Таблиғи рекламаҳои бардурӯғ аз ҷониби шахсони манфиатхоҳ, ки бо истифода аз чеҳраҳои муваффақи кишвар ва шикркатҳои бузург дар шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ гашта буд, баҳсҳои зиёдро дар миёни корбарон ба бор овард.
Аксари чеҳраҳо, аз ҷумла Бахтовари Ҷамшед, Сабринаи Назрӣ ва дигарон вокуниш карда, мардумро огоҳ карданд, ки ба ин чиз бовар накунанд, вале боз ҳам иддае ин бозии пулиро пайгирӣ намуданд ва зарари калони моддӣ диданд.
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робата бо ин масъала дар сомонаи худ хабар додааст, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ рекламаҳои бардурӯғ ва фиреби қаллобон зиёд ба мушоҳида мерасанд ва баъзе шаҳрвандон ба онҳо бовар карда, бо интиқоли маблағҳои калони пулӣ зарари иқтисодӣ дида истодаанд. Аз ҷумла санаи 5- ноябри соли 2022 шаҳрванд Расгельдиев А.Р. бо истифода аз телефони мобилияш дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бо рекламаи бардуруғ аз номи ширкати ҶДММ “Газпром”-и Федератсияи Россия оиди ба даст овардани аз 10 то 20 фоиз фоида барои харидорӣ намудани саҳмия ва иштирок дар биржаи ҷаҳонӣ шинос шудааст.
Номбурда ба ин рекламаи бардурӯғи қаллобон бовар карда, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт тибқи шартҳои пешниҳод намудаи шахсони номаълум ба тариқи маҷозӣ, ба воситаи барномаи иҷтимоии “Телеграм”, аз моҳи ноябри соли 2022 то моҳи январи соли 2023 дар маҷмӯъ 868500 сомониро ба ҳамёни бонкии “Душанбе Сити” ба рақами +992771112524, ки ба номи шаҳрванди Украина Прокопенко Людмила ба қайд гирифта шудааст, интиқол додааст. Дар натиҷа, шаҳрванд Расгельдиев А.Р. ба доми қаллобон афтида, ба миқдори махсусан калон зарарӣ моддӣ дидааст.
Дар натиҷаи санҷиши прокурорӣ ва тибқи маълумоти бонкӣ маълум гардид, ки танҳо дар давраи зикршуда ба суратҳисоби бонкии мазкур зиёда аз 5,2 млн. сомони маблағҳои гузаронида шуда, дар гардиш қарор доштанд. Прокуратураи генералӣ вобаста ба ҳолати мазкур оиди содиршавии ҷинояти қаллобӣ ба миқдори махсусан калон 06 феврали соли 2023 бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва аз рӯи тобеият барои пешбурди тафтиши пешакӣ ба Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
Ҳамзамон, бо мақсади пешгирии қаллобӣ, дар асоси амри прокурорӣ истифодабарии симкорти болозикр, ки ба номи шаҳрванди Украина Прокопенко Л. ба қайд гирифта шуда, ба рақами он дар бонки “Душанбе Сити” ҳамён ва суратҳисоб кушода шудааст, фавран қатъ карда шуд. Мисоли дигар ин, ки 9 феврали соли 2023 ба телефони мобилии шаҳрванд Собиров Ф.С. шахси номаълум занг зада, худро ҳамчун намояндаи ширкати ҶДММ “Газпром”-и Федератсияи Россия Абрамов Виктор муаррифӣ намуда, таклиф намудааст, ки барои ба даст овардани даромади муфт дар барномаи махсуси ширкати номбурда ба номи “Trading Platform” дар Интернет маълумотҳои шахсияшро ба қайд гирифта, ҳамаи шартҳои пешниҳод намудаи барномаи мазкурро иҷро намояд.
Шаҳрванд Собиров Ф.С. ба ин ваъдаҳои бардурӯғ бовар карда, бо мақсади гирифтани фоидаи муфт худро дар барномаи болозикр ба қайд гирифта, тибқи шартҳои пешниҳодгардида маълумотҳои шиносномавӣ, почтаи электронӣ ва рақами телефонашро ба қайд гузошта, бо маслиҳати шахсони номаълум, ки гӯё корманди ширкати номбурда мебошанд, аз 16 то 30 марти соли 2023 ба суратҳисобҳои пешниҳод намудаи қаллобон дар бонки “Душанбе Сити” ҷамъ ба маблағи 89700 сомониро пардохт намудааст. Шахсони номаълум, ки бо роҳи қаллобӣ маълумотҳои шахсии Собиров Ф.С.-ро ба даст овардаанд, бе хабардории охирон ба номаш дар платформаи сармоягузории “Бинанс” дар Интернет аккаунт кушода, бо роҳи қаллобӣ маблағи пулии аз ӯ ба даст овардаро барои харидории криптавалютаҳо истифода бурда, ба номбурда ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидаанд. Аз натиҷаи санҷиш Прокуратураи генералӣ 6- майи соли 2023 оиди ҳолати содиршавии ҷинояти қаллобӣ ба миқдори махсусан калон бо моддаи 247 қисми 4 банди“б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва аз рӯи тобеият барои пешбурди тафтиши пешакӣ ба Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ ирсол намуд, ки алҳол тафтишот идома дорад.
Прокуратураи генералии кишвар бо мақсади пешгирии содиршавии ин гуна ҷиноятҳои қаллобӣ аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки ба чунин рекламаву барномаҳои бардурӯғи қаллобон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои интернетӣ бовар накарда, шарту талабҳои беасосу ғайриқонунии онҳоро оиди додани маълумотҳои шахсӣ, бақайдгирӣ дар ҳар гуна барномаҳои интернетӣ ва пардохти маблағҳои пулӣ иҷро накунанд ва эҳтиёткор бошанд, то ки ба доми чунин шахсони ҷиноятпеша наафтанд.