Қобилҷон Зарипов ва Эркин Одинаев - ду сарояндаи маҳбуби тоҷик дуэти навбати хешро бо номи "Ин духтарака бинед" пешкаши ҳаводорони савту наво гардонианд. Ин клиптарона дар ютуб-канали Эркин Одинаев ба мухлисони ду ҳунарманд пешкаш гашта, қариб 40 ҳазор нафар онро дидан намуданд.
Ин тарона ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта аз ҷониби Қобилҷон Зарипов суруда шуда, мухлисони зиёде дошт.
Комилҷон Зарипов,писари устод Қобилҷон Зарипов гуфт, ки ҳоло сюрпризҳои зиёд аз ҷониби ӯ ва падараш мухлисонро интизор аст. Онҳо рӯи чанд клиптаронаҳо кор карда истодаанд, ҳамин ки омода шуд, ҳатман ба мухлисон пешкаш месозанд.
Ёдовар мешавем, ки клиптаронаи мазкур дар шаҳри Хуҷанд бо стили ретро сабт шудааст.