Arzon march 2024
Раҷ Аҳмад чӣ тавр дар 16-солагӣ машҳур шуд
27.07.2024
ОИЛА.ТҶ
1722

Баробари ба забон овардани ному насаби Раҷ Аҳмад, беихтиёр пешорӯямон як ҷавони муваффақу кордон, соҳибдилу овозадор, меҳнативу серталош, самимию заминӣ намудор мегардад.

Раҷ Аҳмад дар самтҳои гуногун худро санҷида муваффақ гардидааст. Собиқ ровии машҳури телевизион, гардонандаи базму маҳфилҳо, муаллифи таронаҳои дилнишину “хит”, продюсери мусиқӣ, барпокунандаи маҳфилҳои хурду бузурги фарҳангӣ-фароғатӣ, муаллифи лоиҳаи маъруфи “Ситорарези дай”... дар умум, собиқаи кориву эҷодии 17-сола дорад. 7 сол инҷониб, расман продюсери Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситораи Кароматулло мебошад.

Ҳоло дар Инстаграм Раҷ Аҳмадро зиёда аз 71 ҳазор кас пайгирӣ мекунанд. Ӯ ва маҳсули эҷодаш дар ҳақиқат ба мардум шавқовар буда, доимо барои беҳтарсозии рӯҳу равони одамон мекӯшад. Ин ҷавон ба маънои томаш машҳуру маҳбуб аст.

Мо бо Раҷ Аҳмад суҳбати кӯтоҳ доштем ва муайян намудем, ки пеш аз машҳур шудан бо чӣ корҳо машғул буд. Маълум гашт, ки пайроҳаи тайнамудаи Раҷ хеле ҷолиб ва боиси ибрат аст. Дар меҳвари он меҳнат кардан, заҳмат кашидан, орзу доштан, ба мақсад расидан ва ғайра меистад.

Раҷ Аҳмад ба саволи “Пеш аз машҳур шудан чӣ гуна зиндагӣ доштед?” чунин посух дод: “Аз овони мактабӣ, ки он замон 16 сол доштам, бо даъвати аввалин роҳбари Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” муҳтарам Маҳмадсаид Пиров пас аз иштирок дар пахши мустақими барномаи “Эҷод” ба кор дар телевизион даъват шудам. Банда муаллиф, муҳаррир ва ровии барномаи субҳгоҳии “Нур”, “Сабоҳ” ва “Шоми шанбе” будам. Тӯли анқариб 8 соли фаъолият дар телевизион садҳо барномаро сабт ва таҳия намудаам. Ҳар ҳафта ду маротиба дар эфири телевизион рӯйи экран меомадам. Насли ҷавону навроҳро дар кори телевизион роҳнамоӣ ва дастгирӣ менамудам. Он замон саргаҳи шинохта шуданам миёни мардум буд. То кор дар телевизион толибилми пешқадаму шинохта дар Литсей-интернати президентӣ будам.

Зиндагиам аз аввал то имрӯз оддӣ аст, заррае тағйиротеро намебинаму эҳсос намекунам. Чун аз шинохти хеш то ин дам зиндагии хубро ба сар мебарам, шукрона мекунам”.

Фаромӯш намекунем, ки хизмати Раҷ Аҳмад дар олами мусиқии мо хеле зиёд аст. Ба ҷуз корҳои хубу бешумораш дар самти продюсерӣ, боз муаллифи ду албоми таронаҳои сарояндаи саршиноси кишвар Фарзонаи Хуршед буда, инчунин, аввалин таронаи тоҷикии сарояндаи машҳури Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озода Нурсаидоваро навиштааст. Ҳамзамон, ба ҳунармандони шӯҳратёри ватанӣ Зайнура Пулодова, Фаридуни Хуршед, Фарангиси Дунё ва дигарон таронаҳо иншо кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД