formula
Президенти Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии бокс тоҷик аст?
408

Президенти Ассосиатсияи умумиҷаҳонии бокс (IBA) Умар Кремлёв, ки ниҳоят маълум шуд тоҷик аст, тасмим гирифтааст, ки 20 километр роҳи дараи Алмосии шаҳри Ҳисорро аз гардиши  шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Турсунзода навсозӣ ва таҷдид намояд.

Умар Кремлёв бо хоҳиши падар тасмим гирифтааст дараи Алмосии шаҳри Ҳисорро, ки зодгоҳи падару бобоёнаш аст, обод намояд. Ӯ мехҳад дар ин ҷой навсозии 20 километр роҳи дараи Алмосӣ, бунёди марказҳои бузурги савдою хизматрасонӣ ва дигар инфрасохтор дар маркази Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳиро анҷом диҳад.

Президенти Ассосиатсияи умумиҷаҳонии бокс (IBA) Умар Кремлёв бо даъвати Раиси шаҳри Ҳисор инчунин бунёди Мактаби варзишӣ оид ба боксро дар минтақа ба уҳда гирифта, пешниҳод намуд, ки он ба номи падараш Назар Сафаров  гузошта шавад. Таклифи мазкур пазируфта шуд.

Умар Кремлёв яке аз асосгузорони Хазинаи умумиҷаҳонии боксёрон ба ҳисоб рафта, роҳбарии Хазина ва вазифаи Президенти Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии боксро бар дӯш дорад. Мавсуф шаҳрванди Русия буда, соли 1982 дар шаҳри Серпуховаи вилояти Москва таваллуд шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД