Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 1-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2022
2709

Ҳамал

Дар ин рӯз аз ғайбат ё муҳокима кардани нафаре худдорӣ намоед, вагарна ҳар гапе, ки мегӯед, бар зидди худатон бармегардад. Айни замон нерӯятон зиёд гашта, ба ҳама гуна душвориҳо тоб оварда метавонед. Танҳо дар амалҳои нек ба кӯмаки нафаре умед баста метавонед.

Савр

Дар ин рӯз робитаҳои пештараатонро, ки бо сабабҳои номаълуме канда шуда буданд, аз нав барқарор месозед ва бо шарофати дӯстони нав мушкили деринаи худро рафъ месозед. Уҳдадориҳои дигаронро ба дӯши худ нагиред, зеро бо ин амал фоидае ба даст намеоред. Ба саломатии худ диққат дода, бо варзиш машғул шавед.

 

Ҷавзо

Рӯзи душвор аст. Ҳама гуна фаъолияти тиҷоратӣ боиси аз даст додани маблағ мегардад. Таваккал кардану муносибати беандеша нисбати кор садди роҳи ба мақсад расиданатон мегардад. Сабру таҳаммулро пеша намуда, дар муносибатҳои ошиқона бурд мекунед.

Саратон

Бо вуҷуди он ки имрӯз нерӯи зиёд доштани худро эҳсос мекунед, аз ҳад зиёд ба хастагӣ роҳ надиҳед. Дар акси ҳол ба саломатиятон зарар мерасад. Аз даромади пулие, ки имрӯз ба даст меоред, шукрона карда, кӯшиши ба даст овардани чизеро, ки бароятон дастнорас аст, накунед.

Асад

Дар ин рӯз мулоқоти ошиқона ё вохӯриҳои дӯстона дар назар аст. Барои сайру саёҳат, хариду фурӯши хона ва хариди калон рӯзи бобарор аст. Нисбати шиносони нав бодиққат бошед. Агар айни замон бо нафаре шинос шавед, ин шахс дар ҳаётатон нақши муҳим мебозад.

Сунбула

Дар ин рӯз корҳоеро, ки ба шумо эҳсоси қаноатмандӣ намеоранд, ба таъхир гузоред. Ҳар хабари шунидаатонро нағзакак санҷида, дурустияшро муайян намоед. Агар мавқеи хешовандон, ҳамкорон ё шахси дӯстдоштаатон аз шумо фарқ мекарда бошад, руҳафтода нашавед. Аз пурхурӣ намоед.

Мизон

Барои саломатӣ рӯзи бебарор аст. Хусусан бонувон бояд хеле боэҳтиёт бошанд, вагарна нерӯи пасти ҷисмонӣ боиси як қатор бемориҳо гашта метавонад. Аз ҳама гуна асабоният ва корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Ба мушкилиҳои хурд диққат надиҳед, бо мурури замон ҳамааш мегузарад.

Ақраб

Дар ҷодаи касбу кор мувафақ мегардед. Нақшаву ниятҳоятон амалӣ мегарданд. Кӯшиш намоед, ки дар ин рӯз ба нафаре хизмат нарасонед, хусусан агар аз шумо инро хоҳиш накарда бошанд. Нисбати наздикони худ сабру таҳаммулро пеша намоед. Меҳрубонӣ нисбати атрофиён натиҷаи хуб ба бор меорад.

Қавс

Барои робита бо шарикони корӣ, барои илмомӯзӣ ва оғози кори нав рӯз номусоид аст. Дар ин рӯз аз ваъда додан, суҳбатҳои нодаркор ва кор бо ҳуҷҷатҳо худдорӣ намоед. Санҷишу имтиҳони тақдирро бо шахси наздик ё нафари дилпуратон паси сар карда метавонед. Ба саломатии худ ва саломатии наздикон бодиққат бошед.

Ҷаддӣ

Рӯзи хубест барои хариди калон, бастани ақди никоҳ ва кӯчидан ба хонаи нав. Корҳои худро дуруст ба нақша гирифта, аз нобарориҳо халосӣ меёбед. Аз кӯмаки нафаре истифода бурда, изҳори миннтадорӣ карданро фаромӯш насозед. Ба саломатии худ бодиққат бошед.

Далв

Бо сабаби зиёд шудани кор ва вазъи нохуби молиявӣ, ки вақту қувваи зиёдро сарф карданатон лозим меояд, аз ҳоли наздикони худ бехабар мемонед. Саломатии аксари далвҳо дар хатар қарор дорад. Давоми моҳ аз чораҳои пешгирикунандаи бемориҳо истифода бурда, эҳтимоли бемориҳои музминро кам намоед.

Ҳут

Рӯзи душвор аст. Кӯшиши аз зиндагии пурмоҷаро гурехтану кунҷи танҳоӣ ҷустанатон боиси ранҷидани наздикон мегардад. Баъди нисфирӯзӣ дар муносибатҳои ошиқона ё оилавӣ нофаҳмӣ сар мезанад. Аз чорабиниҳое, ки ба касбу коратон таъсири мусбӣ мерасонанд, дур намонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД