arzon replenishment
Тоҷикдухтар "бонуи самимӣ"-и ҷаҳон шуд
489

Нисо Рустамова, донишҷӯ духтари тоҷик дар озмуни "Марвоиди ҷаҳон-2023" ғолиб омад. Ин озмун даршаҳри Қазони Русия баргузор гашта, дар он аз 15 кишвари ҷаҳон 36 дархост фиристода шуда буд.

Даври ниҳоии Фестивал-озмуни зебоӣ ва истеъдоди донишҷӯён “Марводиҳои ҷаҳон-2023” миёни донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар донишгоҳҳои Тотористон таҳсилоти олӣ мегиранд, баргузор шуд.

Озмун аз 6 марҳила иборат буда, дар он духтарон либосҳои мардумӣ, асбобҳои мусиқӣ ва таомҳои миллии кишварҳои худро намоиш доданд. Бо қарори аъзои ҳакамон дар номинатсияи "Бонуи самимӣ” (Мисс чуткость) Нисо Рустамова аз Тоҷикистон ғолиби озмун эълон гардид.

Нисо Рустамова дар Консерваторияи давлатии Қазон, ба номи Насиба Ҷинагова, дар ришати асбобҳои зарбӣ таҳсил мекунад. Ӯ дар бораи кишвараш Тоҷикистон гуфтааст, ки мардуми тоҷик меҳмоннавозу меҳрубон буда, дили бузург доранд. Нисо дар идомаи нақлаш илова кардааст, ки ин мусобиқа ба вай имконият дод, ки рушд кунад ва дар худ хислатҳои нав ба навро кашф намояд.

Нисо Рустамова ҳамчун ғолиби озмун ба духтарон таманно дорад, ки ҳамеша дар кадом самте, ки набошад, устувор бошанд ва барои ба қуллаи умед расидан кӯшиш намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД