Arzon march 2024
Қобилҷон Зарипов: Дар рӯзи зодрӯзам дар хизмати халқам!
590

Имрӯз яке аз чеҳраҳои намоёни фарҳангу санъати тоҷик, ҳунарманди булбуловоз ва пуровоза Қобилҷон Зарипов ҷашни милод дорад.

Қобилҷон Зарипов аз зумраи он ҳунармандони асиле мебошад, ки дар зинда нигоҳ доштани санъати миллии тоҷик нақши барозанда доранд. Ин марди сар то по ҳунар соли 1966 дар яке аз зеботарин мавзеъҳои Тоҷикистон - ноҳияи Айнӣ дар байни кӯҳҳои осмонбӯс чашм ба олами ҳастӣ боз намуда, меҳри суруду мусиқӣ бо шири модар ва навои руди Зарафшон дар дилаш маъво гирифтааст.

Мо ба ҳунарманд занг задем, то ӯро бо ҷашни милодаш муборакбод бигӯем. Қобилҷон Зарипов аз табрикоти аҳли эҷоди сомонаи "Оila" хеле хурсанд шуда, бо шодмонӣ гуфт, ки айни замон ман дар ноҳияи Айнӣ аст ва имсол зодрӯзашро бо хешу табор ҷашн мегирад.

"Бегоҳ боз дар як маҳфил-тӯй дар хизмати халқи азизам ҳастам. Рисолати мо, ҳунармандон ҳамин аст, ки ҳамеша ба мардум шодию хурсандӣ ҳадя кунем, ҳатто дар рӯзи зодрӯзи худамон ҳам дар хизмати мухсилонамон ҳастем", - гуфт ӯ.

Овозхон ба суоли оне, ки аввалин шуда кӣ ӯро табрик кард, гуфт, марди хушбахт соҳиби духтар мешавад ва дар ҳақиқат, духтар доштан давлати калон будааст.

"Субҳ аввалин шуда, духтарам Кибриё, ки шавҳардор ва соҳиби хонаву дари ободи худ аст, занг зада, маро табрик кард. Хеле хурсанд шудам, ки ба ҳама ташвишҳои зиндагиаш нигоҳ накарда, сари субҳ духтарам Кибриёҷон маро бо ҷашни милод табрик намуд", - гуфт ӯ.

Аз идора: Мо бори дигар аз номи кулли ҳаводорони санъати асил, ҳунарманди булбуловози тоҷик Қобилҷон Зариповро ба ҷашни милод муборакбод гуфта, барояшон сари ба мисли кӯҳҳои Айни баланд, дили ҳамеша ошиқи чун рӯди Зарафшон пуртуғён, тани сиҳату хотири шод ва парвозҳои баланди эҷодиро таманно дорем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД