Formula novemver 2024
НОЗИЯИ КАРОМАТУЛЛО ДАР ҚАТОРИ 124 ШАХСИЯТИ ҶАҲОНӢ ҶОЙ ГИРИФТ
2341

 Санаи 13-уми июли соли равон дар Маркази фарҳангии ба номи Свами Вивеканандаи Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе озмуни “Ҳаёти ман-йогаи ман” ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур аз рӯйи шаш категория ҳанӯз 31-уми майи имсол аз ҷониби сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ эълон шуда буд.

Барои иштирок дар он 35141 дархост аз худи Ҳиндустон ва зиёда аз 2000 ҳазор дархост аз кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Тоҷикистон қабул шуда буд. Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ ва профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳабибулло Раҷабов ба шаш нафар ғолибон сертификат ҷиҳати иштирок дар озмунро супоридаанд. 6-умин Рӯзи байналмилалии йога имсол дар тамоми ҷаҳон бояд 21-уми июн ҷашн гирифта мешуд, аммо бинобар бемории коронавирус ба ин монеъ шуд. Ҳамчунин, дар идома ба овозхони шинохтаи кишвар Нозияи Кароматулло аз ҷониби Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ба хотири ҳунари волояш китоби нодире ҳадя карда шуд. Китоби мазкур ба хонанда 124 шахсиятҳои маъруфи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Нозияи Кароматуллоро муаррифӣ мекунад.

Нозия дар шабакаҳои иҷтимоии худ ба Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ кардааст. “Дар канори устоди арҷманди ману модарам. Аз Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Душанбе барои қадрдонӣ ва эҳтироми воло сипосгузорам. Дӯстӣ поянда бод”,-навиштааст, овозхон.

Ёдовар мешавем, ки Нозия узви дастаи “Қаҳрамонони мо: НЕСТ БОД СИЛ”-и Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” мебошад ва вазифадор аст, ки барои пешгирии ин беморӣ саҳм гузорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД