arzon replenishment
Ғолибони гранти Президентӣ бо Диплом қадрдонӣ шуданд
347

 Дар шаҳри Душанбе 80 нафар занону духтарони шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз дастгирии навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бархӯрдор гардида, бо Дипломи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ғолиби озмуни гранти президентӣ дар соли 2023 сарфароз гардонида шуданд.

Кумита ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025» маросими дипломсупории ғолибони озмуни гранти президентиро дар ҳузури ҳайати комиссияи озмун бо иштироки сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ғолибони озмун баргузор намуд.

Инчунин, ба ҳайати комиссияи озмун барои фаъолияти пурсамар дар баррасии лоиҳаҳои воридгардида Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД