Тибқи ҳисобҳои пешакӣ имсол Иди саиди Қурбон эҳтимол аст, ки рӯзи 28-уми июн баргузор шавад. Дар ин бора ду манбаъ аз Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои уламои кишвар ба сомонаи “Оила” хабар доданд.
Гуфта шуд, ки тибқи ҳисоботи пешакии тақвимӣ саннаи баргузории Иди саиди Қурбон ба 28-уми июн, рӯзи чоршанбе, рост меояд.
“Вале ин санна дақиқ набуда, 10 рӯз пеш аз ид рӯзи дақиқи он аниқ мешавад”, - гуфт як манбаъ аз Шурои уламои кишвар.
Иди Саиди Қурбон, яке аз ду иди бузурги мусулмонӣ буда, 2 моҳу 10 рӯз баъд аз Иди шарифи Рамазон таҷлил мешавад.