arzon replenishment
Шаҳбачаи тоҷик дар Украина кушта шуд
28.04.2022
Оила
1644

 

Ҷангу хунрезӣ дар сарзамини Украина ба тақдири дигар қавму миллатҳои собиқ кишварҳои Шӯравӣ, аз ҷумла мо, тоҷикон ҳам бе таъсир намонда, дар рафти ин муҳорибаҳо аллакай чанд ҷавони тоҷик ҷони ширини худро аз даст доданд.

Яке аз чунин шаҳидон шаҳбачаи тоҷик Абубакр Низомов мебошад, ки ба ҷойи ҷомаи домодӣ, кафан насибаш гашта, ҷойи оғуши гарми ёри нозанинаш қалби хоки сардро маскан намудааст.
Абубакр Нозимов, зодаи ноҳияи Ашт буда, пас аз хатми омӯзишгоҳи касбӣ ва гирифтани шиносномаи русӣ, аз соли 2018 дар қушунҳои Русия хизмат мекард. Ду сол қабл Абубакр рутбаи “сержант”-ро ба даст оварда, дар қисми низомии шаҳри Самара ба таври шартномавӣ хизмат мекардааст, вале ин сарбози тоҷиктабор дар ҷанги Украина дар шаҳри Харков кушта мешавад.
“Абубакр Нозимов ҳамроҳи ду фармондеҳи гурӯҳи сарбозон дар сафи пеш будаанд ва аз зарби хумпора (минoмёт) ба ҳалокат расидаанд. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ аз қафои сараш захм бардоштааст”-мегӯяд “Бомдод” дар сахифаи фейсбукиаш.
Волидони Абубакри ҷавонмарг дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва барои дафни фарзандашон дар шаҳри Барнаул иҷозат додаанд.


Абубакр писари ягонаи хонавода буда, волидонаш тасмим доштаанд, ки ҳамин сол ӯро оиладор намоянд, аммо умр ба ин ҷавони хушқаду қомат вафо накарда, аз типи тӯп ба ҳалокат расид.
Ҷоят ҷаннати ҷовидон бод, шаҳбачаи ормонӣ!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД