Sebiston new 2024 october
Шикояти сокинон аз «алик-малик» дар Панҷакент
939


Тайи чанд рӯзи охир аз сокинони шаҳри Панҷакенти бостонӣ ба сомонаи Оила. тч шикоятҳои зиёде мерасанд.

Мардум аз он шиква мекунанд, ки дар назди яке аз бозорҳои калони шаҳри Панҷакент, ки бо номи “Латта бозор” машҳур мебошад, 5-6 нафар мардумфиребон бозии қимормонандеро бо номи «алик-малик» ташкил намудаанд ва ҳамарӯза бо макру ҳилла пули одамони содаву зудбоварро аз худ мекунанд.

Аз ҷумла дар як навори видеоӣ, ки онҳо равон кардаанд, ки дида мешавад, ки чи тавр занеро фиреб карда, 200 сомониашро мегиранд.

Ҳарчанд зан талаб мекунад, ки маблағи маро диҳед, яке аз онҳо “ман ғолиб омадам, намедиҳам” гӯён, якравӣ мекунад ва “аз пеши мардум як тараф биёед, гап мезанем. Дар пеши мардум ҳар гап нагӯяд” гӯён, занро аз издиҳом дуртар бурдан мехоҳад, то ки сирру асрори макру ҳилла ва фиребгариашон фош нашавад.

Ба хотири он ки шавҳараш ин наворро дида, дар зиндагии оилавиаш мушкиле эҷод нашавад, зан хоҳиш кард, ки наворро дар сомонаҳои иҷтимоӣ расонаӣ накунем.
Сокинон мегӯянд, мутаассифона касе пеши роҳи ин фиребгаронро, ки ҳамарӯза ба ғоратгар кардани мардум машғуланд, намегирад.
Умедворем, ки мақоми дахлдори шаҳри Панҷакент пеши роҳи чунин қаллобонро, ки сокинони маҳаллиро фиреб карда, бе заҳмат пули муфт ба даст меоранд, мегиранд.
М. Усмонзода

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД