Сулаймон Сафаров яке аз беҳтарин сарояндагон ва ҳам ҳунарманди боистеъдоди тоҷик аст. Дар баробари ин, аз зумраи ҷавонони боистеъдоде мебошад, ки соли гузашта дар қатори топ-50 шахсони муваффақе, ки барои рушди ягон соҳа дар Тоҷикистон нақш доранд, сазовори ҷоиза гашт.
Ин марди ҳунар чанд рӯз қабл клиптаронаи нави хешро бо номи “Соқӣ” дар ютуб-канали худаш нашр кард. Дар клиптарона худи Сулаймон Сафаров, Парвиз Ашуров, Макс Қосимов, Лутфулло Давлатзода, Руқия Иброҳимова, Умедҷони Султонмурод, Сабина Шаймардонова ва Сорои Сакид нақшофарӣ кардаанд. Клиптарона аз рафти филми “Чойхонаи Бухоро” сабт шудааст.
Сулаймон Сафаров дар мавриди клип ва филми нави “Чойхонаи Бухоро” чунин гуфт: “Ин клиптарона Soundtrack аз филми “Чойхонаи Бухоро” аст. Айни ҳол мо ин филмро сабт карда истодаем. Ин филм аз 10 қисм иборат аст. Муаллифи филм Умеда Раҳимова, коргардони филм Шуҳрат Қурбонов аст. Филм аз ҷониби онлайн-кинотеатри Primer.tj омода шуда истодааст. Нақшҳои асосиро худи ман ва устод Лутфулло Давлатов, Парвиз Ашуров, Макс Қосимов, Умедҷони Султонзод, Нодира Мазитова ва Сабина Шаймардонова бозӣ мекунем. Мо кӯшиш карда истодаем, ки ин филмро дар сатҳи баланд ба навор гирем ва баъди пурра ба охир расидани филм пайи ҳам пешкаши тамошобинон гардонем. Боварӣ дорам ин филмро мардум хуб қабул мекунанд”.