arzon replenishment
Падарам зани рус гирифту духтаронаш хизматгор шуданд
09.02.2022
Оила
2116

Нигора ҳастам, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва мехҳам зиндагии пур аз дарду доғамонро ба шумо нақл кунам, шояд падарам, ки дарп Русия аст, ин муроҷиати маро хонда, камтар ба худ меояд.
Мо дар оила се духтар ҳастем. Падарам Мирзошоҳин ном дорад ва чанд сол боз дар Русия аст. Сабаби аслии рафтанашро намедонам, вале баъзан хешу табор миш-миш мекунанд, ки гӯё гапи падарам бо падару бардаронаш гурехтаасту аз рӯйи ҳаимн тарки ватан намуда, дигар ба хона намеояд. Дар ин хусус аз бобоям чанд мартиба пурсида бошам ҳам, гапро ба дигар тараф бурда, ягон ҷавоби аниқ намедиҳад, ки чаро падарам тарки хонаву хонумон кардааст. Бечора модарам чанд сол боз шавҳардори бе шавҳар бошад ҳам, ибо сари хам мудом дар хизмати хусуру хушдоман аст. Мо, се хоҳар орзу доштем, ки дар мактабҳои олӣ таҳсили худро идома дода, соҳиби касбу ҳунар гардем, аммо бо сабаби камбағалию мӯҳтоҷӣ маҷбур шудем, ки баъди синфи 9 тарки мактаб намоем. Бобоям пир шудаасту дигар имкнияти кашидани бори зиндагиро надорад. Азбаски дар деҳа ягон ҷойи кор нест, мо ҳамроҳи модарамон хизматгори дари хонаи мардум шуда, бари як пора нон дар тӯю маъракаҳо ксаву табақ мешӯем, хонаву дари одамони сарватмандро тоза мекунем, ҳатто ба ҷойи баъзе мардҳои деҳаамон ба навбати пода ҳам меравем.
Чанд рӯз пеш аз ҷӯраи падарам аз Русия омада дар хонаи мо меҳмон шуд. Гумон дошем, ки падарам ба дасти ҷӯрааш пул равон кардааст, аммо хаёламон тамоман хом баромад. Падарам ба ҷӯрааш гуфтааст, ки рафта ба занам бигӯй, ки дигар ба умеди ман нашуда, таёқашр ба равшанӣ занад. Ман дар ин ҷ зану фарзанд дорам ва дигар ба Тоҷикистон рафтанӣ нестам...
Модарам ин гапро шунида, чанд рӯз гиря кард, ки наход бе гуноҳ шавҳараш ӯро партофта, дигар нияти зиндагӣ крадан надошта бошад. Бо вситаи сомонаи Оила ба падарам гуфтаниям:
-Падарҷон, мо ба пули шумо ниёз надорем. Шукри худо, як луқма нонамонро бо меҳнати ҳалоли худамон ёфта мехӯрем, вале “сағераҳои бе ота” гӯён таъна задани мардум безор шудаем. Ҳамин сол ҳам ба хона барнагардед, дар ду дунё шуморо намебахшем! Хаёл накунед, ки айёми ҷавониатонро дар мулки рус бо оимчаи зардакатон мегузаронеду баъде, ки Наташаатон пешатон кард, дар пирӣ мо шуморо болои ҳафт қабат кӯрпача хобонда, нигоҳубин мекунем. Падаре, ки дар лаҳзаҳои сахтӣ дар паҳлӯямон набошӣ, ба мо лозим нест. Фарзанд даркор бошад, ба хона баргардед!
Нигора, аз н. Ҷалолиддини Румӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД