даст овардани муваффақият бо амри дил амал намоед. Наздикон ба ҳаёти шахсии шумо аз ҳад зиёд кордор шуда, шуморо ба амалҳое водор месозанд, ки худдорӣ кардан мехоҳед. Афзалиятҳои худро ҳимоя намоед, вагарна аз шумо ҷонфидоии бештареро талаб мекунанд.
Далв (21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз ҳодисаҳои ногоҳониву гуворо рух медиҳанд. Вохӯрӣ бо нафаре, ки ҳанӯз ҳам дӯсташ медоред, шуморо ба ҳаяҷон меорад. Барои харид кардану ба мағозаву бозоргардӣ рӯзи бобарор аст. Либоси нав табъатонро хушу болида мегардонад. Саломатиро дар ҷои аввал гузоред. Ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Ба нафаре, ки дигаронро дар ҳузури шумо ғайбат мекунад, рӯйи хуш надиҳед.
Ҳут (21 феврал- 20-март)
Дар ин рӯз шубҳаву гумонҳои бадро ба дил роҳ надиҳед. Қувваву имкониятҳои худро ба назар гирифта амал намоед. Агар аз нафаре қарздор бошед, илоҷе карда қарзатонро баргардонед. Нуқтаи назари атрофиёнро аз мадди назар дур насозед. Нафароне, ки мошин меронанд, ба ҳолати техникии мошин диққат доданро маслиҳат медиҳем. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ аз хӯрокҳои равғанин ва ширинӣ худдорӣ намуданро тавсия медиҳем.