МАЪЛУМОТНОМА Ному насаб: Нигматов Диловар Ашӯрович Соли таваллуд: 13 январи 1985 Ҷойи таваллуд: шаҳри Душанбе Пеша: ҳунарманд |
Диловар соли 1985 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Оилаи онҳо аз сабаби фақру нодорӣ дар хобгоҳ зиндагӣ мекарданд. Бинобар сабаби надоштани шароити зиндагӣ натавонист сари вақт шомили мактаби миёна шавад. Баъдтар бо дастгирии устодаш Бердӣ Мингбоев ба мактаб дохил шуд ва соли 2003 МТМУ №51 ноҳияи Рӯдакиро хатм кард.
Ҳамин тавр, ба Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Ҷ. Бўйдоқов дохил шуда, соли 2019 онро хатм кард. Диловар ҳоло дар курси 3 – юми ДДФСТ ба номи М. Турсунзода таҳсил дорад.
Диловар дар зиёда аз 27 филм нақшофарӣ кардааст. Ҳамзамон, бо синамои Русия ҳам ҳамкорӣ дошта, дар 6 филми русӣ нақши хотирмон бозидааст. Айни ҳол, бо коргардон Оятулло Гуламов филми нави худ “Тарзан” *- ро сабт доранд, ки ба наздикӣ пешкаши ҳаводорони синамо мегардад. Ҳамаи инро, самараи дастгириву роҳнамоиҳои устодаш Бердӣ Мингбоев медона.
Ӯ оиладор буда, соҳиби 2 фарзанд аст: Самир ва Маърифат.
- Дуруд ба Диловари азиз! Хуш омадед ба сомонаи “Оила”! Нахуст пурсиданием, ки барои Шумо зиндагӣ чист ва чӣ маъно дорад?
- Зиндагӣ барои ман ба қадри муқаддасотҳои инсонӣ расидан аст.
- Тавре аз шарҳи ҳолатон огоҳем, дар ҳаёт азияти зиёд дидаед. Махсусан, дар вақти тифлӣ. Ба хотири пулу кор аз баҳри хонданатон хонавода гузаштан хостанд. Хуб, пул метавонад ивазкунандаи меҳр бошад?
- Ҳарчанд наметавонад, аммо ба хотири наздиктарин инсонҳо дар ҳаёт аз баҳри чизҳои бисёр мебояд гузашт. Даврони кӯдакии ман ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ алоқаи зич дорад. Хусусан, солхои 1995 то солҳои 1999 барои ман солҳои бисёр сангину вазнин буд. Аз ин ҷиҳат барои хондан шароити созгор вуҷуд надошт. Даромади оилавӣ ҳам хеле кам буд. Аз ҳамин сабаб ман маҷбур будам, ки кор кунаму пул ба даст орам. Аслан, хонаводаам ҳеҷ гоҳ ба хондан ё кор кардани ман зид набуданд. Аммо барои ба театр рафтан ва ба гуруҳи ҳунарии хурдсолон пайвастани ман, ки дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо номи "Театри саёри Рангинкамон" фаъолият дошт, мутлақо зид буданд ва исрор мекарданд, ки ман аз ин роҳи пешакардаам даст кашам. Ман аз ин норозигии хонаводаам зиёд нороҳат мешудам. Дидам, ки намешавад, аз оилаамон кандаму дар театр пурра худро маскун кардам. Хушбахтона, солҳои 2003 - 2004 падару модарам ва бародарон ба ин роҳи пешакардаам ба ман дасти хуш дароз карданд.
- Он чизе, ки худ дар хурдӣ бо чашми сар аз падаратон дидед, имрӯз дар фарзандонатон татбиқ мекунед?
- Не, чун ман ин таҷрибаро дар ҳаёт то ҷое омӯхтаам.
- Ҳамчун падар ба андешаи Шумо фарзанд бояд чӣ гуна бошад?
- Фарзанд бояд фарқи байни падар ва фарзанд буданро дарк кунад. Албатта, ин маъниро падарон ба фарзандон меомӯзанд.
- Боре ба фарзандонатон даст бардоштаед?
- Бале, аммо зуд пушаймон мешавам ва худро мазаммат мекунам. Ин хислатам ба худам низ писанд нест. Мо падарон бояд аз роҳи дурусти тарбия кор бигирем. Задан ин методи тарбия нест.
- Ишқро чӣ гуна таъриф медиҳед?
- Ишк ба зӯрӣ нест, ба зорист.
Ҳар, ки бе зорист, дар худбезорист.
Чеҳраи зард бояд, на бадраи зар,
Тариқат ҳамин аст, аз ин магзар!
- Ҳамсаратонро дӯст медоред?
- Фикр мекунам аз ин зиёд гуфта наметавонам.
- Боре барояш арзи ишқ кардаед?
- Бале. Бе занҳо мо нисфем. Онҳо моро пурра месозанд.
- Ба кадом корҳои занатон кӯмакрасонед?
- Ҳар коре, ки бинам ӯ ниёз ба ман дорад, ба кӯмакаш мешитобам.
- Чун Шумо ҳунармандед. Мегуфтед, ки ҳунарнамоӣ дар саҳна аз хона чӣ тафовут дорад?
- Тафовут зиёд аст. Ин як мавзӯи алоҳида аст.
- Ба мавҷудияти рашк дар оиладорӣ чӣ гуна муносибат доред?
- Ба ман бисёр вақт рашк писанд меояд.
- Худатон бевосита рашк мекунед?
- Оҳҳо, бе рашк зиндагӣ мешудааст? Марду зан ҳама вақт дар имтиҳони якдигаранд.
- Ташаккур барои суҳбати ҷолиб!
- Саломат бошед!
P. S: Филми ҳуҷҷатиро доир ба зиндагии ин ҳунарманди ҷавон дар ютюбканали “Oila.tj” бо номи “Зиндонӣ ё ин ки бомж мешудам” тамошо кунед.