Дар доираи сафари кишвардори Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Душанбе имрӯз дар бинои Китобхонаи миллӣ Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон доир мегардад.
Ба иттилои масъулони баргузории ин ҳамоиши иқтисодӣ ҳадаф аз суҳбати тоҷирони ду кишвар пайдо намудани имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, нақлиёт ва рушди содирот мебошад.
Дар Форуми мазкур беш аз 150 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, хӯрокворӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо иштирок менамоянд.
Гуфта мешавад, дар доираи кори Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ карда мешавад. Дар доираи чорабинии мазкур байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.