Овозхони 38-солаи тоҷик Шабнами Сурайё чандест, ки бо суханҳои пурмазмуну аз пештара фарқкунандааш, дар сархати хабарҳои рӯзномаву маҷаллаҳо қарор дорад.
Ин бор низ овозхон бо нашри аксҳои нави худ дар саҳифаи Инстаграмаш андар боби қолаббардорӣ ва сохтакорӣ бо чанд ҷумла андешаи худро баён кардааст.
“Қолаббардорӣ ва сохтакорӣ расми ҳаёти аксарият гаштааст. Имрӯзҳо аз рӯйи навор ҳусни одамиро баҳо додан мӯд шудааст. Охир, бо табассуми самимӣ, оғӯши гарм, муҳаббати ҳақиқӣ, хонаи обод ва дили осуда бозӣ кардан худфиребист. Бо он чизе ки дорӣ, одӣ ва хоксор бош, зеро ин мушкил нест. Аз пайи тренд, бренд ва ҳаёти сунъиву шоҳонаи дигарон нусхабардорӣ накунед. Шояд бо он ҳама бешу кам ҳаёти ту лаззате дорад, ки бо миллион натавон харид. Шукри ҳама неъматҳо. Зинда буданамон худ давлати баланд аст”,-навиштааст овозхон ва дар идома афзудааст, ки ҳамаи мухлисонашро дӯст медорад.
Овозхон дар зери акси дигараш андешаи худро иброз доштааст, то ки мухлисонаш онро шиори худ кунанд:
“Ҳангомае ба рӯйи лабҳо, таронае дар гӯши дунё, лабханде ба рағми ғамҳо, пироҳани суре ба тани номуродиҳо ва шабнаме ба рӯйи гули орзуҳо бош. Ҳамеша худро дӯст дор, эҳтиром кун ва аввалин бош”.