Дар Тоҷикистон оилаҳое зиндагӣ мекунанд, ки бо истеъдоду маҳорати худ санъати мусиқии тоҷикро шуҳрати ҷаҳонӣ бахшидаанд. Ин оилаҳои ҳунарманд бо оҳангу мусиқиҳои ҷаззобу дилнишини тоҷикӣ солҳост, ки таваҷҷуҳи мухлисони савту навои на танҳо мардуми форсзабон, балки дигар халқу миллатҳоро ба худ ҷалб сохтаанд. Ин навбат мо тасмим гирифтем дар бораи оилаҳои санъаткори тоҷик, ки бо таронаҳои зебою дилнишин машҳури ҷаҳон гаштаанд, маълумот диҳем.
Маҳбуби халқ
Ҷӯрабек Муродов яке аз сарояндагони маъруфи тоҷик аст. Ӯ 24-уми декабри соли 1942 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Мавсуф тӯли фаъолияти ҳунарияш зиёда аз 2000 суруд сароидааст. Ин сарояндаи маъруф ҳамзамон, муаллифи силсиламақолаҳои илмӣ мебошад. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов сазовори чандин мукофоту орденҳои давлатӣ мебошад.
Ҷонибек Муродов сарояндаи мумтози тоҷик фарзанди ҳофизи шинохта Ҷӯрабек Муродов аст. Ҷонибек 29 майи соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ фаъолияти ҳунарияшро аз соли 1995 оғоз кардааст. Имрӯзҳо Ҷонибек дар шумори тобонтарин сарояндаҳои эстрадаи тоҷик қарор дорад. Ин оилаи санъаткор солҳост, ки бо эҷоди оҳангу таронаҳои марғубу дилнишин маҳбуби халқ гаштааст.
Марворидҳои санъати тоҷик
Кароматулло Қурбонов, Муҳаммадрафии Кароматулло ва Нозияи Кароматулло бешак марворидҳои санъати мусиқии тоҷиканд. Сурудаҳои ин оилаи санъаткор солҳост, ки аз дилу дидаи мардум ҷой гирифтааст. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Кароматулло Қурбонов 29 ноябри соли 1961 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Ӯ бо эҷоди таронаҳои дилнишину руҳнавоз аз дили халқ ҷой гирифтааст. Писараш Муҳаммадрафии Кароматулло 14 январи соли 1986 ва духтараш Нозияи Кароматулло 7 феврали соли 1988 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудаанд. Ин санъаткорони муваффақ "Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон" мебошанд.
Сарояндаи маҳбубу номзади илм
Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон Боймуҳаммад Ниёзов 27 сентябри 1927 ба дунё омадааст. Ӯ нозукиҳои санъату ҳунарро аз падараш Ниёзмуҳаммад Ҳоҷиматов омӯхтааст. Таронаҳои гушнавози Боймуҳаммад Ниёзов то ҳол вирди забони мардуми санъатдӯст мебошад. Тахмина Ниёзова набераи Боймуҳаммад Ниёзов мебошад. Ӯ 14 феврали соли 1989 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Тахмина забонҳои хориҷа низ суруд мехонад ба ин васила санъату ҳунари мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Тахмина Ниёзова номзади илмҳои филологӣ мебошад.
Примадона ва ду ситораи дурахшони санъат
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сурайё Қосимова байни мухлисони савту наво ҳамчун примадонаи тоҷик эътироф шудааст. Ӯ 21-уми апрели соли 1957 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Шабнами Сурайё 14 уми октябри соли 1981 ва Фарзонаи Хуршед 11 июли соли 1989 таваллуд Шабнаму Фарзона машҳуртарин овозхонҳои мусиқии попи тоҷик маҳсуб меёбанд.
Ситораҳои тобони санъат
Исматулло Холов ин ном миёни ҳаводорони савту наво кайҳост, ки маҳсубият дорад. Ин санъаткори номвари тоҷик 1 уми январи соли 1962 дар шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Суруш фарзанди Исматулло Холов 30-августи соли 1988 дар шаҳри Душанбе ва Нигора Холова 25-уми декабри соли 1989 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Ин санъаткорон бо эҷоди суруду таронаҳои дилнишин ба ҳар шунаванда лаззат мебахшанд. Оилаи Холовҳо ситораҳои дурахшони санъати тоҷик мебошанд.
Шарарбахшандаи дилҳо
Сарояндаи хушовози дигар равоншод Тоҷиддин Муҳиддинов мебошад. Ӯ 2-юми феврали соли 1949 дар деҳаи Мортеппаи Ҳисор таваллуд шудааст. Сурудҳои мондагори Тоҷиддин Муҳиддинов имрӯз низ миёни мухлисон маҳбубият дорад. Ду духтари ин сарояндаи маҳбуб Шабнами Тоҷиддин ва Парвонаи Тоҷиддин домони пешаи падар гирифта ба санъат рӯй овардаанд. Таронаҳои эҷодкардаи ин санъаткорони асил ба дилҳо шарар мебахшад.
Тараннумгари ватан
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Зафар Нозим 2 июни соли 1940 дар деҳаи Ҳоити водии Рашти Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ин сарояндаи маҳбубро шаҳсутуни кохи муҳташами санъати миллии мардуми тоҷик унвон кардаанд. Фарзанди ӯ Ҷовидон Нозим низ аз зумраи ҳофизони маъруф аст. Ҷовидон Нозим миёни халқ бештар бо суруду таронаҳои халқӣ ва ватандӯстонаву меҳанпарастонааш машҳур гардидааст.
Дурдонаҳои санъат
Ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим яке аз муваффақтарин ва маҳбубтарин сарояндаи халқи тоҷик аст. Ӯ 13 июни 1937 дар деҳаи Нимдараи Дашти Ҷуми ноҳияи Шӯрообод дар оилаи ҳунарманди шинохта Ҳошим Қосимов ба дунё омадааст. Писари Одина Ҳошим Раҳматулло Ҳошимов низ сарояндаигони маъруфи тоҷик мебошад, ки бо овози фораму оҳангҳои дилнавозаш аз дили халқ ҷой гирифтааст. Раҳматулло 13 августи соли 1960 дар ноҳияи Шӯрообод чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Ҳар як оилаи тоҷик дорои касбу ҳунар, маҳорату истеъдод ва илму дониш мебошад. Мо имрӯз якчанд оилаҳоеро номбар кардем ки дар рушди санъати мусиқии тоҷик саҳм гузоштаанду мегузоранд. Дар ин радиф Дамирбек Олимов, Ботурҷон олимов, Қобилҷон Зарипов, Комилҷон Зарипов, Гулбаҳор Шокирова, Ёсуман Шокирова, Сӯҳроб Шокиров ва даҳҳо дигарро ном бурдан мумкин аст. Дар Тоҷикистон боз оилаҳое ҳастанд, ки бо касбу ҳунар ва санъати волои худ нуфузи фарҳанги кишвари азизамонро машҳури ҷаҳон кардаанд.
Абдуғаффор ШОДИЕВ