Formula novemver 2024
НУРИЯ ДАР ҲАҚИҚАТ ҲАМСАРИ ЙИГИТ КОЗАН АСТ?
4655

 

Даричаи ошноӣ:

Ному насаб: Амина Гулше.

Сол ва ҷойи таваллуд: 30.04.1993, шаҳри Гётеборги шоҳигарии Шветсия.

Касб: модел ва ҳунарпешаи синамо.

Ҷоиза: “Зебосанами Туркия-2014”.

Қад: 178 см.

Вазн: 54 кг.

Вазъи оилавӣ: оиладор ва соҳиби як фарзанд.

Шавҳараш: Масъуд Озил, футболбози дастаи “Арсенал”-и Англия.

Имрӯз дӯстдорони синамои турк дар Тоҷикистон филми туркии “Ҳаргиз раҳо намекунам”-ро тамошо доранд. Барои ҳар як бинанда ҳаёти пасипардагии қаҳрамонҳои филм ҷолиб аст. Бинобар ин, мо-аҳли эҷоди  “Оила” тасмим гирифтем, ки ин навбат ба шумо дар бораи Амина Гулше, ки дар филм нақши Нурия Козанро бозидааст, маълумот бидиҳем. Филм бо чӣ меанҷомад? Нурия дар ҳақиқат ҳамсари Йигит Козан аст? Мусоҳибаро бихонед ва ба суолҳои худ посух бигиред.

-Амина, саломи гарми худ ва кулли мухлисони тоҷикистониатонро ба шумо мерасонем!

-Салом, хеле шодам, ки филмҳои маро дар Тоҷикистон низ тамошо мекунанду мухлиси ман ҳастанд.

-Шумо дар Шветсия ба дунё омадаед, вале ҳоло дар Туркия кору зиндагӣ доред. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

-Модари ман дар Измир таваллуд шуда, аслан турк ҳастанд. Падарам зодаи шаҳри Киркуки Ироқ мебошанд. Вақте ки онҳо оиладор мешаванд, ба падарам дар хориҷа кор пешниҳод мекунанд ва он кас шартномаро имзо карда, модарамро мегиранду ба Шветсия мераванд. Ману додарам Шоҳин дар ҳамон ҷо ба дунё омадаем. 20- сола будам, ки ҳамроҳи модарам ба Туркия баргаштем ва падарам бо Шоҳин дар Шветсия монданд. Бо онҳо дар алоқа ҳастем ва аз ҳоли ҳамдигар хабар гирифта меистем.

-Духтари яккаву ягона ҳастам гуфта, эркагӣ мекардед?

-Рости гап, не. Бояд қайд кунам, ки ҳоҷат ба эркагӣ ва нозу карашма кардан ҳам набуд, чун ману додарам дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ намекашидем. Падару модарам барои мо тамоми шароитро муҳайё карда буданд.

-Амина, номатон ба худатон писанд аст?

-Албатта, ин ном аз бибиам аст, ки баъди маргаш ба ман гузоштаанд.

-Аз хурдӣ дар дил орзуи модел ва ҳунарпеша шуданро мепарваридед ё ин тасмимро баъди хатми мактаби миёна гирифтед?

-Дар фикру хаёлам ҳам набуд, ки замоне модел ё ҳунарпеша мешавам. Ман аз хурдӣ дар осмон парвоз карданро дӯст медоштам ва ҳамеша мехостам, ки стюардесса шавам, аммо дар насибам набудааст.

-Пас, кӣ ва ё чӣ сабаб шуд, ки ба ҳунару ҳунармандӣ рӯй овардед?

-Ба ин кор модарам сабаб шуданд. Боре он кас тариқи оинаи нилгун кастинги озмуни зебоиеро диданду маро маҷбуран барои иштирок ба кастинг бурданд. Ҳамин тавр, роҳи ман кушода шуд ва соли 2014 дар озмуни “Зебосанами Туркия” ғолиб омада, худи ҳамон сол Туркияро дар озмуни зебоии “Зебосанами ҷаҳон-2014” намояндагӣ кардам.

-Ба ҷодаи синамо чӣ гуна роҳ ёфтед?

-Баъди ҳамчун модел ном бароварданам, коргардонҳо аз паси ман шуданд ва пешниҳод мекарданд, ки дар филмҳояшон иштирок кунам. Давоми солҳои 2015-2016 дар нахустин филми худ “Ҳаргиз раҳо намекунам” иштирок кардам ва фикр мекунам, ки муваффақ низ шудам.

-Маҳз ҳамин филми шуморо мухлисони тоҷикистониатон имрӯз тамошо мекунанд ва шефтаву шайдои шумо гаштаанд. Бигӯед, ки нақш офаридан дар саҳнаи синамо бароятон мушкил набуд, чун моделӣ аз нақшофарӣ фарқ мекунад?!

-Моделӣ аз нақшофарӣ фарқ кунад ҳам, ҳардуяш як роҳу як соҳа аст. Фикр мекунам, ки нақшофарӣ мушкилтар аст, аммо агар инсон касбашро сидқан дӯст дорад, мушкилиҳо ба назар наменамоянд.

-Гуфта метавонед, ки филми “Ҳаргиз раҳо намекунам” бо чӣ хотима меёбад? Шумо ба висоли Йигит мерасед ё Иҷлал ҳамсари ӯ мемонад?

-Беҳтараш худатон тамошо кунед. Агар ман пешакӣ бигӯям, тамошои филм бароятон ҷолиб намешавад.

-Ҳаёти оилавиатон чӣ гуна аст?

-Мисли ҳамаи инсонҳо зиндагии орому осуда дорем. Ба фарқ аз дигарон, ману шавҳарам зиёдтар банди кор ҳастем. Аз тӯямон як солу ду моҳ сипарӣ шуд ва духтарчаамон Эда зиндагии моро рангинтар кардааст.

-Ният надоред, ки ба Эда боз ягон хоҳарак ё додараки дигар ҳадя кунед?

-Мехоҳам соҳиби фарзанди бисёр бошам, аммо яку якбора не. Эда ҳоло 4-моҳа аст. Калонтар шавад, баъдан дар фикри додарча ё хоҳарчааш мешавем (механдад).

-Ҳар марди мусалмон ҳамин, ки пулдор шавад, зани дуюму сеюм мегирад. Наметарсед, ки шавҳари шумо ҳам ба болоятон зан мегирад?

-Шавҳарам ҳоҷиву намозхон бошад ҳам, тамоми ҳастияшро ба ман бахшидааст ва ҳеҷ гоҳ ба зани дигар наменигарад.

-Дар вақтҳои холигӣ ба чӣ корҳо машғул мешавед?

-Вақти холигӣ ҳам надорам, аммо ҳамин, ки каме бекор монам, дастгоҳи аксбардориамро гирифта, ба суратгирӣ мебароям. Китоб мехонам, ба варзиш машғул мешавам. Дар баробари ҳамаи ин, худро бо дигар моделҳо муқоиса мекунам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД