Arzon march 2024
Суруди тоҷикдухтар дар Русия баҳои баланд гирифт
256

Нилуфар Азизова, хонандаи синфи 10-уми Литсейи назди Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе иштирокчии 14-умин Фестивали байналмилалии “Белая трость” интихоб шуд.

Ин зебодухтари тоҷик дар миёни иштирокчиёни сарояндагони Русия ва 8 давлати СММ аз Душанбе интихоб шуда, суруди «When You Believe»ро месарояд.

Консерти калони “Белая трость” санаи 10 октябри соли ҷорӣ дар Маскав баргузор мешавад. Суруди интихобнамудаи Нилуфар аз ҷониби аъзои ҳакамони ин озмун ҳунарманди халқии Руссия Диана Гурская баҳои баланд гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта аз Тоҷикистон Алим Музофирови 9-сола бо Денис Майдонов дар ин фестивал дует сароида буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД